Ҳусни муошират аз дидгоҳи Қуръони карим

121

Ҳусни муошират

Зан ва марде, ки ба ихтиёр ва иродаи хеш паймони заношуӣ мебанданд, бо ташкили оила ва барои расидан ба ҳадафи издивоҷ, ки ба таъбири Қуръон, касби сакина ва оромиши завҷайн аст талош мекунанд. Аммо ташкили оила ба танҳоӣ кифоят намекунад балки ҳар як аз афроди хонавода барои расидан ба оромиш, вазифаҳое доранд. Касби оромиш ва ҳамдилӣ, тарбияти фарзандони солеҳ ва бақои хонавода, навъи хос аз рафтори завҷайн нисбат ба якдигарро талаб мекунад, ки дар истилоҳ ба он «ҳусни муошират» (хушрафторӣ) гуфта мешавад.

Пурсиши ин мақола, ин аст, ки ҳусни муоширати зан ва мард дар хонавода чигуна аст? Намунаҳои он чист? Ва дар Қуръони маҷид, ривоёт, китобҳои тафсирӣ ва ахлоқӣ чигуна ба ин мавзӯъ пардохта шудааст?

Имрӯза бо таваҷҷуҳ ба боло рафтани омори талоқ ва низоъҳои хонаводагӣ, ба назар мерасад ҳамсарон аз амри муҳимми «ҳусни муошират» огоҳии пурра надоранд; ба ин хотир суҳбат кардан дар ин мавзӯъ, зарурат меёбад. Дар ин навиштор талош шуда бо баҳрагирӣ аз Қуръони маҷид ва ривояёти хонадони Расули акарам (алайҳимассалом) ба пурсишҳои ёд шуда низ посухи кӯтоҳ ва муносиб дода шавад.

 Маънои ҳусни муошират

Ҳусни муошират, мафҳуми Қуръонӣ аст, ки аз ояти шарифаи«وَعَاشِرُوهُنَّ بِالْمَعْرُوفِ»  гирифта шудааст.

Хулосаи таърифҳоеро, ки барои «ҳусни муошират» баён шудааст пешкаши хонандаҳои муҳтарам мекунем:

  • Рафторе, ки назди ақл, ваҳй ва соҳиби шариат ба расмият шинохта шавад.
  • Дӯрӣ аз аъмоли ба вуҷуд оварандаи кинаву кудурат ва озордиҳанда ва дӯрӣ аз доду фарёд ё носазогӯӣ ва муҷодила.

Метавон гуфт, ки агар зану шавҳар бо якдигар бадрафторӣ ва хушунат накунанд ва сабаби озор ва азияти якдигар нашаванд, дар воқеъ бо якдигар ҳусни муошират доранд.

Зарурати ҳусни муошират дар зиндагӣ

Инсон бо вижагиҳое аз ҳайвон ҷудо мешавад. Тафовути муҳим миёни инсон ва ҳайвон ин аст, ки ҳайвон агар сер шавад ва ниёзи ҷисмиаш таъмин шавад, ниёзи отифӣ ва ахлоқӣ надорад. Аммо инсон ингуна нест; Балки ниёзи дигаре ҳам дорад ва он, ниёз ба муоширати отифӣ ва ахлоқӣ аст. Инсонҳо дар ин муошират бояд аз якдигар сафо, самимият, вафодорӣ ва гузашт бубинанд. Дар маҳдудаи зиндагии хонаводагӣ, ниёз ба муҳаббат ва отифа бештар аст.(4) Зербино ва пояҳои аслии хонавода, ҳусни муошират аст. Агар шароити зиндагӣ аз ҳар ҷиҳат дилхоҳ бошад аммо ҳусни муошират дар он набошад, ин гуна зиндагӣ ба осонӣ аз байн меравад. Асоси ҳусни муошират, шинохти мақом ва манзилт ва ҳуқуқи якдигар аст. Зан бояд бидонад, ки ҳуқуқи мард, чист ва мақом ва манзалати ӯ кадом аст? Ва мард ҳам бояд аз ҳуқуқ ва мақом ва манзилати зан огоҳ бошад ва ҳар як бояд худро барои адои ҳаққ дигарӣ вазифадор бидонанд. Ва ҳамон [вазоифе], ки бар уҳдаи занон аст ба таври шоиста ба нафъи онон [бар уҳдаи мардон] аст.

Дар ояти дигар барои инки ба хонавода истеҳком ва эътибор бахшад ва ҷилави суъ истифодаи мард аз қудрати хешро бигирад, ба ӯ дастурҳои медиҳад ва дар идома он мефармояд: «ва бо онон ба таври шоиста рафтор кунед ва агар аз онҳо кароҳат доштед, чӣ басо чизе хушоянди шумо набошад ва Худо хайри фаровоне дар он қарор медиҳад».

Фалсафаи ин дастурҳо, эҳтиром ба озодӣ ва ҳуқуқи зан аст. Худой бузург дар ин оя бо як фармони куллӣ, мардро вазифадор ба ҳусни муошират мекунад ва дар идомаи ин дастур, ки дар ҳақиқат поя ва асоси бинои азими хонавода аст мефармояд: Агар аҳёнан аз занатон хушатон намеояд, боз ҳам ҳақ надоред ҳусни муоширатро зери по бигузоред; Чаро, ки шумо аз асрори ғайб огоҳӣ надоред ва шояд Худо хайри шуморо дар вуҷуди ҳамин зане қарор дода бошад, ки шумо аз ӯ хушатон намеояд.

Ояти шарифа дар воқеъ мегӯяд, ки шумо мардон натанҳо ҳақ надоред барои судҷӯӣ ва комҷӯиҳои худ бо сахтгирӣ бар занон, ба онон тааддӣ карда ва ба зурӣ ва иҷбор меҳрия ё амвол ва дороиҳои онҳоро аз дасташон хориҷ кунед, балки вазифа доред бо ҳусни муошират ва рафтору ахлоқи мутаораф, сбаби дилгармии, онон шуда ва конуни хонаводаро гарм ва пурнишот созед.

Таъбири ҳусни муошират, ки дар Қуръон ба унвони як вазифа барои шавҳар ва ба унвони як ҳаққ барои зан матраҳ шуда, омили мустаҳкам шудани зиндагии хонаводагӣ ва давоми он аст ва ин, манзари равоншинохти дорад; Чаро, ки ҳусни рафтор бар мабнои «Инсон бандаи касе аст, ки ба ӯ эҳсон мекунад», муҳаббат офарин аст ва бо муҳаббат, ҳамаи сахтиҳо осон ва қобили таҳаммул шуда ва дар ин фарз, зиндагӣ ширин ва дилнавоз ва бо давом мешавад ва ин ҳамон сухани илоҳӣ аст, кӣ:

«Магар подоши эҳсон ҷуз эҳсон аст». Оре ҳусни рафтор, рафтори некӯ ва писандидаеро дар пай дорад. Мард бо ҳусни муошират, ниёзҳои рӯҳии ҳамсари худро таъмин мекунад аммо агар хуб бингарем, дар ҳақиқат ниёзҳои рӯҳии худаш низ таъмин мешавад. Мард барои ин, ки муҳити сафо ва оромиш ва осоиш барои худ падид оварад, чорае ҷуз ин надорад, ки ҳамсари худро аз ин назар таъмин кунад.

Ончи Ислом аз як «хонаводаи исломӣ» мехоҳад, ҷозибият аст ва ба ҳамин ҷиҳат марде, ки дар мустаҳкам шудани он талош мекунад, пешвоёни дин дар ҳаққи ӯ дуо кардаанд ва мӯҷиби омурзиши гуноҳони ӯст. Имом Содиқ (алайҳиссалом) мефармояд:

«Худо раҳмат кунад бандаеро, ки миёни худ ва ҳамсараш равобити ҳасана барқарор мекунад» .

Паёмбари гиромӣ (с) ҳам дар сухане ба Алӣ (а) чунин фармуд:

«Эй Алӣ! хидмат ба хонавода, каффораи гуноҳони бузург ва мӯҷиби фурӯнишондани хашми илоҳӣ ва меҳрияи ҳурёни биҳиштӣ ва зиёдшудани ҳасанот ва дарҷот аст. Ё Алӣ! ба хонавода хидмат намекунад магар сиддиқ ё шаҳид ё марде, ки Худо барои ӯ хайри дунё ва охиратро додааст» .

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.