Нақши садақа ва дуо дар тағйири сарнавишт

107

Қононҳои офариниш истиснопазир нест. Агар тағйироте дар суннатҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад он тағйирҳо маълули тағйири шароит аст ва равшан аст, ки ҳар суннате дар шароити хос ҷорӣ аст ва бо тағйири шароит, суннати дигар ҷараён меёбад ва он суннат низ дар шароити хосси худ куллият дорад. Пас тағйири қонун ва суннат, ба ҳукми қонун ва суннат аст вале на ба ин маъне ки қонуне ба ҳукми қонунӣ насх мешавад, балки ба ин маъно ки шароити як қонун тағйир мекунад ва шароити нав бавуҷуд меояд ва дар шароити ҷадид қонуни ҷадид ҳукмфармо мешавад. Дар ҷаҳон, ҷуз қонун ва суннат ва номусҳои тағйирнопазир вуҷуд дорад.

   Агар мурдае батаври эъҷоз зинда мешавад, он худ ҳисоб ва қонуне дорад. Агар фарзанде ҳамчун писари Марям (а) бидуни падар таваллуд мешавад, бархилофи суннати илоҳӣ ва қонуни ҷаҳон нест. Башар, ҳама суннатҳо ва қонунҳои офаринишро намешиносад ва ҳаминки чизеро бар зидди қонун ва суннате ки худ, огоҳи дорад дарназар мегирад, мепиндорад мутлақан бар хилофи қонун ва суннат аст, истисно аст, нақзи қонуни иллият аст ва дар бисёре аз маворидҳам ончиро ки ба унвони қонун мешиносад қишри қонун аст на қонуни воқии. Таъсири дуо ва садақа дар дафъи балоҳо ва ғайра нақзи суннати илоҳӣ нест чароки на қонунҳои офариниш истиснопазир аст ва на корҳои хориқулода ва истисно дар қавонини офариниш аст.

   Дар ҳадис омадааст, ки аз Расули Акрам (с) савол шуд, ки бо вуҷуди инки ҳар ҳодисае, дар ҷаҳон рух медиҳад ба тақдири илоҳӣ ва қози ҳатмии ӯст, дуо ва даво чи асаре метавонад дошта бошад? Дар ҷавоб фармуданд: Дуо низ аз қазо ва қадар аст. Як баҳси хеле оли ҳаст баноми бидоъ, яъне тағйири сарнавишт. Масалан ҷараёни аслии олам ҳамин буда, ки кор багунае пеш меомада ки касе дар лаҳзаи муаян бияфтад вале агар ҳамин фард як ҷараёни дигаре бавуҷуд меовард масалан садақае медод мумкин буд ҳамин садақа пеши ин ғелиданро бигирад. Бояк дуо мумкин аст пеши як ҷараёнро бигирад. Ва баҳамин хотир мо дар боби дуо дорем, ки “ان الدعا یرد القضاء” дуо ҷулуи қазо ва қадарро мегирад. Албатта худи дуоҳам ба қазо ва қадар аст вале он як ҷараён аст ва ин ҷараёни дигар.

Бинобар ин он худаш як ҷараёне буда ки ба онҷо хатм мешуда вале мониеҳам нест, ки як ҷараёни дигаре биёяд пеши онро бигирад ҳамчунонки ин қазия маъруф аст ва дар ахбори мо омада аст ки Исои Масеҳ аз пеши хонае мегузашт, ки дар он хона туй буд, Масеҳ гӯят фардошаб ки шумо биёед инҷо мебинед, ки туй табдил ба азо шуда. Фардошаб омаданд диданд бозҳам туй аст, гӯфтанд чихел шуд?! Исо гӯфт ҳатман ҷараёни дигаре рухдодааст, амали хайре сарзадааст, бано ва муқаррар буд, ки ин арус бимирад. Баъд меоянд ва он хонаро ҷустуҷу мекунанд, мореро дар онҷо мебинанд дарҳоле ки барге дар даҳонаш аст ва баъд аз арус таҳқиқ ва бозпурси мекунанд, маълум мешавад, ки дар ҳамон шаб фақире меояд ва касе ба он фақир расидаги намекунад, арус мебинад касе ба ӯ таваҷҷӯҳ намекунад худаш мехезад ва аз ғазои худаш ба ӯ медиҳад. Вақтеки инро иқрор мекунад Масеҳ мегӯяд ҳаминкор пеши ин ҷараёнро гирифт.

                                                                                                                                                       Аббоси Ҳисорӣ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.