Усули мунозира‎ҳои хонаводагӣ

139

Оромиш, оромиш боз ҳам оромиш

Аввалин қадам барои муваффақият дар ҳар мунозирае ҳифзи оромиш аст. Шумо қарор аст идеа ва фикреро тавзеҳ диҳед, аз он дифоъ кунед ва дар беҳтарин шароит, назари мухолифро, ки хеле мӯҳтарамона баён мешавад бишнавед гоҳе чандон ҳам мӯҳтарамона баён нахоҳад шуд. Дар ҳар сурат шумо бояд битавонед дар камолии оромиш назароти дигаронро ҳам шунида, дуруст баррасӣ кунед ва ҷавоби муносибе барои он бигӯед. Гоҳе шумо дар мунозира бо фарзанди навҷавонатон ҳастед, гоҳе дар муқобили ҳамсаре, ки медонед зуд асабонӣ мешавад ва ҳатто дар як баҳси донишгоҳӣ, ки тарафи муқобилро чандон намешиносед аммо аз шавоҳид ва аксуламалҳояш мутаваҷҷеҳ мешавед, ки музтариб ё асабонӣ аст. Дар ҳар сурт шумо ниёз доред, ки оромишатонро ҳифз кунед. Ин кор ду фоида дорад. Саломатиатон ба хатар намеафтад ва эҳтимоли онки ба натиҷаи дилхоҳатон бирасед дар суратеки бо оромиш сӯҳбат кунед, бештар хоҳад буд.

  Ишрофи комил ба мавзӯъ

Вақте қарор аст дар мавриди мавзӯи хосс бо фард ё афроде вориди мунозира шавед, бояд дар мавриди ан иттилооти комиле ҷамъоварӣ кунед ва нуқтаи ибҳоме барои худатон боқӣ намонад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мунозираатон замони мутафовитеро барои ҷамъоварии иттилоот ва гуфтугӯ бо афроди огоҳ дар назар бигиред. Агар мунозираи шумо бар сари як мавзӯи хонаводагӣ ва дар як ҷамъи фомилӣ аст, ки усулан бидуни агоҳии қаблӣ иттифоқ меафтад, дигар фурсате барои ҷамъоварии иттилоот нест ва беҳтар аст ба он миқдор аз донистаҳоятон иктифо (басанда) кунед, ки бовар доред дуруст аст. Аммо агар дар як мунозираи илмӣ ё иҷтимоӣ ва сиёси ширкат мекунед, аз муддатҳо қабл бо таваҷҷуҳ ба мизони огоҳии худатон ва аҳамияти ҷамъ ва натиҷа барои шумо бояд ба афзоиши огоҳиатон таваҷҷуҳ кунед. Дар мунозира бо фарзандонатон беҳтар аст онҳо ва иттилооташонро дастикам нагиред. Агар фарзанди шумо мехоҳад ба риштаи ҳунар биравад ва шумо эътиқод доред риёзӣ бихонад беҳтар аст, яке аз муҳимтарин мунозираҳои зиндагиатонро пеши рӯ доред, ки натиҷааш метавонад ояндаи фарзандатонро тағйир диҳад.

Риояти мантиқ

Дар тӯли мунозира фаромӯш накунед, ки бояд мантиқӣ ва бо истидлол ҳарфатонро баён кунед. Шумо ниёз доред то сиҳати он чизеро, ки баён мекунед , собит кунед ва дар ин роҳ кумак гирифтан аз омор ва мустанадот метавонад ба шумо кумак кунад. Ҳатто дар мунозираҳои хонаводагӣ ҳам ин асл ба шумо кумак хоҳад кард.

 Пешрафтан дар ҳади ниёз

Дуруст аст, ки дар ҳар навъ аз мунозира шумо мехоҳед пирӯз ва муваффақ шавед аммо гоҳе тарафи муқобилатонро ба иштибоҳ интихоб мекунед. Баҳсеро дар як ҷамъи дӯстона ё фомилӣ боз мекунед ва пеш меравед дар ҳоле ки аз зарфияти пазириш ва ҳатто мизони огоҳии афроди он ҷамъ бехабаред. Дар ҳар сурат шумо бояд ба андозаи қудрати фаҳм ва таҳаммули тарафи муқобил бо вай баҳс ва гуфтугӯ кунед. Агар хеле исрор дошта бошед ба натиҷа бирасед дар ҳоле ки ҷамъи мавҷуд ва ё фарди муқобили шумо тавоноии дарк ва идомаро надошта бошад, ба натиҷаи дилхоҳи худ намерасед. Дар робита бо ҳамсаратон ҳам вақте ӯ хастааст ваё бар рӯи мавзӯе ҳассосият дорад, набояд вориди мунозира шавед ва баҳсро тӯлонӣ кунед. Фарзанди шумо ҳам дар ҳамин қоида мегунҷад. Зарфияти тарафи муқобил дар мунозира бисёр муҳим аст. Хонавода арсаи сиёсӣ нест ва тамоми мунозираҳояш зинда хоҳад буд пас шароити хосси худро металабд.

 Мунозираи беҳуда, мамнуъ

Муроқиб бошед замоне вориди як мунозира шавед, ки бидонед ҳар ду тараф алоқаманд ҳастед ба натиҷаи мантиқӣ ва дуруст бирасед. Агар мебинед тарафи муқобилатон ҳеҷ гироише ба донистани ҳақиқат ва натиҷагирии дуруст, надорад, беҳтар аст ҳамон ибтидо майдонро холӣ кунед чун аъсоб ва оромишатонро аз сари роҳ наёвардаед. Ин мавзӯъ дар ҷамъҳои дӯстона ва хонаводагӣ бештар сидқ мекунад. Дар як мунозираи донишгоҳӣ камтар касе фақат мехоҳад ҳарфи худашро бигӯяд ва биравад ва ба ҳарфи тарафи муқобил аслан таваҷҷуҳе накунад аммо гоҳе байни ҳамсарон ихтилофи назаре пеш меаяд ва бо ҳам мунозира мекунанд аммо на барои расидан ба натиҷаи матлуб балки барои гуфтани ҳарфи худашон ва ҷаҳонбиниашон ин аст. Дар ин сурат бояд аз роҳҳои дигар ва гуфтгӯ то тағйири ин ҷаҳонбинӣ пеш биравед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.