Чӣ гуна бар фақру тангдастӣ пирӯз шавем?

96

Чӣ гуна бар фақру тангдастӣ пирӯз шавем?

Расули Акрам(с) фармуданд: Дурӯғ рӯзиро кам мекунад.

Дар ривояти дигаре ворид шудааст: Ҳар кас ба ризқу рӯзии кам аз Худо розӣ бошад, Худованд аз амали ками ӯ розӣ хоҳад буд.

Ҳамчунин дар ривоят омадааст: Кори хайр ва садақа, фақрро мебарад, бар умр меафзояд ва ҳафтод марги бадро аз соҳиби худ дур мекунад.

Корҳое, ки фақру тангдастиро аз байн мебарад:

Дуо барои падару модар.

Тарки маъсияту гуноҳ.

Садақа додан.

Рӯшан кардани чароғ, пеш аз ғуруб.

Қуръон хондан.

Субҳи зуд дар паи касбу кор рафтан.

Кам гап задан.

Хилол кардан ва мисвок задан.

Хондани Ояталкурсӣ.

Миёнаравӣ дар иқтисод.

Хушрафторӣ бо ҳамсоя.

Силаи раҳм.

Хондани намози шаб.

Анҷом додани амр ба маъруф ва наҳй аз мункар.

Шукри неъмат.

Ҳузур дармасҷид пеш аз азон.

Ботаҳорат будан.

Хондани намоз дар аввали вақт.

Инфоқи мол.

Салавот фиристодан.

Таваккул бар Худованд намудан.

Ба таъхир  наандохтани шустани зарфҳои таом…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.