Подоши хушҳол кардани духтарон

269
Подоши хушҳол кардани духтарон
Имом Ғаззолӣ дар китоби “Эҳё” ҳадиси зеринро аз Анас (р) ривоят кардааст:
Паёмбари Худо (с) фармояд:
“Ҳар ки чизе аз бозор бихарад ва ба хона биёварад, гӯӣ садақае ба онҳо оварда ва назди онҳо гузошта (яъне коре, ки мекунад, аҷру подоши он мисли аҷру подоши садақа додан аст.) Пас (ҳар гоҳ чунин кард), аввал ба духтарону бонувон бидиҳад, на писарону мардони хона; зеро ҳар ки духтарро хушҳол кунад ва ба дилаш суруру шодмонӣ дохил намояд, (чунон аҷру савоб дорад, ки) гӯё аз тарси Худо гиря кардааст. Ва ҳар ки аз тарси Худо гиря кунад, Худованд бадани ӯро бар оташи дӯзах ҳаром хоҳад гардонид.”
(Эҳёу улумид-дин, 2/53)
Хонаводаи намуна
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.