Зиндагиамонро зеботар кунем

37

Зиндагиамонро зеботар кунем

Чӣ гуна зиндагиро зеботар кунем?

Дар атрофи мо хеле чизҳо ҳаст, ки мумкин аст хушбахтиро аз мо бигирад, аммо агар ин чизҳоро ба дурустӣ идора ва мудирият кунем, метавонад асабоният ва хастагию нороҳатиҳои моро ба оромишу тавозун табдил кунад.

Беҳтару зеботар сохтани зиндагӣ ҳеч рабте ба масоили моддӣ ва иқтисодӣ надорад, балки ин зоти дарунии мост, ки афкору аъмоли моро ба хубиҳову хушиҳо ҳидоят мекунад.

Ба гуфтаи Томас Ҷефферсон: “Сарвату мақом нест, ки ба шумо хушбахтӣ медиҳад, балки оромиш ва иштиғол ва касбу кор аст, ки хушбахтии моро таъмин мекунад”.

Фаромӯш карданро ёд бигирем

Барои зиндагии зебо ва барои ба даст овардани хушбахтӣ, аввалин қадам ин аст, ки мо фаромӯш карданро ёд бигирем.

Ҳоло фаромӯш карданро ёд бигирем, яъне чӣ? Оё ба ин маъност, ки мо фаромӯшхотир шавем, “склероз” шавем? На. Балки ба ин маъност, ки бархе мушкилоти зиндагӣ, ки роҳи ҳаллаш дар дасти мо нест, дар борааш фикр накунем.

Гоҳе пеш меояд, ки муддати зиёде, аз чизе нороҳат ҳастем ва баъд мефаҳмем, ки бидуни ин ки мо коре бикунем мушкил худаш ҳал шудааст. Ин миён, ин ҳама фикру хаёлҳои озордиҳандаи мо мемонад.

Хеле вақтҳо аз чизҳое дар зиндагӣ нороҳат мешавем, ки ё хеле ҷузъию ночиз ҳастанд ва ё аз дасти мо берун ва ҳар чӣ қадар ҳам ки нигарони он бошем, фоидае надорад; барои ҳамин аст, гуфтем, ин гуна мушкилотро фаромӯш кунем, яъне дар борааш зиёд фикр накунем ва зеҳнамонро машғул надорем.

Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.