Се панди Луқмон ба писараш

163

Се панди Луқмон ба писараш

Рӯзе Луқмони Ҳаким ба писараш гуфт:

Имрӯз ба ту се панд медиҳам, ки комраво шавӣ:

Аввал ин ки саъй кун, дар зиндагӣ, беҳтарин таоми ҷаҳонро бихурӣ.

Дуввум ин ки дар беҳтарин бистари ҷаҳон бихобӣ.

Севвум ин ки дар беҳтарин кохҳо ва хонаҳои ҷаҳон зиндагӣ кунӣ!

Писари Луқмон гуфт: Эй падар, мо як хонаводаи бисёр фақире ҳастем, чӣ тавр ман метавонам ҳамаи ин корҳоро анҷом диҳам?

Луқмон посух дод: Агар каме дертар ва камтар таом бихӯрӣ, ҳар хуроке, ки мехурӣ таъми беҳтарин хуроки ҷаҳонро медиҳад.

Агар бештар кор кунӣ ва каме дертар бихобӣ, дар ҳар ҷо ки хобидаӣ, эҳсос мекунӣ, беҳтарин хобгоҳи ҷаҳон аст.

Агар бо мардум дӯстӣ кунӣ, дар қалби онҳо ҷой мегирӣ ва он вақт, беҳтарин хонаҳои ҷаҳон моли туст!

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.