Нуктаҳои калидӣ дар тарбияти фарзандон

431

Таваҷҷӯҳ ва тарғиб ба бозӣ

Бозӣ аз ниёзҳои ҷиддии фарзандон, махсусан кӯдакон аст. Бозӣ, рӯҳи кӯдакро парвариш медиҳад; кӯдак бо сохтани хона ва вайрон кардани он ва дубора сохтан, қуввати навоварии худро рушд медиҳад. Ба ин хотир падарон ва модарон набояд пеши бозии кӯдаконро гиранд. Балки барои ташвиқ ва парвариши ӯ, гоҳе бо ӯ ҳамбозӣ шаванд. Аз Ибни Аббос нақл шудааст, ки Расули Худо (с)  имом Ҳасанро(а) бар рӯйи шонаи худ мегирифтанд, марде ба кӯдак гуфт: Хуб маркабе савор шудӣ? Паёмбари акрам(с) фармуданд: Ӯ рокиб ва савораи хубест.

Кӯдаконе, ки бозӣ мекунанд ва ҳамбозӣ доранд, зимни тахлияи энергияи худ, аз ҷиҳати иҷтимоӣ қавитаранд.

Бо қоидаҳои ҳузур дар ҷамъ, риояти қонунҳои бозӣ, муборизаи дуруст бо рақиб ва ба кор гирифтани охирон нерӯ барои расидан ба ҳадаф онҳоро ба шикастҳо ва пирӯзиҳо ошно мекунад ва дар ҳақиқат онҳо ба таври ғайри мустақим баъзе аз равишҳои зиндагӣ ва масъалаҳои иҷтимоиро меомӯзанд.

Риояти миқдор ва андозаи насиҳат

Дар айбҷӯӣ ва сарзаниши фарзанд аз ҳад нагузаронед. Ҳазрати Алӣ(а) мефармоянд : ”  Зиёдаравӣ дар сарзаниш, сабаби шуълавар шудани оташи якравӣ шуда ва таъсири  баръакс  дорад. Ва имоми Ҳасан(а)  фармудаанд : “ Ҷасорати фарзанд ба падараш дар давраҳои кӯдаки, ӯро ба нофармонӣ дар  калонсолӣ мекашонад”.

Бояд ин нуктаи муҳимро падару модар таваҷҷӯҳ кунанд, ки айбҷӯӣ, маломат ва насиҳат набояд дар ҷамъ бошад. Амири муъминон Ҳазрати Алӣ(а) фармудаанд : “Насиҳат кардан дар ҷамъ зери савол бурдан ва нодида гирифтани(шахсияти фард аст.) Балки нақд ва насиҳат бояд махфиёна ва дар ҳузури ҷамъ набошад”. Имоми Ҳасан(а) фармудаанд :   “Ҳар касе бародарашро махфиёна мавъиза кунад, ӯро зинат додааст ва ҳар кас ошкоро(ва дар ҷамъ) ӯро мавъиза намояд, ӯро зишт намудааст”.

Омӯзиши динӣ ба фарзанд

Талош барои рушди илмӣ ва маънавии кӯдакон ва омӯзиши  масъалаҳои динӣ ва илмии фарзандон аз вазифаҳои муҳимми волидайн аст. Зеро, ки волидайни мӯъмин масъули омӯзиши аҳкоми динӣ ба фарзандашон ҳастанд. Дар баҳси аҳкоми хонавода ва дар баҳсҳои гузашта дар хусусӣ “утоқи хоб ва дастурҳои дини мубини Ислом” баён кардем ва ҳатто фарзандони ноболиғ бояд аҳкоми хонаводаро донанд ва риоят кунанд. (Сураи Нур, ояти 58)

Имом Ҳусайн(а)  ба муаллими фарзандаш сад динор дод, ба тавре ки мардум эътироз карданд. Ишон фармуданд: “Ин маблағ дар баробари омӯзиши ӯ куҷо қарор мегирад? (киноя аз ин карданд, ки ҳадяи моддӣ ба дараҷаи омӯзиши Қуръони карим намерасад”. 

Имом Зайналобиддин(а) фармудаанд: “Худованд ба падар ва модаре аҷри зиёдӣ медиҳад; онҳо мегӯянд: Парвардигоро! Аз куҷо ин подош барои мост; дар ҳоле, ки амалҳои мо ба он намерасад”?  Худованди бузург мефармояд: “Ин подош ба хотири таълими Қуръони карим ба фарзандонатон ва шиносондани дини Ислом ба онҳо ва талоши шумо дар роҳи муҳаббати ӯ ба Паёмбари акрам(с) ва аҳлибайташ (а) мебошад”. Расули гиромии динӣ Ислом (с) фармудаанд: “Фарзандонатонро бар се хислат адаб кунед: Дӯст доштани Паёмбаратон(с) ва дӯст доштани аҳлибайташ(а) ва хондани Қуръони карим дар ривояте дар канори омӯзиши ваҳйи илоҳӣ, фармудаанд : ” Ва ба покӣ ва покдили парвариш диҳед”.

Имоми Ҳасан(а) фармудаанд : “Замоне, ки ту роҳнамо ва бузургтари касе ҳасти, масъули, то ӯро ҳусни адаб дода ва ба сӯи Парвардигори бузург роҳнамоияш кунӣ”.’

Расули Худо (с) фармудаанд : “Ба кӯдакони худ дар ҳафт солагӣ амр кунед намоз хонанд”. Ва имоми Ҳасан дар ҳадисе мефармоянд: “Волидайн дар се солагӣ калимаи  Тавҳид « لا إله إلا الله» дар чор солагӣ «  محمد رسول الله  » ба кӯдакон ёд диҳанд ва дар панҷ солагӣ ҷиҳати қибларо ба ӯ нишон дода ва ба ӯ бигӯянд, ки сар ба саҷда бигузорад. Дар шаш солагӣ рукӯъ ва саҷда кардани дурустро ба ӯ биомӯзанд ва дар ҳафт солагӣ ба кӯдак бигӯянд, ки таҳорат кун ва намоз бихон”.

Паёмбари акрам (с) фармудаанд: “Ҳамин, ки фарзандонатон ба ҳафт солагӣ расиданд, онҳоро ба намоз фармон диҳед ва ҳангоме, ки нуҳ сола шуданд, сахтгирӣ  то марзи танбеҳи баданӣ монеъ надорад ва ҷову макони хоби онҳоро дар даҳ солагӣ ҷудо кунед”.

Дар  ривояти дигар имоми Алӣ(а) фармудаанд: “Мо кӯдаконамонро дар панҷ солагӣ амр ба намоз мекунем, шумо ки фарзандонатон ҳафт сола шуданд амр ба намоз кунед. Мо фарзандонамонро дар ҳафт солагӣ амр ба рӯза мекунем, ба ҳар миқдоре, ки дар тавонашон ҳаст, то нисфи рӯз ё камтару бештар аз он. Ва замоне, ки ташнагӣ ё гуруснагӣ ба онҳо ғалаба кунад, ифтор намоянд, то бо ин равиш ба рӯза гирифтан одат кунанд ва тоқат кунанд. Шумо низ кӯдаконатон вақте, ки нуҳ сола шуданд, амр ба рӯза гирифтан кунед, ба ҳар миқдоре, ки тоқат кунанд ва замоне ки ташнагӣ ба онҳо ғалаба кард, ифтор кунанд”.

Волидай вазифадоранд аз “намоз” сар карда ва дар канораш маъруф(корҳое, ки барои анҷомашон амр шудааст) – ҳо ва мункир(амалҳое, ки анҷомашон наҳй шудааст) – ҳо ро ба онҳо шиносонанд ва дар амал ба маъруфҳо ва дури аз мункирҳо кутоҳи накунанд. Он гуна, ки Луқмон ба фарзандаш супориш кард:

يَا بُنَيَّ أَقِمِ الصَّلَاةَ وَأْمُرْ بِالْمَعْرُوفِ وَانْهَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَاصْبِرْ عَلَى مَا أَصَابَكَ إِنَّ ذَلِكَ مِنْ عَزْمِ الْأُمُورِ ۱۷

 “Эй писаракам! Намозро барпо дор ва амри ба маъруф кун ва наҳйи аз мункар намо; ва бар он чӣ ба ту бирасад, сабр кун; дар ҳақиқат, ин аз корҳои устувор аст”.  (Сураи Луқмон, ояти 17)

Ширкат дар маросим ва муносибату идҳои мазҳабӣ ва истифодаи тарбияти аз ин рӯзҳо, пешниҳоди улгуҳои муносиб аз шахсиятҳои мазҳабӣ, пандомӯзи аз достонҳои Паёнбарон (а) низ дар қави шудани рӯҳияи динӣ кӯмак мекунад. Ҳазрати Фотимаи Заҳро(рз) бачаҳояшро ба масҷид мефиристод, то суханони падарашонро шунаванд ва пас аз бозгашт аз онҳо мепурсид.

Албатта ба ғайр аз омӯзишҳои динӣ, омӯзишҳои дигаре ҳам лозим аст, ки бархе аз онҳо аз ҳуқуқӣ фарзанд ба ҳисоб меояд. Расули акрам (с) фармудаанд: “Ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст, ки ба ӯ китобат(саводӣ хондан ва навиштан) шино кардан ва тирандозӣ биёмӯзад ва ба ҷуз ризқӣ ҳалол ба ӯ надиҳад”.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.