Муваффақият дар зиндагӣ – II

94

 

Калидҳои муваффақият дар зиндагӣ

Бахши дуюм

1 – Таъйини аҳдоф

***

2 – Таслими мавонеъ ва мушкилот нашавед

Дар зиндагӣ мавонеи зиёде бар сари роҳатон қарор мегирад то шуморо аз расидан ба он чӣ ки мехоҳед, боздорад. Аммо ин мушкилест, ки ҳамаи инсонҳоро бо шаклҳои гуногун даргири худ мекунад. Дар воқеъ, ҳеч кас бидуни рӯбарӯ шудан бо сахтиҳо, масири муваффақиятро тай накардааст. Тафовути афроди муваффақ бо ғайримуваффақ, дар чигунагии бархурд бо мавонеъ ва ҳаргиз таслим нашудан аст.

***

3 – Барои хостаҳои худ замонбандии мушаххасе таъин кунед

Агар барои аҳдофи худ, замони хос ва маҳдудеро дар назар бигиред, ба гунае рафтор хоҳед кард, ки гӯё то абад барои расидан ба онҳо вақт доред. Надоштани барномаи замонии дақиқ, боиси ба таъхир афтодани корҳо мешавад. Мусалламан афроде, ки доиман корҳои худро ба рӯзи дигаре вогузор мекунанд, дар зиндагии худ ба аҳдофи муҳим даст нахоҳанд ёфт.

***

4 – Барномарезиро фаромӯш накунед

Бидуни барномарезии дуруст наметавонед ба муваффақият дар зиндагӣ бирасед. Дар ҳақиқат, шумо хостаҳои худро ба таври ҷузъӣ ва дақиқ таъриф мекунед то бар асоси он, як барномаи амалии мушаххас ва комил таъйин намоед. То замоне ки барномаи амалӣ надошта бошед ва надонед, ки барои расидан ба ҳадафи худ чӣ корҳое бояд анҷом диҳед, доиман дар ҳоли озмоиш хоҳед буд, ба ин тартиб, замони зиёде аз даст медиҳед.

Агар бо вуҷуди барномарезиҳоятон ҳамчунон дар расидан ба аҳдофи худ мушкил доред, аз як мушовири равоншинос ва як шахси ботаҷриба кӯмак бигиред. Дар мушовираи равоншиносӣ ин имкон ба шумо дода мешавад, то хатоҳои барномарезии худро шиносоӣ карда ва бо ислоҳи онҳо ба аҳдофи худ наздиктар шавед.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.