Равишҳои меҳрварзӣ ба кӯдакон

94

А- Бӯсидани фарзанд:

Ибрози муҳаббат шеваҳои гуногуне дорад, беҳтарини онҳо дар оғӯш гирифтан, навозиш кардан, сухан гуфтани мулоим ва дилпазир, бозӣ бо фарзанд ва бӯсидани ӯст.

Дили поки кӯдак оинаест дурахшон ва изҳори муҳаббати падару модар ба фарзанд ба вижа бӯсидани ӯ, рӯҳи кӯдакро ҷило медиҳад ва ба таври хулоса меҳрварзии волидайн, заминаи саломати рӯҳӣ ва таодули отифии кӯдак аст.

Шояд фалсафаи суфоришҳои акиди Ислом ба бӯсидани фарзандон низ дар ҳамин нуктаи муҳим наҳуфта бошад.

 Бӯсидани фарзандон некӯст:

Фазл ибни Қурра аз имоми Содиқ(а) ва ӯ аз Расули Худо(с) нақл фармуд, ки:

[مَنْ قَبَّلَ وَلَدَهُ كَتَبَ اللهُ لَهُ حَسَنَةً…] “Ҳар кас фарзанди худро бибӯсад Худованд барои ӯ як савоб менависад…”.

Ибни Умар аз Паёмбари Худо(с) нақл мекунад, ки:

[اَلْقُبِلَۀُ حَسَنَۀٌ وَ اْلحَسَنَۀُ عَشَرَۀٌ] “Бӯсидани (фарзанд) кори хуб аст ва подоши ҳар кори хуб даҳ баробар аст”.

 Осори ухравии бӯсидани фарзандон:

Паёмбари Ислом(с) фармуданд:

[قَبِّلُوْا اَوْلَادَكُمْ؛ فَإِنَّ لَكُمْ بِكُلِّ قُبْلَةٍ دَرَجَةً فِي الْجَنَّةِ مَا بَيْنَ كُلِّ دَرَجَةٍ خَمْسُ مِائَةِ عَامٍ]

“Фарзандони худро бибӯсед, зеро ба ҳар бӯсае рутбаест дар биҳишт ва фосилаи ду рутба аз якдигар пансад сол аст”.

Алоқа ва муҳаббати Паёмбар(с) ба фарзандон он чунон зиёд буд, ки ҳеҷ гоҳ пӯшида намемонад ва гоҳ дар ҳоли сухан гӯфтан бо мардум, ба фарзанди худ ибрози муҳаббат ва алоқа мекард ва онҳоро мукаррар мебӯсид.

 Анас ибни Молик гӯяд:

مَا رَأَيْتُ أَحَدًا كَانَ أَرْحَمَ بِالْعِيَالِ مِنْ رَسُولِ اللَّهِ(ص) كَانَ إِبْرَاهِيمُ مُسْتَرْضَعًاله فِي عَوَالِي الْمَدِينَةِ وَكَانَ يَنْطَلِقُ وَنَحْنُ مَعَهُ فَيَدْخُلُ الْبَيْتَ وَإِنَّهُ لَيُدَّخَنُ وَكَانَ ظِئْرُهُ قَيْنًا فَيَأْخُذُهُ فَيُقَبِّلُهُ

“Ҳеҷ касро нисбат ба аҳлу аёли худ меҳрубонтар аз Паёмбар(с) надидам. Паёмбар(с) дар даврони ширхорагии фарзандаш Иброҳим, барои ӯ дояе дар атрофи Мадина гирифта буд ва бо ин ки хонаи доя дар асари шуғли оҳангарии ҳамсараш пур аз дуд шуда буд, аммо Паёмбар(с) ба назди ӯ мерафт ва вайро мебӯсид”.

Ибни Аббос гӯяд:

كُنْتُ عِنْدَ النَّبِيِّ3 وَ عَلَى فَخِذِهِ الْأَيْسَرِ ابْنُهُ إِبْرَاهِيمُ وَ عَلَى فَخِذِهِ الْأَيْمَنِ الْحُسَيْنُ بْنُ عَلِيٍّ وَ هُوَ تَارَةً يُقَبِّلُ هَذَا وَ تَارَةً يُقَبِّلُ هَذَا

“Дар хидмати Паёмбар(с) будам дар ҳоле ки фарзандаш Иброҳим бар зонуи чапи Расули Худо(с) нишаста буд ва Ҳусайн ибни Алӣ(а) бар зонуи росташ ва ҳазрат гоҳе инро мебӯсид ва гоҳе онро.”

Абу Ҳурайра гӯяд:

خَرَجَ عَلَيْنَا رَسُولُ اللَّهِ3 وَمَعَهُ حَسَنٌ وَ حُسَيْنٌ G هَذَا عَلَى عَاتِقِهِ وَهَذَا عَلَى عَاتِقِهِ وَهُوَ يَلْثِمُ هَذَا مَرَّةً وَيَلْثِمُ هَذَا مَرَّةً حَتَّى انْتَهَى إِلَيْنَا فَقَالَ لَهُ رَجُلٌ يَا رَسُولَ اللَّهِ إِنَّكَ تُحِبُّهُمَا فَقَالَ مَنْ أَحَبَّهُمَا فَقَدْ أَحَبَّنِي

“Рӯзе Паёмбари Акрам(с) бо Ҳасан ва Ҳусайн(а) ба сӯи мо меомад, дар ҳоле ки ҳар як аз он ду бар яке аз шонаи Паёмбар(с) нишаста буданд ва Расули Худо(с) як бор инро мебӯсид ва бори дигар онро то ин ки ба назди мо расид, яке аз ёрон ба он ҳазрат арз кард: Ё Расулаллоҳ! Ин дуро бисёр дӯст медорӣ? Фармуданд: Ҳар кӣ ин дуро дӯст бидорад, бешак маро дӯст доштааст”.

 Б- Бозӣ бо фарзандон:

Яке аз роҳҳои изҳори муҳаббати падару модар ба фарзанд ин аст, ки бо дар назар гирифтани мавқеияти синнии кӯдак васоили бозӣ ва саргармии мутаносибе барои ӯ таҳия кунанд. Ба илова шоистааст гоҳе низ бо кӯдак ҳамбозӣ шавад ё ба дархости кӯдак барои бозӣ бо ӯ посухи мусбат бидиҳад, зеро мушорикати волидайн дар бозии фарзандон гарчи андаке аз вақти ононро мегирад, аммо осори бисёр хубе дорад. Бозӣ илова бар ин ки барои кӯдакон бисёр сурурангез ва нишотбахш аст, мояи рушди истеъдодҳо ва нармии авотифи онон низ хоҳад шуд. Бозӣ агар бо қоида ва солим бошад, метавонад тафаккури кӯдакро рушд диҳад. Аз ин рӯ гӯфтаанд: Бозӣ тафаккури кӯдак аст.

Паёмбари Гиромии Ислом(с) ва Аҳли байт(а) зимни таъкид ва суфориши бисёр бар ин масъала, худ бо фарзандони хеш бозӣ мекарданд ва ё дастикам бар бозии онон назорат мекарданд ва кӯдаконро мавриди ташвиқ қарор медоданд. Ҳамчунин шайхи Садуқ(р) дар китоби Манлояҳзуруҳулфақиҳ аз Паёмбари Акрам(с) ривоят мекунад, ки фармуданд:

[مَنْ كَانَ عِنْدَهُ صَبِيٌّ فَلْيَتَصَابَ لَهُ] “Ҳар кас кӯдаке дошта бошад бояд бо вай кӯдакона рафтор намояд”.

Ибни Абинаҷиҳ гӯяд:

 كَانَ الْحَسَنُ وَ الْحُسَيْن Hيَرْكَبَانِ ظَهْرَ النَّبِيِّ3 وَ يَقُولَانِ: حَلْ حَلْ وَ يَقُولُ نِعْمَ الْجَمَلُ جَمَلُكُمَا

“Имом Ҳасан ва имом Ҳусайн(а) бар пушти Паёмбар(с) савор мешуданд ва «ҳел‑ҳел» мегӯфтанд ва Паёмбар(с) мефармуд: Некӯ шутурест шутури шумо”.

Алқама аз Абусалама ривоят кардааст, ки гӯфт:

]اِنَّ رَسُولُ اللّه3 كَانَ يَدْلَعُ لِسَانَهُ لِلْحَسَنِ وَ اْلحُسَيْنِ Hفَيَرى الصَّبِىُّ لِسانَهُ فَيَهِشُّ اِلَيْه، فَقالَ عُيَيْنَۀِ بنِ بَدرِ اْلفَزارِى، وَاللّهِ لَيَكُونُ اْلإِبْنُ رَجُلاً قَد خَرَجَ وَجْهَهُ وَ ما قَبَّلْتُهُ قطّ. فَقالَ رَسُولُ اللّه3: مَنْ لَمْ يَرْحَمْ لا يُرْحَمْ[

“Паёмбар(с) забони худро барои Ҳасан ва Ҳусайн(а) берун меовард ва ҳамин ки чашми кӯдак ба забони Паёмбар(с) меафтод ба тарафи ӯ медавид.

Марде ба номи Уяйна ибни Бадри Фазорӣ, (ки шоҳиди ин ширинкории Паёмбар(с) нисбат ба Ҳасанайн(а) буд) аз рӯи шигифтӣ гӯфт: Ба Худо савганд, писарам мард гашта ва бар сураташ муй растааст, бо ин ҳол то кунун, ҳатто барои як бор ҳам ӯро набӯсидаам.

Паёмбар(с), ки аз сангдилии Уяйна сахт дар шигифт шуда буд, фармуд: Ҳар кӣ лутфу меҳр нишон надиҳад мавриди меҳру муҳаббат қарор нагирад.”

В- Ташвиқи фарзандон:

Аз тадобири муҳимме, ки дар бозсозии рафтори фарзандон метавон аз он истифода кард ташвиқ аст. Ташвиқ аз масоили бисёр муҳимми тарбияти исломӣ ва аз беҳтарин шеваҳои тарбияти кӯдак аст. Фарзандон аз таҳсин ва ташвиқ лаззат мебаранд ва ин аз тамоюлоти фитрии онҳо аст, ки бояд ба беҳтарин шева ва барои гароиш додани онҳо ба фаолиятҳои арзишманд, аз он истифода кард ва ташвиқ сабаби эҷоди меҳру муҳаббати фарзандон ба падару модари худ ва дилгармӣ барои анҷоми корҳояшон мешавад.

 Ташвиқи Худованд

Худованд дар Қуръони Маҷид ба муносибатҳои гуногуне бандагони солеҳашро аз Анбиё(а) ва Сулаҳо гирифта, то авлиё ташвиқ ва тамҷид кардааст. Масалан ҳазрати Аюб(а)‑ро ба поси сабр ва пойдориаш дар муқобили ранҷҳо мавриди тамҷид ва ситоиш қарор дода ва дар бораи ӯ мефармояд:

<إِنَّا وَجَدْناهُ صابِراً نِعْمَ الْعَبْدُ إِنَّهُ أَوَّابٌ> “Мо ӯро шакебо ёфтем чи некуе буд [чаро], ки ӯ тавбакор буд”.

Ва Худованд дар ин ҷумла, ҳазрати Аюб(а)‑ро ба се васфи муҳим тавсиф кард, ки дар ҳар касе бошад инсони комилест:

  • Мақоми убудият. 2- Сабру шакебоӣ ва истиқомат.    3-   Бозгашти пайдарпай ба сӯи Худо.

Ба ин тартиб ӯро аз беҳтарин бандагони хеш муаррифӣ кард.

Ҳамчунин дар бораи ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с) оёти фаровоне ба унвони тақдир ва тамҷид аз вуҷуди муқаддасаш омадааст; масалан дар бораи ахлоқи хуш ва бе монанди ӯ зикр шудааст ки:

<وَ إِنَّكَ لَعَلى‏ خُلُقٍ عَظيمٍ> “Ва мусалламан ту соҳиби ахлоқи бузург ҳастӣ”.

Ахлоқе, ки ақл дар он ҳайрон аст лутфу муҳаббати беназир, сафо ва самимияти бемонанд, сабр ва истиқомат ва таҳаммулу ҳавсалаи тавсифнопазир.

Агар мардумро ба бандагии Худо даъват мекунӣ ту худ беш аз ҳама ибодат менамоӣ, ва агар аз кори бад боз медорӣ ту қабл аз ҳама худдорӣ мекунӣ. Озорат мекунанд ва ту андарз медиҳӣ, носазоят мегӯянд ва ту барои онҳо дуо мекунӣ, бар баданат санг ва бар сарат хокистари доғ мерезанд, вале ту барои ҳидояти онҳо даст ба даргоҳи Худо бар медорӣ.

Оре ту конуни муҳаббат ва авотиф ва сарчашмаи раҳматӣ.

Фавоиди ташвиқ

  1. Ташвиқ сабаби тақвияти рӯҳи фарзандон мешавад ва неруи тозае ба онҳо мебахшад, то битавонанд бо эътимоди ба нафс ва пуштгармии бештаре корҳои хуб ва мавриди завқу алоқаи худро дунбол кунанд ва ба аҳаммияти онҳо беш аз пеш пай бибаранд.
  2. Ташвиқ истеъдодҳои даруни кӯдаконро рушд дода ва ба шукӯфоӣ савқ медиҳад ва заминаҳои яъс ва ноумедӣ ва бадбиниро дар онҳо аз байн мебарад.
  3. Кӯдак дар партави ташвиқ ёд мегирад, ки мушкилот ва сахтиҳоро бар худ ҳамвор созад, то ҳадафи матлуби худро дунбол кунад ва тадовуми ташвиқ ба тадовуми фаолиятҳои рушддиҳандаи кӯдак меанҷомад.
  4. Ташвиқи кӯдакон тавассути падару модар ва атрофиён ва мураббиён боис мешавад кӯдакон бо назари хуб ва хушбинона ба онҳо бингаранд ва онҳоро дӯст ва ҳамдам ва ёри самимии худ талаққӣ кунанд ва ин худ самароти бисёре дар бар дорад.
  5. Ташвиқи кӯдакон барои анҷоми фаолиятҳои мусбат ва подош додан пас аз анҷоми онҳо, боиси эҷоди ангеза ва таҳаррук дар онҳо хоҳад шуд ва ҷавви рақобати хубе дар миёни онҳо падид хоҳад овард.

Аммо фарзандоне, ки мавриди ташвиқ қарор намегиранд, ағлаб дучори шикасти рӯҳӣ мешаванд ва эътимод ба нафси худро аз даст дода ва худро паст ва ҳақир мешуморанд ва ҷуръати дастзадан ба кори хубро дар худ намеёбанд, бинобар ин ки ташвиқ амали бисёр писандидааст ҷои тардид нест, аммо муҳимтар аз ташвиқ, навъ ва наҳваи ташвиқ аст, ки бояд волидайн дар назар бигиранд, вагарна чи басо, ки натиҷаи манфӣ ҳам дошта бошад.

Ташвиқи хуб он аст, ки танҳо забонӣ набошад, балки амалӣ низ бошад ва ин ки асолат пайдо накунад ва ба саргармӣ мубаддал нашавад, балки дақиқан ба унвони василае барои эҷод ва тақвияти рафторҳои хуб ба кор равад ва кӯдакон ба хубӣ бидонанд барои чи ташвиқ мешаванд ва чи бояд бикунанд, то мавриди ташвиқ қарор гиранд.

Ҳамчунин ташвиқи хуб он аст, ки дар ҳузури ҷамъ сурат гирад, на фақат дар хафо ва пинҳонӣ. Барои дарки беҳтари осор ва фавоиди созандаи ташвиқ ба баҳси танбеҳ, махсусан танбеҳи баданӣ ишора менамоем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.