Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати панҷум

124

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати панҷум

Ҳар марде барои ҳалли мушкилоти гуногуни берун аз манзил, ба як рӯҳия қавӣ ва зинда, ниёзманд аст. Ў саъй мекунад, ки аз лаҳзаҳое, ки дар бистар оромбахши хонааш оромиш меёбад, барои кам кардани камбудиҳо ва аз байн бурдани нигарониҳо истифода кунад.

Марде, ки аз неъмати чунин хона ва хонаводае бархӯрдор аст, дар масир зиндагӣ ва анҷом вазифаҳои сиёсӣ, иҷтимоии худ, фарди пирӯз ва муваффақ хоҳад буд.

Ташкили зиндагӣ бо дастури паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳӣ [қисмати аввал]

Фотима саломуллоҳи алайҳо ҷойгоҳ ҳассос ва баланди шавҳаршро медонад; Ҳамчунин медонад, ки Алӣ алайҳиссалом дар муҳити берун бо чӣ мушкилоте рубару аст. Кӯшиши ӯ эҷоди як муҳити ором ва босафо дар даруни хона буд, ва натанҳо сухане, ки мӯҷиб парешонии ӯ бишавад бар забон намеовард, балки ончи мегуфт дар роҳи аҳдофи ҳамсари фидокор ва диловараш буд.

Амирулмуъминин Алӣ алайҳиссалом мавзӯъро ин гуна баён мекунад:

Ҳеҷ гоҳ, Фотима аз ман наранҷид ва ӯ низ ҳаргиз маро наранҷонд; Ўро ба ҳеҷ коре маҷбӯр накардм ва ӯ низ маро озурда нисохт; Дар ҳеҷ амре, қадаме бархилофи майли ботинии ман баранадошт ва ҳар гоҳ, ки ба рухсораш назора мекардам, тамоми ғуссаҳоям бартараф мешуд ва дардҳоямро фаромӯш мекардам. Дар ҷои дигар мефармояд: ба Худо қасам! ҳаргиз коре накардам, ки Фотима хашмгин шавад, ӯ низ ҳеҷ гоҳ маро хашмгин накард.

Исору гузашт дар зиндагӣ

Фотима саломуллоҳи алайҳо дар тамоми муборизоти ҳамсараш, дар муборизоти сиёсӣ ва ҷангҳои низомӣ, мояи умед ва дилгармии ӯ буд; Дар ғиёби шавҳар, хона ва фарзандони ӯро ба хубӣ идора мекард; Бо иштиёқ ба интизори бозгашти шавҳар аз ҷанг менишаст ва тамоми саъй ва кӯшиши худро дар роҳи осоиши ӯ ба кор мебурд, ба тавре, кӣ, вақте Алӣ алайҳиссалом бармегашт ва соатеро дар миён хонаводааш мегузаронд, тамом хастагиҳои ҳосил аз ҷангҳои тоқатфарсо, аз тани ӯ мерафт ва бо хиёли осуда, худро омодаи набардҳои оянда менамуд.

Вақте Алӣ алайҳиссалом аз ҷабҳа бармегарданд, Фотима саломуллоҳи алайҳо ба истиқболи ӯ меравад ва бо рӯйи кушода ва лабханди ҳокӣ аз ризоят ва ифтихор ба ӯ менигарад, либос ва шамшери хунолуди ӯро мешуяд ва аз ҳаводиси майдони ҷанг аз ӯ мепурсад ва бад-ин васила нақши худ дар ҷиҳоди сарнавиштсози Ислом ва дар тақвияти равонии шавҳари муҷоҳидаш, ифо мекунад.

 

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати аввал

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати дуввум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати севвум

Сираи Фотимаи Заҳро саломуллоҳи алайҳо – қисмати чаҳорум

Пойгоҳи интернетии “Хонаводаи намуна

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.