Ҳукми тарошидани муйи сар барои зан

99

Тарошидани муйи сар барои зан ҷоиз нест, балки баъзе аз уламо ин амалро ҳаром гуфтаанд. Хусусан агар мақсад аз тарошидани муй ташаббуҳ ба мардон ё занҳои фосиқ бошад пас ба иттифоқ ҳаром аст. Дар ҳадис омадааст, ки Паёмбар алайҳиссалом занро аз тарошидани муйи сараш наҳй кардаанд. Ривояти Тирмизӣ.

ҲУКМИ ГУЗОШТАНИ МУЙИ МАСНУЪӢ (ПАРИК) БАР САР ВА ВАСЛ КАРДАНИ ГЕСУВОНИ МАСНУЪӢ БО МУЙ

Дар “Мавсуъаи фиқҳӣ” омадааст:” Васл кардани муй, ё бо муйи инсон мебошад,  ё бо пашмӣ ҷаҳорпоён, ва ё ба  ғайр аз мую пашм.

Аввалан: Васл кардани муй бо муйи инсон:  Ҷумҳури фуқаҳо  ҳанафиҳо, моликоҳи, шофиъиҳо, ва ҳанбалӣҳо бар ин назаранд, ки васл кардани муй бо муйи одамӣ ҳаром аст, баробараст, ки он муй муйи зан бошад ё мард ва ё муйи шахси маҳрам бошад ё ғайри маҳрам. Далели ҳаром будани ин навъ васл аҳодисест, ки дар ин боб ворид шудааст. Яке аз он аҳодис ҳадиси  Паёмбар алайҳиссалом аст, ки мегуянд:” Худо лаънат кунад занеро, ки ба муяш чизе васл мекунад ва занеро, ки ба муйи дигарон муй васл мекунад.” Ин ҳадис дар ҳаром будани васл сариҳ аст. (Уламо ин ҳадисро ҳамл бар васли муйи инсон кардаанд. Аммо васл кардани ғайри муйи одами пас ҳукмаш дар поён меояд.) Ин чунин як иллати ҳаром будани васли муйи инсон ба муйи сар дар инаст, ки баҳрабардори кардан аз муй ва дигар аҷзои одамӣ ба хотири каромат ва эҳтиромаш ҳаром аст.

Сониян: васл кардани муй бо пашми чаҳор поён, мисли пашми гусфанд:

Фуқаҳо дар ин масъала ихтилофи назар доранд. Назди ҳанафиҳо ва ҳанбалиҳо бинобар ваҷҳе дар мазҳаб барои зан ҷоиз аст, ки муйи худро бо пашми чаҳорпён васл кунад. Аммо назди моликиҳо ва ҳанбалиҳо бинобар ваҷҳи дигар дар мазҳабашон барои зан васл кардани муй бо пашми чаҳорпоён ҳаром аст бинобар умуми аҳодиси ворид шуда дар ин боб. (Вале моликиҳо гуфтаанд, ки гузоштани муй (мисли парик) бар сар дар ҳукми васл дохил намешавад. Ба гуфтаи онҳо наҳй танҳо аз васл кардани муй бар муй ворид шудааст.) Назди шофиъиҳо васл кардани муй барои зани бе шавҳар бо пашми чаҳорпоён ҳаром аст. Аммо барои зани шавҳардор бинобар қавли асаҳҳ бо изни шавҳар ҷоиз аст, ва бе изни у ҳаром.

Солисан: васл кардани муй бо ғайри муйи инсон ва пашми чаҳорпоён.

Назди ҳанафиҳо ва ҳанбалиҳо бинобар қавле дар мазҳаб барои зан ҷоиз аст, ки муйи худро бо ғайри муюу пашм ба мисли лата, васл кунад . Ин қавл аз Ибни Аббос ва Умми Салама ва Оиша (р) марвӣ аст.. (Абудовуд аз Саъид Ибни Ҷубайр ривоят мекунад, ки қаромил (риштаҳое, ки аз ҳарир ё пашм ҳамчун гесу сохта мешавад) барои зан боке надорад. Абудовуд мегуяд: Гуё мазҳаби Саъид инаст, ки наҳй танҳо дар васл кардани муйи одамӣ  омадааст. Имом Аҳмад низ мегуфт: гесуҳои сохта боке надорад.)  Аммо назди моликиҳо васл кардани муй мамнуъ аст бо чизе, ки набошад. Аз ибороти шофиъая бар меояд, ки васл кардани ғайри муй барои зани бе шавҳар ноҷоиз аст. аммо барои зани шавҳардор бо изни шавҳар ҷоиз ва бе изни у ҳаром аст. “  Поёни ончи дар “Мавсуъаи фиқҳӣ омадааст, бо тасарруф .

ХУЛОСА: Аз гуфтаҳои боло инро хулоса кардан мумкин аст, ки агар муйҳои маснуъи (парик) ё гесуҳои маснуъи, сохта шуда аз муйи инсон ё муйи наҷас бошад пас ба иттифоқи уламо истифодаи он ҳаром аст. Аммо агар аз ғайри муйи инсон сохта шуда бошанд пас дар мазҳаби ҳанафиҳо ҷоиз аст. Инчунин дар мазҳаби шофиъиҳо барои зани шавҳардор бо изни шавҳар ҷоиз аст.  Аммо дар мазҳаби моликиҳо гузоштани муйи маснуъи (парик) ҷоиз аст, вале васл кардани гесуҳои маснуъи ҷоиз нест. Ин буд хулосаи ақволи уламо дар ин масъала. Аммо агар зан тақво карда аз истифодаи муйҳои сохта шуда аз ғайри муйи инсон, парҳез кунад пас ин беҳтар ва аҳват аст. Зеро аҳодис дар ин боб омм омадааст ва фарқе байни муйи инсон ва ғайри инсон накардааст.

Масъалаи истифода бурдани муйи маснуъи (парик) ба ҷои ҳиҷоб дар мадорис ва донишгоҳҳое, ки ҳиҷобро манъ мекунад:

   Тавре дар боло зикр кардем истифода бурдани муйи маснуъӣ (парик) назди аксари уламо ҷоиз аст. Яъне истифодаи муйи маснуъи (парик) назди касоне, ки барои зан маҳраманд, мисли шавҳар ё падару бародар ва ё занҳо, ҷоиз аст. Аммо назди номаҳрамон истифодаи муйи маснуъи ҷоиз нест.  Инчунин бояд зикр кард, ки кашф кардани сари зан назди мардони бегона ҳаром аст ва пушонидани сар барои у фарз аст. Пас агар донишгоҳҳоу мадрасаҳо барои занони мусалмон бо ҳиҷоб рафтанро иҷоза надиҳанд ва занони мусалмон роҳи ҳалли ин мушкилиро наёбанд ва ба омухтан  дар он донишноҳҳо зарурат дошта бошанд  пас метавонанд бо гузоштани муйи маснуъӣ (парик) дар назди даромадгоҳи донишгоҳ   ба донишгоҳ ворид шаванд.  Аммо дар ғайри ин сурат ҷоиз нест.

You might also like
1 Comment
  1. aaa says

    Салом хидмати хонандаи муҳтарам! аз таваҷҷуҳи шумо сипосгузорам. ислоҳ шуд.

Leave A Reply

Your email address will not be published.