Таклифи навзодони талоқ

64

Дар сураи Бақара, пас аз баёни оятҳое, ки марбут ба талоқ ва ҷудоии зан ва шавҳар аз якдигар аст, таклифи навзодонро низ равшан мекунад, то онон фидоӣ ихтилофоти падару модар нишаванд:

Ва модарон фарзандони худро ду соли комил шир медиҳанд. [Ин] Барои касест, ки бихоҳад [даврони] ширдиҳиро ба тамом расонад. Ва хӯроки онҳо ва пӯшоки онон ба таври шоиста бар ӯҳдаи падар[-и тифл] аст. Ҳеҷ кас ҷуз ба андозаи тавонаш таклиф намешавад. Набояд модаре ба сабаби фарзандаш ва на падаре ба сабаби фарзандаш зарар расонида шавад; ва монанди ин [ҳукм] бар ӯҳдаи ворис аст. Ва агар он ду бо ризоят ва машварати якдигар бихоҳанд [кӯдакро қабл аз ду сол] аз шир ҷудо кунанд, пас, ҳеҷ гуноҳе бар онҳо нест. Ва [низ] агар бихоҳед барои шир додани фарзандони худ доя бигиред, пас, ҳеҷ гуноҳе бар шумо нест, дар сурате, ки он чиро [ваъда] додаед, ба некӣ бипардозед. Ва тақвои Худоро пеша кунед ва бидонед, ки Худо ба он чи анҷом медиҳед, биност. (Сураи бақара, ояти 233)

Дар поёни баҳси талоқ, лозим аст ба ду саволи матраҳ дар ин замина посух гӯем:

1- Оё Ислом ба мардон иҷозат медиҳад, ки гоҳе ба василаи талоқ додан ва гоҳе ба василаи талоқ надодан, ҳар навъ заҷре, ки дилашон мехоҳад ба зан бидиҳанд?

Посух: Ислом бо асли талоқ мухолиф аст ва мехоҳад, то ҳадди имкон талоқ сурат нагирад. Ислом талоқро дар мавориде, ки чораи мунҳасир ба ҷудоӣ аст таҷвиз кардааст. Ислом мардонеро, ки мураттаб зан мигиранд ва талоқ медиҳанд, душмани Худо медонад.

Дар ривоят аст, ки марде ба Расули Худо(с) гуфт: Ҳамсарамро талоқ додам. Фармуд: Оё кори бади аз ӯ дидӣ? Гуфт: Не Ин амр се мартаба такрор шуд ва он мард бо занҳои мухталиф издивоҷ кард ва ононро талоқ дод онгоҳ Расули Худо(с) фармуд: “Худованд душман медорад ва лаънат мекунад мардон ва занонеро, ки мураттаб ҳамсар иваз мекунанд”.

Ба Паёмбари акрам (с) хабар доданд, ки Абуаюб Ансорӣ тасмим гирифтааст зани худро талоқ диҳад. Он ҳазрат медонист, ки талоқи ӯ бар асоси далели саҳеҳ нест, лизо фармуд: “Гуноҳи бузурги аст”.

Он чи дар сираи пешвоёни дин низ мушоҳида мешавад ин аст, ки талоқ аз ноҳияи онҳо бисёр ба нудрат сурат гирифтааст ва ҳар вақте сурат гирифта, далели маъқул ва мантиқи доштааст. Бо он ки Паёмбар ҳамсарони мутааддиде дошта ва бархе аз онон низ асбоби озори Паёмбарро фароҳам меоварданд, аммо Паёмбар ҳеҷ кадомро талоқ надодааст; агарчи дар сураи Талоқ омадааст, кӣ: “Агар шуморо талоқ диҳад, умед аст, ки Парвардигораш ҳамсароне беҳтар аз шумо барои ӯ ҷойгузин кунад, [занони] мусалмон, мӯъмин, фармонбардор, тавбакунанда, ибодаткунанда, рӯзадор, бева ва дӯшиза.” . (Сураи Таҳрим, ояти 5) тарҳи мавзӯъии талоқ дар ин оят, ба маънои адами вобастагии Паёмбар ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз аст то наздикони Паёмбар гумон накунанд ҳазрат ба онон ниёз дорад ва ё онон афроди муҳимме ҳастанд, балки чӣ басо афроде беҳтар ва лоиқтар аз онон вуҷуд дорад, ки орезуи ҳамсари Паёмбарро дар сар доранд.

Бинобар ин Ислом, талоқро барои рафъи нақш миёни зан ва мард ва расидани онон ба оромиш қарор додааст, гарчи бархе аз мардон ва занон аз ин қонун суъи истифода мекунанд ва ҳар кадом ба гунае дигареро озор медиҳанд.

2 – Агар марде сари носозгори дорад ва вазоиферо, ки Ислом бар ӯҳдаи ӯ гузоштааст, ки баъзе молӣ аст монанде нафақа ва баъзе ахлоқӣ аст, монанди ҳусни муошират ва баъзе марбут ба умури ҷинсӣ аст, монанде ҳаққи ҳамхобагӣ ва омезиш, анҷом намедиҳад; дар айни ҳол, ҳозир ҳам нест занро талоқ диҳад. Дар инҷо чӣ бояд кард? Оё
Ислом ба ҳоким ё қозии шаръӣ иҷозати мудохила медиҳад, ҳамонтур, ки дар мавриди амвол агар низоъ сурат бигирад чунин иҷозатеро медиҳад?

Посух: Аз ояти Қуръон истифода мешавад, ки ҳар марде дар зиндагии хонаводагиаш яке аз ду роҳро бояд интихоб кунад. Бо тамоми ҳуқуқ ва вазоифро ба хубӣ ва шоистагӣ анҷом диҳад: (Сураи Бақара, ояти 229) ё завҷиятро қатъ ва занро раҳо кунад. (Сураи Бақара, ояти 229) Аммо ин ки занро талоқ надиҳад ва ба хубӣ ва шоистагӣ ҳам аз ӯ нигаҳдори накунад, аз назари Ислом мавриди пазириш нест. (Сураи Бақара, ояти 238)

Бинобар ин агар мард бихоҳад ҳамсарашро азият ва озор диҳд ва ҳуқуқи ҳамсариро риоят накунад; Ҳокими шаръ, ӯро эҳзор карда, ибтидо ба ӯ таклифи талоқ мекунад, агар талоқ надод, худи ҳоким, талоқ медиҳад. Имом содиқ (а) дар ривояте, ки Абубасир аз он ҳазрат нақл кардааст, фармуданд: “Ҳар кас зане дорад ва нафақаи ӯро намепардозад, бар пешвои муслимин аст, ки онҳоро (ба воситаи талоқ) аз якдигар ҷудо кунанд”.

“Илоъ” ба маънои савганд хӯрдан барои тарки омезиши ҷинсӣ аст. Ин корро баъзе аз мардон дар замони ҷоҳилият барои дар тангно қарор додани ҳамсарон мекарданд ва бадин васила ононро дар фишори рӯҳӣ ва ғаризиӣ қарор медоданд. На худ, ҳамсари муфиди буданд ва на ононро бо талоқ додан озод мекарданд. Худованди Мутаол, дар ҳимоят аз ҳуқуқи занон, зимни боз гузоштани масири бозгашт, бо ин ида хурофӣ ва савганди беарзиш мубориза намуда ва фармуд: “Барои касоне, ки ба тарки наздикӣ бо занони худ савганд мехӯранд, чаҳор моҳ мӯҳлат аст; ва агар бозгаштанд, пас, ҳамоно Худованд омурзандаи меҳрубон аст”. (Сураи Бақа,  ояти 226)

Ин оят, ба мардон чаҳор моҳ муҳлат медиҳад, ки таклифи ҳамсарони худро равшан кунанд, ё аз савганди худ баргашта ва бо ҳамсари хеш зиндагӣ кунанд ва ё расман ӯро талоқ диҳанд. Албатта ин муддат чаҳор моҳ, на ба хотири эҳтиром ба савганд норавост, балки ба ҷиҳати он аст, ки ҳар марде дар шароити оддӣ низ то чаҳор моҳ бештар ҳаққи адам омезишро надорад.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.