Таъсири хӯроки ҳаром дар навзод

117

 

Паёмбари Худо (с): Эй писари Масъуд! Ҳаром махӯр, ҳаром мапӯш, аз роҳи ҳаром зан магир ва нофармонии Худоро макун, зеро Худованди Мутаол ба Иблис мефармояд: «Ва бо бонги худ ҳар киро метавонӣ аз ҷой баркан ва бо саворону пиёдагонат бар онон битоз ва дар амволу фарзандони онон шарик шав ва ба онон ваъда бидеҳ ва шайтон ҷуз фиреб ба онон ваъда намедиҳад».[1]

1 . Имом Боқир (а): дар бораи шарик шудан шайтон пурсидам. Яъне сухани Худованд: «Ва дар амволу авлоди онон шарик шав».

Имом (а) фармуд: Он чӣ аз моли ҳаром ба вуҷуд ояд, шарики шайтон аст. Гоҳ шайтон ҳамроҳи мард аст то ин ки омезиш кунад. Аз ин рў агар моли ў ҳаром бошад, фарзанд аз нутфаи шайтон ва нутфаи мард хоҳад буд.

2.Имом Содиқ (а): Ҳамтои шайтон фарзанде аст, ки аз моли ҳаром ба вуҷуд ояд. Чунин фарзанде дар воқеъ аз мушорикати шайтон мутаваллид шудааст. Агар мол ҳаром бошад, ў ҳамроҳи мард хоҳад буд то ин ки омезиш кунад ва аз ин рў нутфааш бо нутфаи мард меомезад. Ҳарду нуфта бо ҳам омехта ҳастанд. Гоҳе фарзанд аз як нутфа офарида мешавад ва гоҳе аз ҳарду бо ҳам.

3.Имом Содиқ (а): Асари даромади ҳаром дар насл ошкор мешавад.

[1] Сураи Исроъ ояти 64.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.