Вазифаҳои муҳимми зану шавҳар

40

Вазифаҳои муҳимми зану шавҳар

Вазифаҳои шаръӣ ва ахлоқии зану шавҳар нисбат ба ҳамдигар

Нақши аслии як шахси оиладор, бароварда кардани ниёзҳои ҳамсар ва барқарор кардани дӯстӣ ва бовар кардан ба ҳамдигар ва ба бовари ҳимдигар сазовор шудан аст.

Дар издивоҷ, ҳамсар вазифадор мешавад, дар ҳама ҳолатҳо, дар саломатӣ ва беморӣ ва мусибат аз якдигар муроқибат ва ҳимоят кунад.

Ин боварӣ ва итминон ва эътимод ба ҳамдигар сабаб мешавад, ки инсон эҳсоси танҳоӣ накунад ва ба мо нишон медиҳад, ки мо дар мушкилоти зиндагӣ танҳо нестем ва метавонем ба ҳамдигар ба унвони зану шавҳар такя кунем.

Шинохтани ҳаққу ҳуқуқи ҳамдигар ва эҳтирому ҳимоят аз ҳамдигар, дар хонавода ба мо кӯмак мекунад, ки самимияти бештаре дошта бошем, оромиш дар хонаводаамон ҳукмфармо бошад…

Дар идомаи баҳс, ба чанд намуна аз вазифаҳои шаръӣ ва ахлоқии зану шавҳар нисбат ба ҳамдигар ишора мекунем ва дар навиштаҳои баъдӣ, дар бораи ҳар кадом аз ин мавридҳо, ба таври муфассал баҳс хоҳем намуд.

1 – Рафоқат ва ҳамроҳӣ

2 – Ҳамкорӣ ва ҳамгурӯҳ будан

3 – Пазириши вазифа ва нақши худ дар хонавода

4 – Шарики самимӣ барои ҳамдигар будан

5 – Шиносоии нақши муносиби худ дар хонавода

6 – Ишқ ба ҳамдигар

7 – Ҳимоят ва кӯмак ба ҳамдигар

8 – Ҳифзи шаъну шарофати ҳамдигар

9 – Дар канори ҳам будан

10 – Муҳтарам шумурдани шаъни инсонии ҳамсар

11 – Вафодорӣ ба ҳамсар

12 – Муроқибат аз ҳамдигар…

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.