Ҳамсари мӯъмину солеҳа – саодати мард
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фамуданд:
«Мўъмин баъд аз тақво ва тарс аз Худованд, аз чизи дигаре ба андозаи ҳамсари солеҳ суд намебарад, ҳамсаре, ки вақте ба ў фармон диҳад итоат кунад ва чун ба ў назар мекунад, хушҳол шавад ва вақте аз ў ғоиб мешавад он зан худро ва моли шавҳарро муҳофизат намояд».
Ва низ фармуданд:
«Чаҳор чиз аст, ки ба ҳар кас дода шавад хайри дунё ва охират ба ў дода шудааст: қалби шукргузор, забони зикргўй, бадани собир дар балоҳо ва ҳамсари солеҳе, ки дар нафси худ ва дар моли шавҳар хиёнат нанамояд».
Ва дар ҳадиси дигар чунин мефармоянд:
«Саодати мард дар доштани ҳамсари солеҳа, хонаи хуб ва маркаби муносиб аст ва шақовату бадбахтии ў дар доштани зани бад, манзили ғайри муносиб ва маркаби бад мебошад».
Ва низ фармуданд:
«Аз бадбахтии мард он аст, ки зане дошта бошад, ки аз диданаш нороҳат шавад, аз забонаш озор бинад ва дар набудани шавҳар, бар номуси ў амин набошад».
Ислом ҳамон гуна ки суфоришоти бисёре ба бонувон кардааст, тавсияҳое низ ба мардон дар мавриди занон намудааст.
Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:
«Беҳтарини шумо касе аст, ки беш аз дигарон бо ҳамсар ва фарзандонаш ба некӣ ва хубӣ рафтор намояд ва ман беҳтарини шумо нисбат ба аҳлу аёлам ҳастам».
Ва фармуданд:
«Касе, ки ахлоқаш беҳтар аст имонаш комилтар аст ва некўкортарини шумо касе аст, ки нисбат ба ҳамсар ва аҳлаш некўкортар ва меҳрубонтар бошад».
Хонаводаи намуна