Фарзанд ва шуғли оянда

46

Фарзанд ва шуғли оянда

Шуғл ва касбу кори ояндаи фарзандатонро аз рӯи рафтораш пешбинӣ кунед

1 – Оё бачаи шумо як кӯдаки иҷтимоӣ аст, ки дигаронро ба тағйири рафторашон ташвиқ мекунад?

Агар ин гуна аст, ин кӯдак бештар ба дигарон ва эҳсосоташон аҳамият медиҳад.

Онҳо машоғиле монанди мушовира, тадрис ва равоншиносиро интихоб мекунанд.

2 – Оё фарзанди шумо корҳояшро бо назм ва муҳофизакорона пеш мебарад? Вазифашинос ва пайгир аст?

Агар ин гуна аст, бидонед, ки ин афрод бештар моил ба машоғили идорӣ ҳастанд.

3 – Фарзандатон пурҳарф, зиёдаталаб, султаҷӯ, бурунгаро, моҷароҷӯ ва пурэнержӣ аст?

Ин афрод, бештар ба шуғлҳое монанди сиёсат ва иқтисод мепардозанд ва анҷоми нақши мудирият ва фармондеҳиро бештар меписанданд.

4 – Фарзандатон бидуни вақфа ва пайваста ҳарф мезанад?

Бачаи шумо тавоноии зиёд сӯҳбат карданро дорад ва достонҳо ва мавзӯоти гуногунро ба тарзи аҷибе ба ҳам рабт медиҳад, тез гап мезанад? Ӯ метавонад шуморо бо забони нармаш ба чизе розӣ кунад?

Ин гуна афрод ба шуғлҳое монанди ваколат (адвокат) ва рӯзноманигорӣ муваффақтаранд.

5 – Фарзандатон наметавонад ором бигирад? Мехоҳад ҳама корҳоро бо аҷала ва саросемагӣ анҷом диҳад? Аз фаъолиятҳои ҳаракатӣ хушаш меояд?

Ин гуна бачаҳо, дар оянда, шуғлҳое мисли варзиши ҳирфаӣ, футболист, мураббии варзиш, ё касбу корҳои пуртаҳаррук истеъдод доранд.

6 – Фарзандатон ҳамеша дар олами рӯъёст ва дар дунёи худаш сайругашт мекунад? Ин гуна бачаҳо бештар аз нақш бозӣ кардан лаззат мебаранд ва вақти озодашонро ё лухтакбозӣ мекунанд, ё намоиш иҷро мекунанд. Зеҳнашон пур аз идеяҳои мухталиф аст.

Ин бачаҳо, дар оянда шуғли нависандагӣ, ҳунарпешагӣ, коргардони филм, тарроҳи либос (моделйер) ва тарроҳии дохилӣ ва декорасион муваффақтар хоҳанд буд.

7 – Оё фарзанди шумо ҳама чизро дасткорӣ мекунад, ба шиддат дӯст дорад, кашф кунад, ки ашёи гуногун чӣ гуна кор мекунад? Ошиқи бозӣ бо блокҳои хонасозӣ ҳастанд, вале фаъолиятҳои зеҳнӣ, иҷтимоӣ ва ҳунариро дӯст намедорад.

Ин бачаҳо, дар шуғли муҳандисӣ, меъморӣ ва меконикӣ истеъдод доранд.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.