Зиндагии хуш дар канори хонавода

226

Ҳар рӯз миқдоре аз нури хуршедро ба хона бибаред!

Падар ё модаре, ки берун аз хона машғули кор аст вақте ба хонаи худ бар мегарданд, бояд каме аз нури хуршедро бо худ ба хона биёваранд. Матраҳ кардани мушкилот ва сахтии зиндагӣ дар назди фарзандон бидун барномаи дақиқ сабаби интиқоли афсурдагӣ ба фарзандони шумо мешавад ва бачаҳоро нисбат ба шароти сахти худ ноумед накунед.

Бигузоред зиндагии бачагонаи худро сипарӣ кунанд. Шикоятҳои шумо аз вазияти сахти зиндагӣ онҳоро дармонда ва афсурда мекунад ва ба ҷойи чунин рафторе ба онҳо ҳунар ва зиндагӣ кардани ширинро биомӯзед.

Ҳамеша вазъият ва шароитро барои онҳо хубу оддӣ нишон диҳед, ҳолати бад ва нороҳаткунанда аз худ нишон додан сабаб мешавад, ки ҳамсар ва фарзандони шумо аз шумо рӯй гардонанд ва фирорӣ шаванд, чаро ки инсонҳо дӯст доранд дар гирду атрофи шахсони шод ва сарзинда бошанд. Бинобар ин афроде, ки дар зиндагӣ шикояти бештар доранд, барояшон малоловар ва азобдиҳанда аст. Баракс ба хонавода ва фарзандони худ умед ва нерӯ бидиҳед ва коре кунед, ки онҳо ба тавоноӣ ва муваффақ шуданашон дар зиндагӣ эътиқод пайдо кунанд ва қуввати қалб барои онҳо бошед ва бигузоред аз будан бо шумо эҳсоси лаззат кунанд. Инсонҳо тавре офарида шудаанд, ки худ ба тарафи касе мераванд, ки аз будан бо ӯ эҳсоси роҳатӣ кунанд пас таваҷҷӯҳ дошта бошед ва ба хонавода ва атрофиёни худ эҳсоси оромиш диҳед, то вақтҳои бештареро бо шумо бигузаронанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.