Нуктаҳои муҳим дар тарбияти фарзандон

37

 Талаби кумак аз Худованд

Дар канори ҳамаи талошҳо, бояд волидайн барои тарбияти саҳеҳи фарзанд аз Худованд мадад биҷӯянд; зеро аз як сӯ тавоноиҳои мо маҳдуд ва аз сӯи дигар авомили инҳироф зиёд аст. Модари ҳазрати Марям(а) бо дурандешӣ, илова бар фарзанд, ҳатто барои насли ӯ ҳам дуо мекунад ва аз Худованд ёрӣ металабад: “Ва ман ӯ ва фарзандонашро аз (шарри) шайтони ронда шуда, дар паноҳи ту қарор медиҳам”. (Сураи Оли Имрон, ояти 36)

Ҳазрати Боқир (а) фармуд: “Вақте қасд дорӣ фарзанддор шавӣ, ҳангоми мубошират бигӯ: Худовандо! фарзанде рӯзиям кун ва ӯро парҳезгор қарор деҳ! Онгуна, ки дар хилқаташ зиёда ва нуқсоне набошад ва оқибаташро ба хайр фармо”! дар ин дуо, аввал фарзанди покиза ва ҷанбаи офият ва саломатии ҷисмӣ ва баъд дархости оқибат ба хайрӣ шуда, сипас ба ҷанбаи рӯҳӣ ва маънавии фарзанд таваҷҷуҳ шудааст.

Ҳазрати Саҷҷод (а) дар дуо барои фарзандонаш, аз Худованди Мутаол талаби ёрӣ менамояд: “Ва маро ба тарбият ва адаб ёд додани онҳо ва некӣ кардан ба онҳо ёрӣ фармо”!

Анбиёи илоҳӣ дар дуоҳояшон насли солеҳу покро дархост мекарданд. Монанди ҳазрати Закариё(а) чунин дуо мекунад ва дар сураи Оли Имрон, 38 омадааст. Ёрони Худо фарзандро барои идомаи аҳдофи маънавии худ мехоҳанд ва дар ниёзҳои моддии худ, ба арзишҳои маънавӣ низ таваҷҷуҳ доранд. Ҳамчунин, барои салоҳ ва хубии фарзанд, ҳатто қабл аз инъиқоди нутфа, бояд дуо кард ва аз Худованд, фарзанди солеҳ бихоҳем: «واجعله رب رضیا».

Бале! Фарзанд ва насли солеҳ, ифтихоре барои волидайн аст ва яке аз беҳтарин дуоҳо, дуо дар бораи солеҳ шудани фарзандон мебошад: “фарзандонамро барои ман солеҳ ва шоиста гардон” (Сураи Аҳқоф, ояти 15) ва дуо барои насл, борҳо дар каломи ҳазрати Иброҳим (а) омадааст: (Сураи Бақара, ояти 128)

 Хушрафторӣ, тафреҳ ва нишот

Хушрафторӣ бо кӯдакон, шодӣ ва нишот ва тафреҳи фарзандон, аз муҳимтарин вазифаҳои волидайн дар манзил аст. Тарбияти динӣ, бо муҳаббат, мудоро, хушрафторӣ ва сарвар ҳамроҳ аст. Расули Худо(с) фармуд: «касе, ки мӯъминеро масрур ва хушҳол кунад, маро масрур ва хушҳол намудааст ва касе, ки маро масрур намояд, Худовандро масрур намудааст.» ҳазрати Ризо (а) фармуданд: «баъд аз анҷоми фароиз, ҳеҷ як аз аъмол, дар назди Худованд, бо фазилаттар аз хушнуд кардан ва шодӣ бар муъмин нест.»

Ислом дини фитрат аст ва бо тафреҳ ва шодӣ, ки хостаи ғаризии инсон аст, мухолифате надорад. Ончи мавриди интиқод аст, тафреҳот ва шодиҳои нораво ва нобаҷо аст, ки Қуръон мавориде аз онро баён фармудааст. Аммо агар шодӣ бар асоси ҳаққ ва лутфи илоҳӣ ва хидмат ба мардум ва расидан ба камолот бошад, натанҳо бад нест, балки як арзиш аст: (Юнус, 58) агар волидайн ва мураббиёни дилсӯз барои вақтҳои фароғат ва тафреҳ ва бозии кӯдакон ва навҷавонон барномарезии муносиб дошта бошанд, дигарон наметавонанд аз ин фурсат сӯи истифода кунанд.

 Дуо дар ҳаққи фарзандон

Чӣ басо фарзанди ноаҳл, ки ба волидайни худ бадгӯӣ ва беадабӣ мекунад, вале волидайн бо имон ва дилсӯз, барои ҳидояти фарзанди худ, ҳам аз Худо талаби кумак мекунанд ва ҳам ӯро ба хубиҳо амр ва аз бадиҳо наҳй мекунанд.

 Баҳрагирӣ аз асли тағофул

Яке аз заминаҳои анҷоми хилофи он аст, ки инсон эҳсос кунад, дар хонавода ва ҷомеа обрӯ ва каромат надорад, узраш пазируфта намешавад ва касе ба сухани ӯ эътино намекунад. Дар ин сурат, эҳсоси пастӣ ва беобрӯӣ, ӯро ба ҳар хилоф ва гуноҳе мекашонад. Дар бисёре аз маворид, тағофул ва чашмпӯшӣ аз бархе рафторҳо ва гуфторҳо, беҳтарин кор дар тарбият аст. Гоҳе бояд инсон худро ба ғафлат бизанад ва тазоҳур кунад, ки ман мутаваҷҷеҳи кори хилофи ту нашудам. То аз ин тариқ, каромат ва шахсияти фарзанд шикаста нашавад.

Ҳазрати Яъқуб(а) бо вуҷуди онки медонист фарзандонаш ба дурӯғ мегӯянд, ки гург Юсуфро хӯрдааст, аммо нагуфт, ки шумо дурӯғ мегӯед, балки фармуд: «балки нафасатон коре (бад)-ро барои шумо оростааст.» (Юсуф, 18) бинобарин агар фарзанд гуфт: ман аз ҷайби шумо пул барандоштам, ба гуфтаи ӯ эътимод кун ва дар мақоми исботи дурӯғгӯии ӯ барнаё. Албатта, тағофул дар мавриди хилофҳои шахсӣ, ҷузъӣ ва фардӣ аст; Ва-гарна дар масоил муҳим, ки бетаваҷҷуҳии фарзандро ба сӯи корҳои хилофи бузургтар мекашонад, ҳушмандӣ ва ҳушёрӣ лозим аст.

 Мавъизаи фарзандон

Бузургони дин пайваста фарзандонашонро насиҳат мекарданд. Борҳо фарзандонашро насиҳат ва талхиҳо ва шириниҳои зиндагиро барои онон ташреҳ мекард. Чӣ зебо аст падарон луқмонвор фарзандонашонро насиҳат кунанд ва оҳанг «یا بنیّ! یا بنیّ» (фарзандам! Фарзандам!) дар хонаҳо танинандоз бошад.

Аз мавъиза Луқмон: «ва (ёд кун) замоне, ки Дуқмон ба писараш дар ҳоли мавъизаи ӯ гуфт: «фарзандам! чизеро ҳамтои Худо қарор надеҳ; зеро, ки ширк (ба Худо), қатъан ситами бузург аст.» (Луқмон, 13) меомӯзем, ки аз фарзандонамон ғофил нашавем; чаро, ки фарзанд, ба насиҳат ниёз дорад ва аз рисолатҳои падар нисбат ба фарзанд, мавъиза аст ва беҳтарин роҳи тарбияти саҳеҳи фарзанд, гуфтугӯи самимӣ бо ӯст. Бо навҷавон бояд бо забони мавъиза сухан гуфт, на сарзаниш; ва мавъиза бояд бо муҳаббат ва отифа ҳамроҳ бошад ва аз шароити таъсири мавъиза, эҳтиром ва шахсият додан ба тарафи муқобил аст.

албатта дар панду мавъиза, масоили аслиро дар авлавият қарор диҳем. Ҳамонгуна, ки Луқмон, «тавҳид»-ро, ки муҳимтарин ва меҳваритарин буъди ҳикмат аст, дар супориши худ бо далел овардааст, мо низ бояд пандҳои худро бо далел ва мантиқ баён кунем. Ҳазрати Яъқуб (а) зимни табйини далел барои фарзандаш Юсуф, дар адами баёни хоб барои бародарон, ӯро аз кӯдакӣ бо адовати шайтон ошно ва ин нукта калидиро бо фарзандаш матраҳ менамояд: «(Яъқуб) гуфт: эй писари кӯчакам! хобатро барои бародаронат бозгӯ накун, ки бароят нақшае мекашанд. Ҳамоно шайтон, барои инсон душмани ошкор аст.» (Юсуф, 5)

 Муроқибат аз дӯстони фарзанд

Солим будани хонавода ба танҳоӣ кофӣ нест, муҳити олӯда мояи бисёре аз инҳирофҳо мешавад. Пас волидайн, нисбат ба дӯстони фарзанди худ, бояд муроқибат дошта бошанд. Инсон ба рафиқи хуб ниёз дорад; аммо ҳамнишинӣ бо афроди нобоб, ҳатто писари паёмбарро аз ойини ҳаққ ҷудо месозад; он гуна, ки ҳазрати Нӯҳ(а) ба фарзандаш хитоб мекунад. (Ҳуд, 42). Саъдӣ дар ин бора мегӯяд:

Писари Нӯҳ бо бадон биншаст / хонадони нубуваташ гум шуд

Ислом барои интихоби дӯст, супоришҳои бисёр дорад ва дӯстӣ бо афродеро ташвеқ ва аз дӯстӣ бо афроде наҳй кардааст. Дар ривоят омадааст, кӣ: «танҳоӣ: аз рафиқи бад беҳтар аст.» Ҳамчунин, вақте аз Паёмбар(с) пурсиданд: беҳтарин дӯст кист? Фармуд: «касе, ки дидораш шуморо ба ёди Худо андозад, ва гуфтораш ба илми шумо бияфзояд ва кирдораш ёди қиёматро дар шумо зинда кунад.» дар шеъри шоирон низ ба муошират ва ҳамнишинӣ бо дӯстони хуб бисёр супориш шудааст;

Ҳамнишини ту аз ту беҳ бояд / то туро ақлу дин бияфзояд

Ва аз ҳамнишинӣ бо дӯстони бад мазаммат шудааст, рафиқи бад, ба мори хушхатту холе ташбеҳ шудааст, ки заҳри кушанда дар дарун дорад;

То тавонӣ дур бош аз ёри бад / ёри бад бадтар бувад аз мори бад

Мори бад танҳо туро бар ҷон занад / ёри бад бар ҷон ва бар имонат занад

Албатта, дар канори дӯстони хуб, рафиқ шудани волидайн бо фарзандони худ ва қарор додани худашон дар сатҳи онон, метавонад фарзандонро аз ҷазб шудан ба дӯстони ноаҳл дур намояд.

 Таваҷҷуҳ ба усули танбиҳ ва ташвиқ

Ташвиқ ва танбиҳ, ҳарду созанда ва тарбияткунанда аст ва усуле дорад, ки волидайн бояд бояд ба он таваҷҷӯҳ дошта бошанд. Дар ин бора матлабҳои фаровоне аст, ки ба шакли гузаро ба ин ду асли муҳим ишора мекунем.

Ташвиқ ва ваъдаи подош, қавитарин омили ҳаракат аст ва корҳои душвор, ниёз ба ташвиқ, тарғиб ва талқин дорад. Худованд барои тарғиби мардум ба корҳои хайр, ваъдаи подоши чандбаробар додааст. Дар шева тарбияти Ислом, ташвиқ даҳбаробар танбиҳ аст ва Худованди Мутаол, дар подош бо фазли худ рафтор мекунад, вале дар кайфар, бо адл: “ҳаркас некӣ оварад, пас барои ӯ подоши даҳбаробар аст ва ҳаркас бадӣ овард, ҷуз монанди он кайфар нахоҳад дид ва ба онон ҳаргиз ситам нахоҳад шуд”. (Сураи Анъом, ояти 160)

Дар канори ташвиқ, танбиҳ низ дар тарбият муҳим аст. Албатта бояд дар ташвиқ ва подош суръат гирифт, вале дар кайфар ва танбиҳ набояд шитоб кард. Рафтори кӯдакон, бояд таҳаммул шавад. Чаро, ки ҳар хато ва иштибоҳе қобили танбиҳ нест. Танбиҳ, шароите дорад:

Аз ҷурм бештар набошад, фавқи тоқату таҳаммул набошад, бо ҷурм муносиб бошад, монанди як жондорм бархурд нашавад, кори бад накӯҳиш шавад, на худи кӯдак , танбиҳ дар сурате бошад, ки соири роҳҳои тарбияти муассир нагардад, бо бадзабонӣ (мисли ҳақорат) ҳамроҳ набошад, қудрат ва заъфи кӯдак дар назар гирифта шавад, ба сурате набошад, ки кӯдак волидайнро душмани худ бидонад ва хаёл кунад мавриди бемеҳрӣ қарор гирифтааст, танбиҳи истисно бошад на одат, мавриди танбиҳ, ҷузъӣ ва мисдоқи бошад, то фарзанд бифаҳмад ба чӣ далел танбиҳ мешавад, дар баробари дигарон набошад, ҳолати интиқом гирифтан надошта бошад, танбиҳ дар канори ташвиқ корҳои неки ӯ бошад.

Албатта, дар ривоятҳо аз задани кӯдакон наҳй шудааст. Шахсе аз фарзандаш назди ҳазрати Козим (а) шикоят кард, ҳазрат фармуд: “ӯро назан ва (муддате қаҳр кун) албатта тӯл надеҳ”.

 

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.