Нақши хурмо дар ҳилму тақвои кӯдак

114

Ғизову обу меваҳо ва тамомии хӯрокиҳо ва нӯшокиҳо дар сохтори вуҷуди инсон нақши ҳаётӣ дорад ва барои ҳар гуна хӯрданиҳо ва ошомиданиҳо, асари вазъии хос мебошад, масалан барои хурмо ва рутаб, як асари вазъии махсус зикр кардаанд, Паёмбари Ислом (с) мефармоянд:

اَطْعِمُوا الْمَرْئَة فِى شَهْرِهَا الَّذِى تَلِدُ فِيهِ اَلتَّمْرَ فَإِنَّ وَلَدَهَا يَكُونُ حَلِيمًا تَقِيًّا

Бар зани бордор дар моҳе, ки дар он вазъи ҳамл мекунад, хурмо бихӯронед, зеро фарзанди ӯ бурдбору парҳезгор хоҳад шуд.

Бинобар ин, агар асари вазъии ҳар меваро бипазирем, ночор таъсири рӯҳӣ, равонӣ ва маънавии онро низ пазиро бошем, ҳамин тавр асарҳои вазъии ҳар хӯрданӣ ва нӯшидании ҳаром ва ҳалолро ба ночор бояд пазирем.

Тағзияи солим – фарзанди солим

Дар шабе, ки мехоҳед тавлиди мисл намоед, бояд ғизои шумо комил, махсусан витамини «E» дошта бошад.

Гурӯҳе аз кӯдакон дар рӯзҳои аввали умр, мубтало ба захмҳое мешаванд, ки онҳоро эгзимои кӯдакон мегӯянд. Ин захмҳо ба қадре дер муолиҷа мешавад, ки падару модари тифлро ба азобу хастагӣ гирифтор менамояд. Ин захмҳо натиҷаи тағзияи бади модар, ҳангоми бордорӣ аст, чунон ки модар ҳангоми бордорӣ адвияи тунд, мисли қаланфур ва занҷабили зиёд бихӯрад ё масалан дар хӯрдани хардал ё дорчин аз ҳад гузаронад, навзоди ӯ мубтало ба «эгзимо» мегардад.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.