Беҳтарин ном барои духтарон

301

Сакунӣ яке аз асҳоби имом Боқир(а) мегӯяд:

Назди имом Боқир(а) рафтам, дар ҳоле ки ғамгин ва андӯҳгин будам. Имом ба ман фармуд: Эй Сакунӣ! Чаро андӯҳгинӣ? Гуфтам соҳиби духтаре шудаам. Имом фармуд: Эй Сакунӣ! Сангиниаш бар замин аст ва рӯзиаш бар Худо. Ӯмраш аз умри ту ҷудо ва рӯзие, ки мехӯрад ғайр аз рӯзии туст. Сакунӣ гӯяд: Ба Худо савганд! Ғаму андӯҳ аз ман дур шуд. Сипас Имом фармуд: Ӯро чӣ номидӣ? Арз кардам: Фотима. Ҳазрат се маротиба фармуд: Оҳ‑оҳ‑оҳ. Онгоҳ дасти худро бар пешонӣ ниҳод, сипас фармуд: Ҳоло ки ӯро Фотима номидӣ, ҳаргиз дашномаш мадеҳ, нафринаш макун ва ҳаргиз ӯро мазан”.

You might also like
1 Comment
  1. daler says

    номгузори барои духтархо

Leave A Reply

Your email address will not be published.