Ҳадафи ниҳоии завҷият дар Қуръони карим

94

Тамоми махлуқоти ин дунё завҷ офарида шудаанд ва ин нишондҳадаи ин амри муҳим аст, ки ҳамаи махлуқот ноқис муҳтоҷи ҳастанд ва бо завҷи худашон комил мешаванд.

Ҳайвонот ва наботот барои самарадеҳи ва борвари ниёз ба нару мода доранд ва ин суннати ло язоли илоҳи аст.

Худованд дар сураи Раъд ояти 3 мефармояд:

وَ هُوَ الَّذِی مَدَّ الأَرْضَ وَ جَعَلَ فِیهَا رَوَاسِیَ وَأَنْهَارًا وَمِن کُلِّ الثَّمَرَاتِ جَعَلَ فِیهَا زَوْجَیْنِ اثْنَیْنِ یُغْشِی اللَّیْلَ النَّهَارَ إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّقَوْمٍ یَتَفَکَّرُونَ

“Ва ӯст касе ки заминро густаронид ва дар он куҳҳо ва рудҳо ниҳод ва аз ҳаргуна мевае дар он ҷуфт ҷуфт қарор дод. Рӯзро ба шаб мепушонад қатъан дар ин (умур) барои мардуме ки тафаккур мекунанд нишонаҳое вуҷуд дорад.”

Фақат Худои Таоло аст, ки якто ва воҳид аст зеро бениёз аст ва эҳтиёҷ ба шарик надорад.

Завҷияти инсон

Худованд дар сураи Аъроф ояти 189 мефармояд:

هُوَ الَّذِی خَلَقَکُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ وَجَعَلَ مِنْهَا زَوْجَهَا لِیَسْکُنَ إِلَیْهَا

“Ӯст он кас ки шуморо аз нафси воҳиде офарид ва ҷуфти вайро аз он падид овард то бадон ором гирад.”

Инсон ки ашрафи махлуқот аст аз ин қоида мустасно нест ва барои рушд ва камоли худ ба завҷ ниёзманд аст ва дар ин росто издивоҷ ва тааҳҳул қидам бисёр муҳимме барои камол мебошад.

Ин суннати ҳасана ниёзи фитрии башари аст, ки фард бо завҷ комил мегардад ва нақси ӯ бартараф мешавад.

Ба маънои дақиқтар, дини ӯ комил мегардад. Барои истидлол ва дарки ин қонун ниёзманди барраси равоншиносномаи зану мард ҳастем.

Равоншиноси зану мард

Дар китоби фалсафаи ҳиҷоби чунин омада аст: Мардон аз назари ҷисми бузургтар, қадбаландтар ва хашинтар ҳастанд дар ҳоле, ки занон бо вуҷуди инки майдатаре нисбат ба мардон доранд, системи иманиашон қавитар аст ва дар баробари бемориҳо, муқовимтар мебошанд; зеро дар бордори, вазъи ҳамл ва тарбияти рушди ҷисмии фаразндон ниёз ба ин қудртаи ҷисми доранд.

Мағзи мардон аз занон бузургтар аммо ба нисбати маҷмуи бадан, мағзи зан бузургтар аст. Мардон руҳиёти муборизаҷуёна ва мутаҷовизонае доранд дар ҳоле, ки зан сулҳҷу ва оромтар аст зеро дар ҷомеа ва мушкилот, дар ҷанг ва … мардон бояд чунин сифатҳое дошта бошанд дар ҳоле, ки занон барои инсиҷоми пайванди хонавода ва ҳифзи он нарми ва латофат ниёз доранд.

Мард дар улуми истидлоли ва ақли хушк, мутабаҳҳир аст ва зан дар завҷ ва эҳсос ва адабиёт ва ҳунар муваффақтар. Хушбахти дар назари мард ба даст овардани мақом ва шахсияти қобили эҳтиром дар иҷтимоъ аст дар ҳоле ки ба даст овардани қалби як мард ва нигаҳдори ӯ барои тамоми умр, ниҳояти хушбахти зан аст.

Мард шахси занро мехоҳад ва зан дилу қалби як мардро тасоҳуб мекунад. Зан аз мард шуҷоат ва ҳимоят мехоҳад ва мард аз азан зебои ва далери ва латофат, дар натиҷа зан матлуб аст ва мард толиб.

Ончи бисёр аҳамият дорад ин аст, ки конуни гарми хонавода аст ва барои ташкил, рушд, пуёи ва тавлид ва парвариши насли солим, унсури музаккар ва муаннас, ҳар ду лозим аст ва дар сурати набудани ҳар кадом аз ин ду унсур, ин амри муҳим ва хатир, ноқис мемонад.

Агар зан, хулқу хуйи мардона дошта бошад наметавонист мардро ба хидмати хонавода ва зиндаги дароварад ва агар мард, сифатҳои занона дошт зан ӯро қаҳрамон талаққи намекард, мард ҷаҳонгир аст ва зан мардгир.

Вазифаи зан

Дар сураи Рум ояти 21 чунин омада аст:

وَمِنْ آیَاتِهِ أَنْ خَلَقَ لَکُم مِّنْ أَنفُسِکُمْ أَزْوَاجًا لِّتَسْکُنُوا إِلَیْهَا وَجَعَلَ بَیْنَکُم مَّوَدَّةً وَرَحْمَةً إِنَّ فِی ذَلِکَ لَآیَاتٍ لِّقَوْمٍ یَتَفَکَّرُونَ

Ин оят таъмини тамоми ниёзҳои руҳи ва равони ва оромиши манзилро ба уҳдаи зан қарор дода аст; зеро физики бадан, садо, ахлоқ, сифатҳо ва навъи зоти мунҳасир ба фарди ӯ даст ба даст ҳами медиҳанд то оромиш ва сукут бо вуҷуди зан дар манзил таъмин шавад.

Ин вазифаи хатир ва ҳассосро ҳеҷ каси дигар ҷуз ҳамсари бовафо, модари беҳрубон ва дилсӯз ва муқтадин наметавонад ифо кунад.

Фақат як модар аст, ки метавонад дар буҳронтарин замон, бо садои ором ва зебоиаш ғаму ғуссаро аз души фарзандон бардорад ва фақат як ҳамсари намуна аст, ки тавонои ормиш ба мардро дорад ва хастагиҳои рӯзонаро бо муҳабат ва дилдодаги бартараф намояд.

Қуръон таҳорати зоҳири ва ботириниро омили рушди асоси зану хонавода медонад ва бузургтарин ҳусни занони биҳиштиро мутаҳҳара будани онон мешуморад.

وَبَشِّرِ الَّذِین آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ أَنَّ لَهُمْ جَنَّاتٍ تَجْرِی مِن تَحْتِهَا الأَنْهَارُ کُلَّمَا رُزِقُواْ مِنْهَا مِن ثَمَرَةٍ رِّزْقاً قَالُواْ هَذَا الَّذِی رُزِقْنَا مِن قَبْلُ وَأُتُواْ بِهِ مُتَشَابِهاً وَلَهُمْ فِیهَا أَزْوَاجٌ مُّطَهَّرَةٌ وَهُمْ فِیهَا خَالِدُونَ

Имтиёзе ки Худованд ба зан дода аст дар зарфият, тавонои ва истеъдоди инсонсози аст. Ҳар чи қадар зан тавонотар, донотар дар амри тарбияти афрод бошад, муваффақтар хоҳад буд. Агар зан нотавон бошад, ба маъное ҷомеа табоҳ мешавад зеро мурабби ҳар ҷомеа занон ва модарон мебошанд.

Зан қудрате дорад, ки метавонад дигаронро таҳтушшуои худ қарор диҳад ва агар аз ин абзор дар ҷиҳати хайру хуби истифода кунад, дигаронро дар маркази сиқли ҳидояти илоҳи қарор медиҳад.

Вазифаи мард

Таъмини ниёзҳои модди, маишати ва мудирияти кулли, вазифаи мард аст; зеро чархаи иқтисоди ва мудирияти як ҷомеаро унсури музаккар мегардонад, ба ҳамин иллат корҳои сангини беруни хона бар души мардон ниҳода шуда аст.

Ин ду вуҷуди гаронбаҳо замоне метавонад пурбор ва пурбаракат гарданд, ки дар канори ҳам зиндаги кунанд.

الرِّجَالُ قَوَّامُونَ عَلَی النِّسَاء؛‌ 
Мардон сарпарасти занон ҳастанд. Сураи Нисо, ояти 34.

Ҳадафи ниҳоии завҷият

Худованд ҳадафи ниҳои хилқати инсонро расидан ба камол медонад ва дар ин роҳ ҳар ончи аз ҷониби Худо мерасад хайри мутлақ аст ва роҳи камолро ҳамвор мекунад.

Шояд дар чашми мо бисёре аз мушкилот, сахтиҳо ва бемориҳо дардовар ва ғайри қобили таҳаммул бошанд, аммо дар нигариши кулли мебинем, ки ҳамаи инҳо моро зарра зарра комилтар, донотар ва муқовимтар мекунад.

Зан ва марде ки яке хуш ахлоқ ва дигаре бадахлоқ, яке хасис ва дигаре дасту дил боз, яке қави дигаре заиф аст, ҳамаву ҳама нардабони тараққи расидан ба Худост, фақат ба шарти онки нигариши мо, мусбат ва тавҳиди бошад.

Агар зиндагири ба синфи дарсие бидонем, ки қарор аст унвонҳои олии инсониро тай карда ва Худои гардем ва бовар дошта бошем, ки ҳеҷ зану маре ба танҳои комил намешаванд, дуруст монанди ақрабаҳои соате ки барои кор кардани дуруст бояд дар ҷои худ қарор гиранд, баракат ва раҳмату хайри касир дар зиндагиҳоямон ҷори мешавад ва роҳи пушрафт ва камоли худ ва фарзандонро ба роҳати мепаймоем.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.