Рамзу рози муваффақият

74

Рамзу рози муваффақият дар зиндагӣ

Ҳамаи инсонҳо дар зиндагӣ дар талошанд, то дар корҳояшон ба муваффақиятҳо бирасанд. Вале танҳо баъзе аз афрод дар ин масир ба комёбӣ мерасанд. Саволи асосӣ ин аст, ки чаро ва чӣ гуна, ин афроди муваффақ дар корҳояшон пешрафт мекунанд ва аз чӣ усуле истифода мекунанд?

Дар идома ба чанд маврид аз усули муваффақият ишора хоҳем намуд, ки дар сурати риояти онҳо, ба муваффақияту пирӯзӣ наздиктар хоҳем шуд.

1 – Худро барои шикастҳои эҳтимолӣ омода кунед.

2 – Бо афроди муваффақ нишасту бархост дошта бошед ва аз усули муваффақияти онҳо огоҳ шавед.

3 – Аз таҷрибаи афроде, ки пеш аз шумо ин масирро тай кардаанд, истифода кунед.

4 – Дар мавриди масире, ки тай мекунед, иттилооти кофӣ касб намоед.

5 – Дар ибтидо бо қадамҳои кучак шурӯъ кунед то риски шикаст камтар шавад.

6 – Ба танҳоӣ вориди масири муваффақият нашавед ва аз кӯмаки атрофиён истифода кунед.

7 – Тасаввури аввалия ва бароварде аз рискҳои эҳтимолӣ дошта бошед ва мизони эҳтимолии зарарро муҳосиба кунед.

8 – Даст аз талоши беҳуда бардоред, ба худ замон диҳед ва муваффақиятҳои гузаштаро таҳлил кунед то ба нуқоти заъфи худ пай баред.

9 – Аз кӯмаки мушовирон дар заминаи усули муваффақият ва расидан ба он истифода кунед.

10 – Аҳдофи худро ёддошт кунед.

11 – Барномаи замонии дақиқ барои расидан ба аҳдоф дошта бошед.

12 –  Лавозими мавриди ниёзи масирро омода кунед.

13 – Ба ҷои худро сарзаниш намудан, бо худ меҳрубон бошед ва равишатонро иваз кунед.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.