Дар корҳои хона кӯмак кун

245

Дуруст аст, ки корҳои хонадорӣ бар уҳдаи занҳо аст, ва дар ин бора ҳарфе надоранд, лeкин бояд таваҷҷуҳ дошт, ки идораи як манзил кори осоне нест.

Як бонуи хонадор агар чи шабона рӯз ҳам дар манзил кор кунад боз ҳам миқдоре аз корҳо ланг мемонад. Махсусан дар мавоқеъи ғайри оддӣ монанди меҳмондорӣ корҳо рӯи ҳам мутароким мегарданд ва кадбонӯи хонаро хаста месозанд. Зан дар анҷоми корҳои хона ҳарфе надорад лекин аз шавҳараш интизор дорад, ки гоҳ гоҳ ӯро кумак кунад ва дасте ба болаш бигирад.

Вақте мард вориди хона мешавад ва мебинад корҳо аз чапу рост ҳамсарашро иҳота нимудаанд, сазовор нест биравад ва дар гӯшае истироҳат кунад ва интизор дошта бошад сареъан чой ва ғизо ҳозир шавад. Балки мутақозии муҳаббат ва сафои хонаводагӣ ин аст, ки дар чунин мавоқеъ ба ёрӣ ҳамсараш бишитобад ва ҳар кореро ки аз уҳдааш сохта аст анҷом диҳад.

Зан ин амалро далели сафо ва муҳаббат мешумораду ба хона ва зиндагӣ алоқаманд мегардад.

Мардонагӣ ба ин нест ки вақте вориди хона шудӣ, даст ба сиёҳу сафед нагузоред ва фақат амру наҳй кунад. Хона ситоди фармондеҳӣ нест балки конуни сафоу муҳаббат ва маҳали ҳамкорӣ аст. Пеши худ нагӯ: агар дар манзил кор кунам аз убӯҳҳат ва ҷалолам кам мешавад ва мавқеиятам мутазалзил мегардад.

Ибтидо чунин нест балки дар назари ҳамсарат марде бо сафо ва дар назари дигарон дилсӯз ва меҳрубон муаррифӣ мешавад.

Пайғамбари Ислом(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) бо он азамат ва ҷалолаш дар манзил кор мекард.

Ойша(разияллоҳу анҳу) ҳамсари Пайғамбар(саллалоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) мегуяд: вақте хона хилват мешуд Расули Худо(саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) либосашро медухт ва кафшашро васла мекард ва монанди соири мардҳо дар манзил кор мекард.

Ва ҳамчунин Али ибни Абитолиб(алайҳиссалом) дар умури хонадорӣ ба ҳамсараш кумак мекард.

Бордорӣ ва зоимон

Даврони бордорӣ, даврони бисёр ҳассос ва сарнавиштсозе аст.

Вазъи тағзияи модар ва ҳолоти равонӣ ва ҳаракоти ҷисмонии ӯ, ҳам нисбат ба ояндаи худаш асар дорад ҳам барои кӯдак, ки дар раҳими ӯ парвариш меёбад таъсири фаровоне дорад. Саломатӣ ё беморӣ, нерумандӣ ё нотавонӣ, зиштӣ ё зебоӣ, хушахлоқӣ ё бадахлоқӣ, миқдори ҳуш ва фаҳми кудак, дар ҳамин замон ва дар раҳими модар поя гузорӣ мешавад. Яке аз донишмандон менависанд: волидайни тифл метавонанд ӯро дар кохе аз саломати мизоҷ нашъу намо диҳанд ё дар гӯшае дур аз мардум ва хароб ва намнок бипарваронад. Мусаллам аст, ки чунин маконе дар парвариши зистани рӯҳи ҷовидони башарӣ нест. Ба ҳамин ҷиҳат, падару модар бузӯргтарин масъулиятҳоро дар муқобили башарият ба уҳда доранд.

Бинобар ин даврони бордориро наметавон як замони оддӣ маҳсуб дошт ва нисбат ба он бетафовут буд. Балки бо шуруи ин даврон масъулияти бисёр сангине бар уҳдаи падар ва модар хоҳад афтод, ки агар андаке ғафлат кунанд бо мушкилоти саъбул илоҷе ё ғайри қобили ҷуброне мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Дар инҷо тазаккури чанд матлаб зарурат дорад.

  1. Барномаи ғазои кудаке, ки дар раҳими модар зиндагӣ мекунад аз хуни модар тағзия менамояд ва рушд мекунад. Бинобар ин ғизои модар бояд ончунон ғанӣ ва комил бошад, ки аз як тараф эҳтиёҷоти ғизоии худашро таъмин кунад ва битавонад саҳеҳ ва солим ба зиндагии хеш идома диҳад, ва аз тарафи дигар маводи ғизоӣ ва масолиҳеро ки барои парвариши ҷисму ҷони кудак зарурат дорад дар ихтиёраш қарор диҳад, то битавонад ба хубию тандурустӣ парвариш ёбад. Бинобар ин барномаи ғизоии як хонуми ҳомила ва обистан бояд комилан ҳисоб шуда ва дақиқ бошад, зеро фақат он ё камбуди баъзе маводӣ ғизоӣ, монанди анвои витаминҳо ва маводи маъданӣ ва олӣ ва прутуенҳо ва чарбиҳо ва маводи қандӣ ва нашоистаи ҳам нисбат ба саломатии модар латма ворид месозад, ҳам кудаке, ки аз хуни модар тағзия менамояд.

Имом Саҷҷод (алайҳиссалом) дар ҳадисе мефармояд: ғазои кӯдак дар раҳими модар, аз он чи модар мехурад ва меошомад таъмин мешавад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.