Равиши муҳаббат аз назари Қуръони карим

161

Худои Субҳон Паёмбари Гиромияшро, ки ба равиши муҳаббат ороста буд ва он ҳазрат ба василаи чунин равише дар тарбияти мардум тавфиқ ёфт, мефармояд:

…….فَبِما رَحْمَةٍ مِنَ اللَّهِ لِنْتَ لَهُمْ وَ لَوْ كُنْتَ فَظًّا غَليظَ الْقَلْبِ لاَنْفَضُّوا مِنْ حَوْلِكَ فَاعْفُ عَنْهُمْ وَ اسْتَغْفِرْ لَهُمْ

Ва ба сабаби раҳмате аз ҷониби Худо бо онон нармху шудӣ ва агар (бар фарз) тундхуи сахтдил будӣ, ҳатман аз атрофат пароканда мешуданд. Пас аз онон дар гузар ва барояшон омурзиш бихоҳ…”.[1]

Ва ҳамчунин ин ҷаҳон бар раҳмати Худо устувораст.

…وَ رَحْمَتي‏ وَسِعَتْ كُلَّ شَيْ‏ءٍ… “Ва раҳматам бар ҳама чиз густардааст”.[2]

Ва дар бораи худ ҳам Худованд ин чунин мефармояд:

…كَتَبَ عَلى‏ نَفْسِهِ الرَّحْمَةَ… “Бахшишро бар хештан муқаррар кардааст”.[3]

Муҳаббат дӯстиҳоро мустаҳкам ва кудуратҳоро аз байн мебарад ва пайвандҳои иҷтимоъиро таъмиқ карда, сабаби эътимод ва бовари мардум ба ҳамдигар мешавад. Мурабӣ бо муҳаббат кардан аввал дили тарбиятшавандаро ба даст меоварад ва баъд аз он ба осонӣ метавонд онро тарбият кунад.

Паёмбари Гиромии Ислом(с), ки Худованди Мутаол ӯро Паёмбари Раҳмат хитоб намудааст.

وَ ما أَرْسَلْناكَ إِلاَّ رَحْمَةً لِلْعالَمينَ “Ва туро ҷуз раҳмате барои ҷаҳониён нафиристодем”.[4]

Бо шеваи бархурди худ, мардумро ба дини Худо ҷазб ва дилҳоро ба суи худ ва ҳидоятҳои дини хеш мутаваҷҷеҳ кард ва қалбҳои сахтро, нарму мунъатиф месохт ва ба ин васила муваффақ шуд аз мардуми биёбонгард ва ваҳшии дур аз фарҳангу ахлоқ, инсонҳои мӯъмин, бо фазилат ва бо камол тарбият кунад.[5]

Дар сираи Паёмбарон(а) ва имомони маъсум(а) намунаҳои бисёре ба чашм мехурад, ки ҳикоят кунанда аз муҳаббатварзии онҳо бо атрофиён, дӯстон ва ҳатто душманон аст.

Осори манфии набуди муҳаббат ё зиёдаравӣ дар муҳаббат:

Набудани муҳаббат ба хусус дар синини омодагӣ заминаи изтиробу ташвиш ва инҳирофи кӯдакро фароҳам месозад.

Баччаҳое, ки камтар муҳаббати падару модарро эҳсос мекунанд ба ҳар кас паноҳ мебаранд, то шояд ин камбудро таъмин кунанад.

Асабонияят ва нороҳатиро бояд дар набудани муҳаббат ҷустуҷӯ кард, ки саранҷом уқдаи ҳақоратро дар вуҷуди ӯ падид меоварад.

Рози инҳироф ва бероҳа шудани бисёре аз духтарон ва лағзиши писарон дар ин масъала наҳуфтааст, масалан духтаре, ки саршор аз муҳаббати хонавода бошад, ҳаргиз худро дар муҳити ҷомеа таҳти таъсири муҳаббати сатҳӣ ва сохтагии ҷавонони айёш ва шаҳватпараст қарор намедиҳад ва аз ҳарими иффат ва покӣ берун намеравад ва қадам дар ҷодаи гуноҳ намегузорад.

Бояд ба ин нукта таваҷҷӯҳ дошт, ки меҳру муҳаббат ба ифроту зиёдаравӣ накашад, зеро зиёдаравӣ дар муҳаббат низ зиёнҳои ҷуброннопазире дорад, ки заъфи эҳсоси масъулият дар кӯдак, коҳиши рушди ақлӣ, таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон, худро дар ҳар чиз соҳиби ҳақ донистан ва… аз ҷумлаи онҳост.[6]

Изҳори муҳаббат:

Муҳаббатро бояд аз дил ба забон ва амал овард, то кӯдак онро бо тамоми вуҷудаш эҳсос кунад, мумкин аст падару модаре фарзанди худро дар дил дӯст дошта бошанд, аммо изҳор накунанд. Ин навъ муҳаббат, таъсири чандоне надорад, балки гоҳ таъсири манфӣ мегузорад ва кӯдак меҳр ва муҳаббати волидайнро эҳсос намекунад ва дар натиҷа худро танҳо меёбад ва фикр мекунад мавриди таваҷҷӯҳи волидайн нест. Бинобар ин, ақоиди таҳқиромезе нисбат ба худ пайдо мекунад. Аз ин рӯ падару модар бояд муҳаббати худро ба сурати гӯногун ошкор созанд.[7]

Инак назаре меафканем ба бархе аз ривоёти Аҳли байт(а) дар бораи меҳрварзӣ ба фарзандон:

Беҳтарин амал:

Имоми Содиқ(а) фармуд:

[قَالَ مُوسَى بْنُ عِمْرَان َ يَا رَبِّ أَيُّ الْأَعْمَالِ أَفْضَلُ عِنْدَكَ؟ فَقَالَ: حُبُّ الْأَطْفَالِ فَإِنَّ فِطْرَتَهُمْ عَلَى تَوْحِيدِي فَإِنْ أُمِتْهُمْ أُدْخِلْهُمْ بِرَحْمَتِي جَنَّتِي]

“Мӯсо ибни Имрон(а) арз кард: Парвардигоро! Кадом амал назди ту бартар аст? Фармуд: Дӯст доштани кӯдакон, зеро фитрати ононро бар тавҳид ва ягонагии худ офаридам ва агар ононро бимиронам бо раҳматам дохили биҳиштам мегардонам”.[8]

Раҳмати Худованд дар муҳаббат ба фарзанд:

Имоми Содиқ(а) фармуд:

[إِنَّ اللهَ عَزَّوَجَلَّ يَرْحَمُ الرَّجُلَ لِشِدَّةِ حُبِّهِ لِوَلَدِهِ] “Худованд мардро ба хотири шиддати муҳаббат ва дӯстии фарзандаш, мавриди лутф ва раҳмати хеш қарор медиҳад”.[9]

Изҳори муҳаббати имоми Содиқ(а) ба фарзанди худ:

Муҳаммад ибни Масъадати Басрӣ гӯяд:

[ كَانَ لِجَعْفَرِ بْنِ مُحُمَّدٍ اِبنٌ يُحِبُّهُ حُبًّا شَدِيْدًا. فَقِيْلَ: ما بَلَغَ مِنْ حُبِّكَ لَهُ؟ قالَ: ما اَحَبُّ انّ لى ابنا آخر، فينشر له فى حبّى]

“Имоми Содиқ(а) писаре дошт, ки ӯро бисёр дӯст медошт, ба он ҳазрат арз шуд: Муҳаббати шумо нисбат ба ӯ чӣ андоза аст? Фармуд: Меҳри ман ба ӯ чунон аст, ки дӯст надорам писари дигаре дошта бошам, ки муҳаббатам ба ӯ низ таъаллуқ пазирад”.[10]

                                                                                                                                                   Ҳалиҷон Саид

[1]. Сураи Оли Имрон, ояти 159.

[2]. Сураи Аъроф, ояти 156.

[3]. Сураи Анъом, ояти 12.

[4]. Сураи Анбиё, ояти 107.

[5]. Сайидмаҳдии Мусавии Кошмирӣ, Равишҳои тарбият, саҳ. 84.

[6]. Муҳаммадтақӣ фалсафӣ, Кӯдак, ҷ.1, саҳ. 256.

[7]. Иброҳими Аминӣ, Ислом ва таълиму тарбият, ҷ.2, саҳ. 197.

[8]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ. 114.

[9]. Савобулаъмол, саҳ. 201, Иддатуддоӣ, саҳ. 88.

[10]. Китобулаёл, ҷ.1, саҳ. 315.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.