Бунёди оилаи солим

321

 Оилаи солим оилаест, ки бунёдашро меҳру садоқат ва якдигарфаҳмӣ асос мегузорад. Вақте талоши мо барои ободии ҷомеъаи солим равона бошад, пас оилаи солим бояд дар меҳварияти он қарор дошта бошад ва вайронии он боиси нобудии ҷомеъа хоҳад гашт. Вале боз ҳам ободию муваффақияти ҳар оиларо маърифати баланди аъзои он шакл медиҳаду нигоҳ медорад.

Паёмбари ислом (с) мефармояд: Тамоми фарзандони Одам нигаҳбону сарваранд, мард сарвари хонавода ва зан бону, сарпарасти хона аст. Чунончи дар урфият ҳам мегӯянд: шахсро ба оилааш назар бинамо.
Аз ин рӯ, танҳо нафари хирадманд метавонад оилаи солим бунёд намояд, инчунин фарзандони муваффақ самараи оилаи солиманд, чунки таълиму тарбияи хуби онҳо ба ҷаҳду талошҳои пайвастаи падару модар вобаста аст. Марду зане, ки соҳиби маърифат, илму ҳунар ҳастанд, ҳар оина муассиси оилаи хуб ва фарзандони намуна гашта метавонанд, иншоаллоҳ.
Ҳабиби Худо, Муҳаммад(с) ба умматонаш таълим дода, чунин мегӯяд: Издивоҷ кунед, то зиёд гардед. Зеро Рӯзи Қиёмат аз зиёд будани умматам ифтихор хоҳам кард.
Сутуни асосии оилаи солим якдигарфаҳмӣ байни аъзои он аст, бахусус миёни зану шавҳар.
Бале, Худованд зану мардро мухталиф офаридааст ва неруву хислатҳои онҳо аз ҳамдигар фарқ доранд. З-ин сабаб онҳо зимни барпо доштани зиндагии муштарак, мушфиқи ҳамдигар қарор мегиранд. Зану мардро метавон ташбеҳ ба офтобу моҳтоб кард, ки вазифаҳои хосе доранд дар худ. Чун мард тавоною неруманд ҳаст, ӯро ба офтоб ташбеҳ медиҳанд, вале аз сабаби орому нозук будани зан ӯро ба моҳ шабеҳ медонанд, чунки шаб замони оромист. Дар ҳаёт вазифаҳои сангин бар дӯши мардон вогузор аст, вале вазифаҳои нафису кӯчак бар дӯши занон мебошад. Зеро мард қависту тавони бардошти вазниниро дорад, вале ҷисми латифи зан ба ин қодир нест.
Мард бештари вақт берун аз хонавода мебошад ва тарбияи фарзанд, агарчи маъсулияти волост, вале бар уҳдаи зан мебошад. Паёмбари Худо (с) низ бар ин маъно мефармояд: Зан дар хонаи шавҳар, мисли чӯпон аст ва бар раъияти хеш масъул, (муттафақун алайҳ).

Вазифаи зану мард, эй ҳаким донӣ, ки чист
Якест киштию в-он дигарест киштибон.
Чу нохудост хирадманду киштияш маҳкам,
Дигар чи бок зи амвоҷу вартаву туфон.
Ҳаққо, ки оила киштиест, дар баҳри ҳаёт шинокунанда. Барояш сарпарасте лозим, то ҳаракати онро ба танзим дароварда, нигоҳ дорад. Маҳз чунин масъулият дар зиндагии оиладорӣ бар дӯши мард вогузор гардидааст. Далели ин гуфтаҳо сураи «Нисо», ояи 34 мебошад: «Мардон бар занон мусаллат (сарвару сарпараст) мебошанд».
Худованд масъулияти бузургеро бар дӯши шавҳар гузошта, ӯро уҳдадор сохта, ки бо риъояи тамоми талаботҳо вазифаи хешро иҷро намояд. Дар баробари ин, зану фарзандон бояд сарварии ӯро эътироф намуда, фармонпазир бошанд. Инчунин дар иҷрои ин умур бо вай ҳамкорӣ намоянд. Омилҳои асосии бунёди оила:
1. Нигоҳ доштани навъи инсонӣ,
2. Ҳифзи робитаи насабӣ
3. Пешгирӣ аз ҳар гуна бад­бахтиҳо дар ҷомеъа.

  1. Ҳамкории зану мард дар сохтани низоми хонавода, бахусус тарбияи фарзанд

Ба дурустӣ, бунёди оилаи солим кори саҳл нест ва аз инсон масъулияти гаронеро тақозо мекунад. Шариъати мо ҳам дар ин асно ҳуқуқҳои хосеро бар зану шавҳар муқаррар кардааст, ки танҳо дар заминаи иҷрои ҳар кадоме аз ҳуқуқҳо оилаи хубу солимро бунёд кардан мумкин аст.

Ҳуқуқҳои шавҳар бар зан:
1. Зан бояд дар тамоми умур аз шавҳараш итоъат кунад, албатта, агар амри шавҳар мутобиқ бар фармудаи Худованд буда, корҳои фармудаи шавҳар ҳам аз тобу тавони зан берун набошанд.

  1. Зан бояд худ ва молу амволи шавҳарро аз бегонаҳо ҳифз намояд, бе огоҳии шавҳар аз манзил хориҷ нашавад ва бо иҷозаву дархости шавҳар ба сафар барояд.
  2. Дар вақти ҳузур доштани шавҳар зан бояд ниёзҳои ӯро ба ҷой биёрад ва бе иҷоза набояд рӯзаи нафлӣ бигирад.
    4. Фарзандонашро ба хубӣ тарбият намояд ва дар ҳузури шавҳар ба онҳо ғазаб накунаду дашном надиҳад, то боиси нороҳатии шавҳар нагардад.
  3. Бо падару модар ва хешовандони шавҳар хушмуомила бошад, зеро зане, ки бо наздикони шавҳар муомилаи беҷо кард, дар ҳақиқат ба шавҳар муомилаи бад кардааст.
    Худованди карим мефармояд: «Занон ба монанди масъулиятҳое, ки (дар баробари шавҳарони худ) доранд, онҳо ба мардон ҳуқуқҳои шоиста доранд».
    Ҳуқуқҳои зан бар шавҳар:
    1. Мард баяд сари вақт нафақаи зан ва оилаашро таъмин намояд,
    2. Масъулиятҳои дигари ҳамсари­ро анҷом бидиҳад,
  4. Агар мард зиёда аз як зан дошта бошад, бояд байни онҳо адолат ҷорӣ намояд. Вале тибқи фармудаи Худованд, дар сураи «Нисо», ояти 3: «Ва агар битарсед, ки ба адолат рафтор намекунед, пас, фақат ба як зан иктифо кунед».
  5. Барои мард хуб аст, ки ба ҳамсараш иҷозат диҳад, то ба аёдати хешовандон бираваду бастагони хешро хабар бигирад.
    Танҳо пас аз иҷрои ин амалҳо ҳам мард ва ҳам зан метавонанд дар фазои муҳаббату якдигарфаҳмӣ оилаашонро мустаҳкам нигоҳ доранд.
    Ҳаёти инсон, мисли дарё ҳам мавҷ дораду ҳам авб. Барои барпо намудани муносибат вақти зиёде лозим аст, махсусан дар бунёди муносибати оилавӣ. Вале барои аз байн бурдани он як дақиқа ҳам кофист.
    Пас ҳар нафар бояд зиракиро аз даст надода, дар тасмими бунёди оила зиёд тафаккур ва пас аз бунёд қадрашро бидонанд, барои солимии он ҷаҳду талоши беандоза намояд.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.