Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам

105

Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам

Дарвешеро зарурате пеш омад.

Касе гуфт: Фалон неъмате дорад беқиёс, агар бар ҳоҷати ту воқиф гардад, ҳамоно ки дар қазои он таваққуф раво надорад.

Гуфт: Ман ӯро надонам.

Гуфт: Манат раҳбарӣ кунам.

Дасташ гирифт то ба манзили он шахс даровард.

Якеро дид, лаб фурӯ ҳиштаву тунд нишаста.

Баргашту сухан нагуфт.

Касе гуфташ: Чӣ кардӣ?

Гуфт: Атои ӯро ба лиқои ӯ бахшидам.

Мабар ҳоҷат ба наздики таршрӯй

Ки аз хӯи бадаш фарсуда гардӣ

Агар гӯӣ ғами дил, бо касе гӯй

Ки аз рӯяш ба нақд осуда гардӣ.

(Гулистони Саъдӣ, “Дар фазилати қаноат”)

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.