Вазоифи зан дар зиндагии муштарак

66

Вазифаи зан дар зиндагии муштарак чист?

Зан дар хонавода, нисбат ба шавҳар чӣ вазифаҳое дорад?

Барои ҳифзи як зиндагии занушавҳарӣ ҳам мард ва ҳам зан бояд бархе аз интизороти ҳамсарашонро бароварда кунанд.

Набуди огоҳӣ нисбат ба ин интизорот ва бетаваҷҷӯҳӣ дар анҷоми онҳо сабаби пеш омадани ихтилофоти зиёде хоҳад шуд ва ҳамчунин таҳдиде барои пойдории зиндагии муштарак низ ба шумор меравад.

Замоне ки зан ва мард ҳар ду ба вазифаашон амал кунанд, ваҳдати хонаводагӣ низ ҳифз мешавад ва метавонанд дарканори якдигар ба оромиш бирасанд.

Дар идома, ба шарҳи вазоифи зан дар зиндагии муштарак мепардозем.

* * *

Вазоифи зан дар зиндагии муштарак

Ҳар духтаре бо вуруд ба зиндагии муштарак, масъулиятҳои гуногуне ба ӯ вогузор мешавад.

Дар фарҳангҳои мухталиф, вазоифи занон низ мутафовит аст. Аммо гоҳе урфҳои ҳоким дар хонаводаҳо бо қавонини ҷомеа муғоират дорад. Бояд бидонед, ки вазифаи шумо ба унвони як зан, ба ду сурат дар зиндагии занушавҳарӣ таъриф мешавад:

1 – Вазоифи ҳуқуқӣ ва қонунӣ

2 – Вазоифе, ки илзоми ҳуқуқӣ надорад, аммо ба давоми зиндагӣ ва беҳтар шудани кӯмак мекунад ва ваҳдати хонаводагиро афзоиш медиҳад.

Дар идома ҳар як аз ин вазоифи занро дар зиндагии муштарак ба сурати ҷудогона барои шумо тавзеҳ хоҳем дод.

* * *

Вазоифи ҳуқуқӣ ва қонунии зан дар зиндагии муштарак

1 – Тамкин нисбат ба шавҳар

Ба ин маъност, ки зан битавонад ниёзҳои ҷинсии мардро бароварда кунад. Дар сурате ки зан узри шаръӣ дошта бошад, ин вазифа аз ӯ салб мешавад.

2 – Табаият аз ҳамсар

Аз вазифаҳои зан дар зиндагии муштарак табаият кардан аст. Табаият аз шавҳар дармавриди маҳалли зиндагӣ ва маскан, ҳаққи кор кардан ва навъи касбу кор. Албатта бисёре аз мардон пеш аз издивоҷ, ин ҳуқуқро ба худи зан вогузор мекунанд.

3 – Табаият аз назари ҳамсар

Дар назар гирифтани назари шавҳар дар мавриди берун рафтан аз манзил ва вуруди дигарон ба манзил, дар ҳадди урф; магар барои анҷоми таклифи шаръӣ ва дингӣ мисли ҳаҷҷи воҷиб ва барои анҷоми табобат бошад ва ё мондан дар хона, зарари ҷонӣ, баданӣ ва шарофатӣ барои зан дошта бошад.

Идома дорад…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.