Фастфудхурҳо ғамгинтаранд!

84

Агар фарзанди навҷавонатон ин рӯзҳо ҳоли хубе надорад, беруҳия будан  ва доштани  рафторҳои эҳсосӣ далели нороҳатиаш нест, балки муҳаққиқон мегуянд хурдани беш аз ҳадди хурокиҳои камарзиш(тезтаёр) ва нушиданиҳои  газдор омили  аслии ин гуна  нороҳатиҳо ҳастанд.

Навҷавонон ин рӯзҳо ғизоҳои фарбеҳкунанда ва фастфуд(хот-дог,питса,гамбургер ва  ғизоҳои ба  инҳо монанд)ро нисбат ба  хурокиҳои солим афзал медонанд ва ба ҳамин далел ҳар рӯз ғамгинтар аз қабл мешаванд.

Гуфтанӣ аст навҷавононе,ки хурокиҳои камарзиш мехуранд бештар ноумеду парешон ҳастанд.Ин дар ҳолест бачаҳое, ки дар рӯз  панҷ бор мева ва кабудиҳо истеъмол мекунанд хушҳол ва сарзиндатаранд.

 Муҳаққиқон мегӯянд фарзандони имрӯзӣ ба далели инки  одат  ба хурдани хурокиҳои камарзише чун  чипсу  пуфак(кукуруз) ва нушиданиҳои пурэнергия доранд ,дар  бештари  солҳои зиндагиашон  афсурда  ҳастанд, аммо навҷавононе, ки режими ғизоии солимтаре доранд хушҳолу серҳаракаттаранд.

Натиҷаҳои мутолиот нишон медиҳанд камаш  ду навбат  аз ғизои аслии кудакон ва навҷавонон  бояд ғизоҳои солиме монанди нон, панир ва ба инҳо монанд бошад ва дар ғайри ин сурат дучори афсурдагӣ мешаванд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.