Фоидаҳои мутолиа

109

Вазифаи дигари падару модар ин аст, ки фарзандонашонро тавре парвариш диҳанд, ки ба касби илму дониш, мутолиа рағбат дошта бошанд. Алоқа ба китобхони модарзод нест, балки муҳити хона, гуфтору рафтори волидайн асаргузор ҳастанд. Волидайне, ки алоқа доранд фарзандонашон аҳли мутолиа бошанд, бояд дар аввал худ аҳли он бошанд ва барои касби илму дониш алоқа нишон диҳанд. Муҳити манзилашон муҳити илму донишу мутолиа бошад, бо гуфтану амал кардан, кӯдакашонро ба китобхонӣ ташвиқ кунанд. Беҳтар аст, ин равишро пеш аз мактаб рафтан ба ӯ омӯзонанд. Сараввал барояшон китоб хонанд, яъне китобҳои соддаву қобили фаҳм ва ширин барои кӯдакон таҳия кунанд ва агар китобҳо дорои тасвир ҳам бошанд беҳтар аст. Падар, модар, хоҳар ва ё бародар барои онҳо китобро оҳиста ва бо тааммул хонанд, агар китоб тасвир дошт достонро бо тасвирҳояш баробар карда хонанд, баъд аз ӯ хоҳанд, то хулосаи достонро худи кӯдак боз гӯ кунад. Агар китоб шеърҳои кӯтоҳе дорад онро аз ёд кунад. Аммо набояд ҳам дар ин бора зиёдаравӣ шавад, то аз мутолиаи китоб гӯрезон шаванд. Инҳо то вақте, ки худи ӯ ёд гирад хондану навиштанро идома диҳед, вақте ки худи ӯ қодир ба хондан буд мутолиаро ба худаш супоред, фақат ҳангоми мутолиа ба хондаҳояш таваҷҷӯҳ кунед ва дар бораи мавзӯъҳои он аз ӯ савол пурсед ва ҳамчунин дар бораи матлабҳои гуногуни китоб бо онҳо гуфтугӯ кунед. Ин равишро то вақте, ки кӯдак ба китоб хондан алоқа пайдо кунад идома диҳед.

Чанд нуктаеро ба падару модарон ёдоварӣ мекунем:

  1. Кӯдакон қиссаҳоро дӯст доранд ва матолибашро хуб мефаҳманд, аммо матлабҳои куллиро зиёд намефаҳманд ва чандон алоқае ба он надоранд ба ҳамин хотир то ҷое, ки метавонед китобҳои қисса барояшон гиред.
  2. Кӯдакон завқу алоқаи гуногун доранд, пеш аз он ки барояшон китоб харед аввал фаҳмед, ки кӯдакатон ба чӣ чизҳое алоқа дорад ва тибқи он алоқаҳояш китоб харед. Аз харидани китобҳои сахтфаҳм иҷтиноб кунед, чун кӯдакон дар охир аз хонданаш хаста шуда, мутолиа карданро канор мегузоранд.
  3. Чун кӯдак дар ҳоли калон шудан аст, китоб ҳам метавонад дар он таъсир гузорад, бинобар ин ҳар китобе ҳам барои тарбияти ӯ хуб нест. Пеш аз он, падару модар худ китобро мутолиа кунанд, баъд онро дар ихтиёри кӯдак қарор диҳанд. Китобҳои бад таъсири баде дар рӯҳи кӯдак гузошта тарбияти кӯдакро душвор мекунанд.
  4. Анвои китобҳои ҷиноӣ, дӯздӣ, полиси ҳам барои кӯдакон хуб нестанд, чун қатлу ҷиноят ва дӯздиро ба онҳо ёд медиҳанд ва ба рӯҳу равони кӯдак зарба мезананд. Ҳамчунин китобҳое, ки муҳаррики ҷинсии кӯдакон аст низ барои онҳо зиёнбахш ҳастанд, зеро мумкин аст ғаризаи ҷинсияшонро зудтар аз вақташ бедор кунанд ва боиси фасодашон гарданд.

Кош падару модарон аз гуфтани қиссаҳои дурӯғин даст кадиша ба гуфтани қиссаҳои Қуръонӣ ва воқеи мерафтанд.

  1. Ҳадафи мутолиа танҳо саргарми нест, балки фаҳми матлабҳо ва истифода аз онҳо ҳам мебошад.

Муҳим нест кӯдаки шумо чӣ қадр китоб хондааст, муҳим ин аст, ки чӣ гуна хондааст, оё рӯяки хондааст ва ё ба тааммул ва фаҳм. Падару модарон бояд ба ин диққат кунанд ва гаҳ гоҳе матлабҳои китобро аз кӯдак пурсанд ва фикрашро дар бораи дуруст будан ва ё набудани он матлабҳо ҷӯё шаванд, аз ӯ пурсанд, ки аз хондани ин китоб чӣ чизҳоеро фаҳмидӣ ва чӣ чизҳоеро ёд гирифтӣ.

кӯдак

  1. Кӯдакон ба китобҳои афсонагии дурӯғин, ки шигифтовар ҳастанд хеле алоқа доранд, баъзе аз донишмандон ҳам ин алоқаи кӯдаконро ҷонибдорӣ мекунанд ва мегӯянд, ки ин гуна китобҳо қудрати хаёлии кӯдаконро қави мекунанд, лекин баъзеҳо ҳам мухолиф буда мегӯянд: Ин гуна китобҳое, ки достонҳои дурӯғин доранд, кӯдаконро ба дурӯғ одат дода ва фикрҳои дурӯғинро дар зеҳнашон ворид карда боис мешаванд, то кӯдакон аз дунёи воқеи дур бошанд ва ҳангоме, ки кӯдак дар синни бузугсолӣ ба мушкиле бархӯрд кунад, ҳатман интизор дорад мушкилашро аз роҳҳои ғайри воқеи ҳал кунад.
  2. Дуруст аст, ки кӯдакон китобҳои достониро зиёд дӯст медоранд, аммо набояд ҳамеша ба хондани китобҳои достони одат дошта бошанд, гаҳ гоҳе китобҳои илмӣ, ахлоқӣ, иҷтимоии соддаро дар ихтиёрашон гузоред, то ба фаҳму дарки матлабҳои илмӣ даст ёбанд.
  3. Чунин нест, ки ҳамаи кӯдакон достонҳои дурӯғинро дӯст дошта бошанд, балки достони зиндагии одамҳои воқеи, ки қаҳрамон будаандро низ дӯст доранд ва бо хондани чунин китобҳое онҳоро сармашқ ва улгуи худ қарор медиҳанд. Хондани ин чунин китобҳо барои кӯдакон ҷаззоб ва дарс омӯз ҳастанд.
You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.