Ҳадди ақали пӯшиши занон дар Қуръон

219

Қуръон зеботарин ва адабомезтарин китобест, ки бар башар зуҳур кардааст. Дар ин китоби зебо бо латофат ва алфози зебо ва адабӣ ба суи занон хитоб нозил шудааст. Хитобҳое, ки ба суи занон нозил шуда хосиятҳои зебоеро дорост, ки бароятон баён хоҳам кард:

1- Инсонияти занро ошкор сохтааст ва ба ин мавҷуд ба сурти як ҷинси мавриди тамаи мардон нанигариста ва бар ҳамин асос хитоб ба гӯнае омада то ба мардон омӯхта шавад, ки сухан бо зан боисти бисёр дақиқ ва мӯҳтарам бошад ва иҳонтомез ва нешдор набошад.

Иллати инки дар сифати пӯшиши занон сухан аз мавориди шаҳватангези (номи андоми зан) наомада, инаст, ки Аллоҳ таоло холиқи ин мавҷуди зебост ва инаст, ки худ ба халқаш эҳтиром дорад ва инаст, ки нахоста ба зан бигӯяд, ки ман туро бо ингуна офариниш, камтар ва поёнтар аз мардон қарор додам то ту ҳамеша ранҷ бикашӣ ва аз худат шармат ояд ва натавонӣ аз худ дифоъ кунӣ!?

Аллоҳ таоло ба ин халқи худаш нишон дода, ки ман туро мешиносам зеро халқат кардам ва инаст, ки медонам ту сухани маро мефаҳмӣ пас лозим нест ҳарфҳоеро бароят бигӯям то дигарон, ки туро намешиносанд қадри туро иштибоҳ бифаҳманд.

Ва инаст, ки Аллоҳ таоло ба халқи худ ингуна хитоб овардааст:

«Эй Паёмбар, ба ҳамсарони худ ва духтарони худ ва ҳамсарони муъминон бигӯ, ки либосҳои худро баланд кунанд то тамоми баданашонро дар бар бигирад ва бипушонад зеро ин камтарин ҳадест, ки ба василааш (ба унвони занони парҳезгор) шинохта хоҳанд шуд ва мавриди иҳонат қарор нахоҳанд гирифт. Худост афвкунанда, меҳрубонтарин». (Сураи Аҳзоб, ояти.59)

«Ва ба занони муъмина бигӯ, ки нигоҳашонро поин ва бадур аз номаҳрамон доранд ва покдомнии худро ҳифз кунанд ва ороишҳо ва зинатҳои худро ошкор насозанд магар ончи зоҳир шуданаш зарурист ва монее надорад (рӯй ва ду кафи даст) ва рӯмолҳояшонро бар гардан ва сина афкананд ва зебоиҳояшонро ошкор насозанд магар барои шавҳаронашон ё падаронашон ё падарони шавҳаронашон ё фарзандонашон ё фарзандони шавҳаронашон ё бародаронашон ва ё писарони бародарон ва хоҳаронашон ё занонашон ва бардаҳои худ ё мардоне, ки рағбати ҷинсӣ дар онон нест ё кӯдаконе, ки ҳанӯз ба андоми занон иттилоъ наёфтаанд.

Ва поҳояшонро бар замин назананд (ки садо диҳад ) зеро ингуна худро ба намоиш мениҳанд ва зинати худ (андоми) худро ошкор месозанд ва ҳамагӣ имон оварандагон боисти ба суи Худо бозгардед то растагор шавед.» (сураи Нур, ояти.31)

Аллоҳ таоло ба зан умуреро мавриди ишора қарор дода, ки зан ба хубӣ онро мешиносад ин умур хеле равшан аст монанди мавриди дувум:

2- Ба заноне, ки худашон русрӣ (рӯймол) ба сар мекардаанд нишон медиҳад, ки он русриатонро боисти ба тавре қарор диҳед ки ҷайбҳо (сандуқи сина ва гардан)-ро бипушонад. Ва ин натиҷа аз оят ба даст меояд, ки занон аз қабл хумор (рӯймол) доштаанд ва рӯмолбасар буданд ва фақат чигунагии бастани рӯмолашон мавриди қабули Аллоҳ Субҳонаҳу ва таоло набуд.

Иллати инки мегӯям занон аз қабл рӯмолбасар будаанд инаст, ки Худованд барояшон гуфта ”хумуриҳинна” рӯмолҳоятон” ва агар онон аз қабл чизе ба сар надоштанд ҳатман Худованд барояшон аввал навъи пӯшиш тавсиф мекард ва баъд мегуфт онро рӯйи сар қарор диҳед баъд онро бикашед рӯйи ҷуюбатон, ки ҳамон пӯшондани гардан ва синааст зеро ҷайб ба қисмате аз либос мегӯянд, ки аз он қисмат гардан ошкор мешавад ё ҷое, ки махфӣ монданаш муҳимм аст.

Ва боз Аллоҳ субҳонаҳу ва таоло ба онон баён фармуда, ки зинати худро ҷуз барои афроди номбурда, ошкор насозанд ва ин афрод, ки дар шурӯи он шавҳар ном бурда шуда на ба ин маъност, ки бо ҳамаи онон ба ҳамон гуна бошанд, ки бо шавҳарон метавонанд бошанд , зеро Аллоҳ Таоло зан ва шавҳарро либоси ҳам муаррифӣ кардааст (… Занонатон либоси шумо ва шумо либоси занонатон ҳастед…) яъне байни онон либос ҳам лозим нест ва худ пӯшиши ҳаманд.

Он афроди номбурда мардоне ҳастанд бо син ва умрҳои мутафовит ва инаст, ки ошкор сохтани зинат наметавонид ба маънои урёнӣ ё шибҳи урёнӣ бошад балки ба маънои зуҳур ба суратест, ки қаблан низ занон ба он одат доштанд монанди пӯшиши ҷисм би гунае, ки шаҳватангез набуда вале такаллуф ва сахтӣ ҳам надоштааст ва инаст, ки зан дар он замон ҳудудашро мушаххас медониста ҳамонтавр, ки мо ҳудуд ва пӯшиши байни наздиконро мешиносем ва инаст, ки ҳаргиз ошкор сохтани сина ва рон дар ин навъ иҷозаи ошкор созӣ нест.

3- Масъалаи дигар чигунакии пӯшиш ва роҳ рафтани зан ба гӯнае, ки зинатро ошкор созад ва инаст, ки Худованд аз задани пойи зан ба замин сухан оварда зеро дар он замон низ зан ба хубӣ медониста, ки садои пойи зан танҳо оҳанг ва тариқаи роҳ рафтани ӯро мушаххас намекунад балки болотар аз онаст ва зинати ӯро ошкор месозад ва ин зинат дар кулл, баёни ҷавонӣ ва шодобӣ ва ниёзи ӯ ба ҷалби мард аст.

Бар ин асос кафшҳои пошнабаланд айнан ҳамон сифати задани поҳо дар вақти пӯшиши халхол ва ошкор созии зинатро доранд зеро бо пӯшиши кафши пошна баланд, тамоюли ҷисми зан дар роҳ рафтан ба тавре мешавад, ки зинати ӯро намоён месозад ва садо ва чигунагии роҳрафтанаш мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад.

Ва  инаст, ки ҳадди ақали пӯшиши зан дар Қуръон пӯшише аст, ки гардан ва синаҳоро бипушонад ва ин мумкин намешавад магар инки рӯмол ба ҷилав оварда шавад зеро агар рӯмол дар ақиби сар бошад боз тамоюл ба ошкор созии ҷуюб (гардан ва сандуқи синаи зан) боқӣ мемонад ва зинати зан ошкор мешавад ва шаке нест, ки мӯйи сар ба унвони зинати зан балки тоҷи сари зан шинохта мешавад, ки ба василаи он худро зинат медиҳад ва занон ба хубӣ медонанд ва ба ороиши мӯҳои худ ифтихор мекунанд!

Пас касе, ки пӯшиши мӯйи занро зарурӣ намешиносад боисти ба хиёбон равад ва занонро ва худнамоияшонро назорагар шавад то беҳтар суханамро бифаҳмад!

Ва  боз ҳадди ақали пӯшиши зан инаст, ки зинатҳояш (андом)-ро намоён насозад ва боз ҳадди ақали пӯшиш инаст, ки рӯпӯши либос (ҷалбоб) то поён ба таври сатру пӯшиш бар тамоми ҷисм қарор гирифта шавад ва ҷалбоб умуман ба либосе гуфта мешавад, ки аз рӯи либоси оддӣ пушида мешавад зеро дар Қомуси мушаххаси Қуръон, ки луғати араб аст ба либоси зери тан, ки бо бадан ламси мустақим дорад ”либос ва савб” гуфта мешавад ва инаст, ки зан ва шавҳарро либоси ҳам мехонад.

Пас ҷалбоб ба монанди або (ҷелак) ё чодар аст вале боисти тамоми ҷисмро аз гардан то нӯги ангушти по дарбар гирифта бошад ва навъи он ба гӯнае бошад, ки шакли ҷисмро ба намоиш наниҳад.

Ва ҳадди ақали пӯшиш дар хона инаст, ки боис нашавад кӯдаке ҷисми занонро хуб бишиносад ва инаст, ки кӯдакон боисти дар муҳити ахлоқӣ ва ғайри таҳрикомез парвариш ёбанд.

4- Ҳол бигузоред бибинем ҳаддиаксари пӯшиш чист?

Қуръон муҳити ҳаддиаксарро бисёр боз карда аст то зани муъмин битавонад дар либоси худ ҳамеша ба суи беҳтарин биравад ва мутмаин бошад, ки Худояш бештарро аз ӯ қабул дошта ва балки бештарин пӯшиш писандидааст. Бо таваҷҷуҳ ба оёте, ки занро ба пинҳон кардани зинат даъват карда, огоҳ шудам ҳар қадар зан худро бештар бипушонад худашро ба ризои Холиқ наздиктар хоҳад кард албатта бо ният ва тақвои дарун то шомили ояти: ”Ва пӯшише, ки худоро дар назар гирифта шавад беҳтарин аст ” бошад.

Ва инаст, ки касе ҷуз Аллоҳ таоло иҷоза надорад барои зан ҳаддиаксар ё ҳудуд дар пӯшиш таъйин намояд ва ҳаргуна таъйини ҳадду марз дар пӯшиш фақат бо иҷозаи Қуръон мумкин аст.

Ва бо муроҷиа ба Қуръон мушаххас мешавад, ки таҳдиди ҳаддиаксар ба ӯҳдаи зани муъмин раҳо шудааст ва он инки ӯ бо ташхиси зинати худ, ба ниҳон сохтани зинат кӯшиш кунад ва зане, ки сартосари баданашро махфӣ месозад ба хубӣ метавонад бо ифтихор эълом дорад, ки ман ҳамоҳанг бо фармони Худоям ҳастам ва худро барои бегона ошкор насохтам ва Худоям маро амр фармуда то чунон бошам, ки мавриди шинохт ва азият воқеъ нашавам. Ва инаст, ки ҳатто бо тафосири зиёд ва муқоиса бо аҳодис ва ахбор, масъала иваз нахоҳад шуд ҷуз дар ин амр, ки мо наметавонем занро ба пӯшиши ҳаддиаксар икроҳ ва иҷбор созем ва ин амр ба ихтиёри зан вогузар шудааст ва ин ҳақиқати Ислом аст, ки зани муъмина худ шарики амрест, ки шиносоии он тавассути Аллоҳ таоло ва худи зан сурат ёфтааст.

Бар ин асос муъминон, мӯътақидам, ки таъйини ҳаддиаксар ё мамнуъияти навъи пӯшиш, ки бо ҳашамати бештари зан дар иртиботаст навъе диктаторист ва ҳатто хилофи ваҳй аст.

 

 Магар башар беҳтар аз холиқи башар мефаҳмд! ?

Ҳол, ки холиқи зан ҳадди пӯшишро ба ин сурати зебо барои зан муаян карда ва ӯро ба пушондани зинат ва беҳтарин роҳи дури аз озори ноаҳлон даъват кардааст, пас касе ҳаққи азият ба занро надорад ва касе ҳаққ надорад ба зан бигӯяд: Рӯятро ошкор кун ва дастат ҳам ошкор кун ва беш аз ин ҳаққи пӯшиш надори !?

Зеро бисёри вақтҳо зан оромиши худро дар пинҳон кардани рӯяш мебинад ба монанди арӯсе, ки ба вақти баромадан аз ороишгоҳ рӯяшро мепӯшонад то касе ба ӯ нигоҳ накунад ва ба ӯ тамаъ накунад.

Албатта ҳадафам бо ин мухтасар ин нест, ки ба хоҳарони азизам бигӯям пӯшиши ман беҳтар аст ё пӯшиши онон балки ҳадафам тазаккур ба ин ҳақиқат аст, ки :

Мо барои пӯшиши беҳтар, боисти мусобиқа ба сӯи хайрот ва некиҳоро роҳандозӣ кунем на инки саде бошем дар роҳи хайр ва некӣ!

Ҳимминтавр, ки Худоямон моро ба сӯи пешқадам шудан дар некиҳо мехонад:

«Ҳар тоифае қиблае дорад, ки Худованд онро таъйин кардааст (бинобарин зиёд дар бораи қибла гуфтугӯ накунед, ва баҷои он) дар некиҳо ва аъмоли хайр бар якдигар сибқат ҷуед, ва ҳар ҷо бошед Худованд шуморо барои подош ва кайфар дар баробари аъмоли нек ва бад дар рӯзи растохез) ҳозир ме‏кунад зеро ӯ бар ҳар коре тавоно аст.» (сураи Бақара, ояти.148) ва дар оёти дигар.[1]

Пас оёте, ки занонро ба пӯшиш амр фармуда хеле зебо аз сифоти либоси зан, ки ҳамон ҷалбоб ва хумор (рӯлибосӣ ва рӯмол) ва пӯшиши поҳо ва ором роҳ рафтан ва пушондани зинат аст, баёни равшан овардааст.

Ва бо такмил шудани ин асл, ки оёти умумии пӯшиш ибтидо аз занони Расули Аллоҳ ва духтаронаш оғоз шуда ва сипас ба занони бақияи ҷомеа, ба ин асл расидам, ки :

Пӯшиш ва сатри занони Расули Аллоҳ ба унвони беҳтарин пӯшиш ва намунаи беҳтарин аст ва ин аст, ки эшон амр шуданд, ки аз пушти ҳиҷоб бо мардон ба тавре, ки ҳатто садояшон низ поён ва нарм набошад, сухан гӯянд.

Ва ҳама медонанд сухан аз пушти ҳиҷоб ба маънои сокин ва ҳабс шудан дар хона нест ва онон муаллимаҳои саҳоба ва занон буданд ва балки амр шуданд ба даъват ба дини Аллоҳ.

Ва инки равиши сухан гуфтан ба онон омӯзонда шуда барои ин буд, ки даъватгарони ба суи дин бошанд на инки сокит ва хонанишин шаванд!

Ва аз оёти Худованд, ки дар хонаҳоятон тиловат мешавад бихонед ва ба дигарон тазаккур диҳед ….

Инаст, ки беҳтарин пӯшишро ”ҳиҷоб” медонам ва ҳиҷоб ҳамон аст, ки зан комилан пушида ва мастур бошад.

Ва бо хондани китоби Аллоҳтаоло мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Аллоҳ таоло расулашро усва ва улгуи мо хондааст ва инаст, ки ахлоқ ва рафтори занони эшон ва духтаронашон низ натиҷаи таълими саҳеҳи шариати Ислом аст, ки боисти мавриди таваҷҷуҳи муслимин воқеъ гардад то уммати Ислом ба иззати худ боз гардад ва ҳама медонем дар давроне, ки муслимин худ як императориияи ҷаҳонӣ шинохта шуда буданд сухан аз кашф ва боз кардани рӯи зан набудааст вале иҷборе ҳам набуда зеро барои мисол канизон ва хидматкорони зан рӯи худро боз нигаҳ медоштанд.

Ва ҳаргиз пӯшиши зан навъе таҳқири шаъни зан набудааст.

[1] . сураи Оли Имрон, ояти 114; сураи Тавба, ояти 88; сураи Муъминун, ояти 61; сураи Фотир, ояти 32

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.