Ҳукми пушидани либосҳои танг

99

 

Пушидани либоси танге, ки мавзиъҳои шаҳватнагези занро намоён мекунад ҳаром аст. Паёмбар алайҳиссалом ин занҳоро аз аҳли дузах шумор карда гуфтанд:”онҳо либосдори бараҳна ҳастанд.” Яъне дар тан либос доранд вале аз сабаби тангии либос ё тунукии он мисли бараҳна ҳастанд.  Дар ҳадиси дигар омадааст, ки Паёмбар (с) ба усома либоси қибти (либоси мисри, ки бар тан мечаспад) ҳадя кард. Усома он либосро ба занаш пушонид. Пас Паёмбар алайҳиссалом ба Усома гуфт:”Чаро либоси қибтиро намепуши?” Усома гуфт: онро ба занам пушонидам. Паёмбар (с) ба ӯ гуфт”Ҳамсаратро амр кун аз зери он либосе бипушад, зеро ман метарсам, ки ҳаҷми андомҳои занатро намоён кунад.” Ривояти Аҳмад ва Ибни Абишайба. Аз ин ривоёт гирифта уламо пушидани либоси тангро барои зан ҳаром медонанд. Бинобарин либосҳои танге, ки баъзе хоҳарони исломӣ  мепушанд ҳаром аст. Барои падарону модарон воҷиб аст, ки ба либосҳои духтарони худ аҳаммият диҳанд ва нагузоранд чунин либосҳои шаҳватбарангез бипушанд.

 

You might also like
1 Comment
  1. Amir Emri tjk says

    Ташаккури зиёд ибрат шуд дар мо бародарон ки хонаводахои худро насихат кунем

Leave A Reply

Your email address will not be published.