Ин меваҳо хосияти бештаре доранд

167

Меваҳо нақши  муҳим дар тағзия(хурок)и  солим дошта ва аз манобеъи ғании  витаминҳо ва маводи менералӣ, фибр, фитохимикатҳо ва бисёре аз таркиботи ҳаётии дигар ба  шумор   мераванд.
Таҳқиқот нишон   медиҳанд, ки меваҳои  сурхранг нисбат ба дигар  меваҳо хосияти  бештаре  доранд ва мутахассисони  илми  тағзия  бар истеъмоли  рӯзонаи  онҳо таъкид менамоянд.
Навъҳои гуногуни  меваҳои  сурхранг  антикосидонҳои  мавриди  ниёзи баданро таъмин намуда   бо асароти  манфии  радикалҳои  озод аз ҷумла саратон муқобила мекунанд , чиркҳои  роҳи пешоб ва бемориҳои  варамзоро  низ беҳбуд мебахшанд.
Ба таври  куллӣ  ҳарчи  ранги  ин гуруҳ аз меваҳо тиратар  бошад, дорои  таркиботи судманди  бештаре  аст.
Тарбуз, тути фарангӣ(клубник), шаҳтут, олуболу ва гелос аз ҷумлаи меваҳои  сурхранге  ҳастанд, ки ба ҳифзи  саломатӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои  мухталиф кумак мекунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.