Thursday 21st September 2017
  • #
  • #
  • #
  • #

Тавсияҳое барои дармони афсурдагӣ

Ашхоси афсурда умеде ба зиндагӣ надоранд ва эҳсоси аҷзу нотавонӣ мекунанд.

Тавсияи мо ба Шумо ин аст,  ки  барои ҳалли ин масъала  мавридҳои  зерро дар назар дошта бошед.

Умеди худро ба Худо аз даст надиҳед  ва ба ёд дошта бошад ҳеч  кас ба андозаи Худованд нисбат ба мардум дилсузӣ  надорад.

Тавсиаи  дигари  мо ба Шумо ин аст, ки ба худ ҳарфҳои умедворкунанда бизанед. Шумо метавонед ин ҳарфҳоро бар руи коғаз биоваред ва ҳар рӯз бихонед. Ҳатто  агар Шумо ба ин ҳарфҳо эътиқод надошта бошед такрори  онҳо натоиҷи мусбати зиёде хоҳад дошт. Дар тамоми мароҳил аз Худо  кумак бихоҳед.Рафтори дустонае  дошта бошед.Муҳаббат  кардан ба мардум аз назари руҳӣ  таъсироти мусбати зиёде дорад. Бадтарин  коре  ки   як шахси   афсурда  метавонад анҷом диҳад ин аст, ки  танҳо бимонад.

Афсурдагӣ   дар танҳои ташдид мешавад. Албатта шахси  афсурда тамоиле ба ҳузур дар ҷамъиятро надорад, вале вай бояд худро маҷбур ба ин кор кунад.Дар як дарси ҳунарӣ ё варзиши  номнависӣ  кунед,

дустонатонро барои сарфи ноҳор(хуроки нисфирӯзӣ) ба хона  даъват намоед ва ё ба дидани солмандон ва беморон биравед.Хандиданро аз ёд набаред.Ба тамошои филмҳои  ҳаҷвӣ  ва мутолиъаи  китобҳои дилхушкунанда бипардозед. Беҳтарин   кор ин аст  ки ба ҳамроҳии дустонатон бихандед.

Хандидан руи  маводи кимиёии мағз таъсири мусбат  мегузорад ва боис мешавад эҳсоси хубе пайдо  кунед.Худро машғул  нигаҳ доред.Ҳамаи мо эҳтиёҷ дорем худро ба коре машғул  кунем.

Агар барои ҳалли  мушкили  дигарон талош кунед камтар ба худатон  меандешед. Ёдатон бошад  эҳсоси шодӣ  мисли бумеранг аст.

Вақте  Шумо дигаронро шод  мекунед, ин шодӣ  ба суи Шумо бармегардад.Бо  кумак кардан ба дигарон эҳсос мекунед дар ин ҷаҳон нақши мусбатеро  бар уҳда доред ва ин масъала ба тақвияти иззати нафс(худбовари)и Шумо мунҷар мешавад.

Фаъолитҳои баданиро аз ёд набаредАз қадим гуфтаанд: фикри солим дар бадани солим аст, фаъолияти баданӣ дар саломатӣ нақши муҳимме дорад. Ҳато як пиёдаравии одди , нафаскашӣ дар  ҳавои тоза ва тамошои зебоиҳои табиъат бисёр муфид аст.Миёни «танҳоӣ» ва «дар ҷамъ будан» таъодул барқарор кунедҲаргиз натиҷаҳои мусбати дуо хонданро нодида нагиред. Дуо хондан роҳи бисёр хубе барои ҳарф задан бо Худованд аст ва яке аз беҳтарин роҳҳои зидди афсурдагӣ маҳсуб мешавад.

 

Share



Назари худро бинависед