Панҷ мушкили байналмилалии заношуӣ

98

4

Ҳамсарам дар корҳои хон кумаке намекунад.? Ҳамсарам ба ман бетаваҷҷӯҳ аст.? Робитаи ман ва хуштоманам вайрон шудааст: савол ва ҷавобҳое ки бо мушовирон, ки мутмаиннан барои шумоҳам фоидадор хоҳад буд.
1-Ҳамсарам ба ман кумак намекунад.
Савол: 10 сол аст, ки издивоз кардаем ва соҳиби 3 писар ҳастем. Ман ва ҳамсарам қарор гузоштем, ки дар тамоми корҳо боҳам саҳим бошем, аммо воқеият чизи дигаре аст. Тамоми вақт кор мекунам ва замоне, ки ба хона бармегардам, шуғли дуввуми худро шуруъ мекунам. Ҳамсарам фикр мекунад бояд барои коре мисли холикардани зарфшуӣ бояд мидол бигирад. Ба хотири ин, муддатҳост бигумагу ва ҷангу ҷанҷол мекунем. Ба ман чи пешниҳоде мекунед.?
Нонт Барман ингуна ҷавоб медиҳад:
Ҷавоб: аз завоҳи кор баназар мерасад ҳар коре, ки шумо дунафар анҷом медиҳед, мавриди сарзаниши тарафи муқобил қарор мегиред ва аслан аз якдигар тамҷид ва таҳсин намекунед. Шумо дар ин ки кадоми аз шумо баранда шавед ба рақобат мепардозед. Дар натиҷа вақте рӯи барандашудан таваҷҷӯҳ кунед, ҳеҷ фоидае ҳосил намешавад. Пеш аз ин ки, битавонед роҳе барои раҳои аз ин кашмакаш пайдо кунед, бояд ба худ як истироҳат бидиҳед шояд осон набошад, ки ба таниш ва хашме ки ҳардуи шуморо фаро гирифта аст, таваҷҷӯҳ кунед, аммо ба шумо ду пешниҳод мекунам:
Аввалан: вақтеро муаян кунед, ки битавонед бо якдигар бигузаронед.
Аз анҷомдодани чи коре лаззат мебаред? Шомро дар як рестаран хурдан? Назди соҳил қадамзадан ва тафриҳ кардан? Дучархасавори кардан? Медонам, ки шояд бо худ фикр кунед, чи далиле вуҷуд дорад, ки бо касе ки ҳатто дар як хонаҳам наметавонам уро таҳаммул кунам, ба гардиш биравам? Агар энержигирифтанро қисмате аз равобити худ бисозед, мефаҳмед, ки далиле барои ин 10 сол будан бо якдигар вуҷуд дорад. Калиди он дар андешаи лаҳзаҳое аст, ки бо якдигар дар тамос будаед. Ҳамчунин сабаб мешавад, ки роҳаттар дар бораи эҳсосоти худ суҳбат кунед.
Дуввуман: ҳаркадом аз шумо бояд листе аз корҳое, ки метавонед дар хона анҷом диҳед, ро омода кунед. Набояд ба таври мураттаб листро ба ҳамдигар нишон диҳед ва бигуед, бубин ман чиқадар кор анҷом медиҳам. Дар аваз, онро як листи таҳсини дар назар бигиред. Замоне ки мо парешон хотири ва нигарони пайдо мекунем ва хашмгин ва хаста мешавем, наметавонем дунёи дар бораи чашмҳои ҳамсари худро бубинем. Замоне ки корҳои хонаро анҷом додед, ҳатман аз ҳамсари худ ташаккур кунед, ки кумак карда то корҳо ба хуби пеш биравад. Он замон, ки қаҳр аз миён меравад, ҳардуи шумо метавонед беҳтар дарбораи масоил баҳс кунед, баҳсро бидуни ин ки манфибофи ё қазоват кунед, шуруъ созед.
Гуфтугуро бо ҷумлаҳои хуб шуруъ кунед. Шояд бигуед, ки: барои ман хеле муҳим аст, ки шумо ҳамсари азизам, чи эҳсосе доред? Лизо, ба фикри роҳи ҳал ва чора бошед. Бо ин кор мефаҳмед, ки робитаи шумо аз ҳар коре муҳимтар аст. Аз ҳамсари худ хоҳиш кунед, дар анҷоми корҳое ки барои шумо мушкил аст, ба шумо кумак кунад. Ва низ шумо метавонед баъзе корҳоеро ки дар листи ӯ ҳастандро барояш анҷом диҳед. Бо гуфтугу ва созиш, метавонед ҳар кореро анҷом диҳед.
2-хиёнат
Савол: фаҳмидам, ки ҳамсарам чанде пеш бо касе иртибот дошта аст вақте фаҳмидам аз у пурсидам ба ман гуфт чараёни зудгузар буда ва ҳаргиз ба ӯ фикр намекунад ва хост хатои ӯро бубахшам ва ҳама чизро фаромуш кунам то ба замони хуби гузашта баргардем, аммо ман наметавонам ҳама чизро фаромуш кунам?
Бани Экравил ба ин сурат ҷавоб медиҳад
Ҷавоб: мудоро кардан ва гузашт, замон мебарад ва ба сабру таҳаммул ниёз дорад. Баъзе завҷҳо фикр мекунанд, ки дармонҳои эҳсосӣ ба чанд моҳ ниёз дорад, баъзе дигар фикр мекунанд, солҳо вақт ниёз аст. Агар дар паи чора ва роҳиҳал барои эҳсосоти манфии худ бошед, метавонед онҳоро кантрол кунед, на инки он эҳсосот шуморо кантрол кунанд. Ҳеҷ чиз ва ҳеҷ кас наметавонад ба шумо дар гузашт аз хатои ҳамсаратон кумак кунад, магар худи шумо.
Агар ҳамсари шумо битавонад ёд бигирад, ки чигуна хашм ва ранҷи шуморо аз байн бибарад, шумо беҳтар метавонед ба зиндагии худ идома бидиҳед. Бидуни инкор, ранҷиши шумо боқи мемонад. Агар гузашти худро дареғ бидоред, ҳеҷ фоидае насиби шумо намешавад. Сахт аст, аммо мумкин мебошад. Қабул кунед, ки хеле асабонӣ ҳастед, аммо талош кунед, ки ин интиқоли зеҳнии худро бо 5 ё 10 дақиқа муколима дар рӯз, аз байн бибаред. Агарчи ҳамсари шумо, намефаҳмад, ки чаро инқадар тул мекашад то ӯро бибахшед, ба ӯ бигуед, ки бо анҷоми ин муколимаҳо ӯро хоҳед бахшид. Дар тайи ин ҷаласаҳои муколима метавонед аз ҳамсари худ далели он робитаро ҷуё шавед ва хашми худро аз миён бибаред. Ва ҳамсаратон либоси зидди гулулаи(биронировани) эҳсоси худро ба тан кунад ва қавл бидиҳед, ки дар тайи ин муколимаҳо, ҳеҷ сухане ба миён наёварад ва аз худ дифоъ накунад. Ва фақат гуш бидиҳад ва бо шумо эҳсоси ҳам дардӣ кунад. Дар поёни ҳар ҷаласа, якдигарро дар оғуш бигиред, дастҳои ҳамсари худро бифишоред ва эҳсоси наздикӣ ба якдигар бикунед.
Бо бовари дубора ва бештар, аз ҳамсари худ бихоҳед, ки ба шумо эҳсоси хотирҷамъи бидиҳад, ки аз самими қалб шуморо дӯст дорад ва барои беҳбуди равобити заношуии худатон дар талош аст.
Аз ӯ бихоҳед, ки бигӯяд чи камбудиҳое дар равобит вуҷуд дорад, ки шумо метавонед онҳоро бартараф созед. Шояд мушкил аз тарафи шумо буда аст, ки сабаби он робитаи дигаре шуда аст. Оё маҳдудиятҳое эҷод карда будаед? Оё муҳити бидуни эҳсосоти мусбат ба вуҷуд оварда будаед? Агар ба нақши худ дар он хиёнат пай бибаред, ба ин маъне нест, ки шумо муқассир будаед, балки ба ин маъне аст, ки эҳсоси масъулият пайдо мекунед ва баъзе аз мушкилотро гардан мегиред.
3-душмани ва шакар об будан байни ман ва модаршавҳарам
Савол: модаршавҳарам аз ман мутанаффир аст! Ҳамеша талош мекунад байни ман ва ҳамсарам ҷудои биандозад, ва маро ба хонаи худ роҳ намедиҳад. Вақте ки ҳамсарам ва духтари 4 солаам барои дидани ӯ мераванд, ман танҳо дар хона мемонам. Дар посух ба саволи духтарам, ки мепурсад, чаро бо онҳо меравам, чи бигуям?
Жавол поли Голест дар ҷавоб мегуяд:
Ҷавоб: ҳақ доред, ки нигарони ин мавзуъ бошед. Кудакон хеле зуд мутаваҷҷеҳи таниши мавҷуд дар хонавода ва ақвоми худ мешаванд, ҳатто агар ҳам ин таниш ба таври мустақим мушахас набошад.
Бо вуҷуди инки, далилҳои ин танишро намедонанд, аммо атрофиёни худро сарзаниш мекунанд. Бештар бо худ фикр мекунанд ки рафтори бади онҳо сабаб ба ин масоил шуда аст. Ҳамонтавре, ки хабар доред, эҳсосот қобили пинҳон сохтан нестанд. Даргуши суҳбат кардан, забон бадани, шунидани иттифоқи баъзе ҷавобҳо ба саволоти якдигар, ҳама ва ҳама сабаба мешаванд, ки кудакон эҳсоси кунҷковӣ кунанд. Барои инки духтари худро мутмаин созед, ки ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад ва ӯ робитаи солим ва шод бо аъзои хонаводаи худ дорад, бояд дар сурат имкон ҷангу ҷидолҳои худро бартараф созед.
шумо гуфтед, ки дар як мавқиияти сахте ҳастед. Ва замони зиёде аст, ки мушкил доред, шояд замон бибарад то битавонед онҳоро бартараф созед. Бале, рафтори модаршавҳари шумо хашин аст, аммо оё метавонед, ӯро ба унвони як фард бо тамоми изтироб, тарс ва эҳсосоташ, дарк кунед? Агар метавонед, чи беҳтар, дар ғайри инсурат вазъро аз инҳам бадтар мекунед. Агар медонед, дар гузашта сабаби ранҷиши ӯ шудаед, аз вай узрхоҳӣ кунед. Агар ҳам ҳар коре натавонистаед анҷом додаед ва фоидае надошта аст, навбати ҳамсари шумост, ки қадам бардорад. Дар ҳақиқат, вай метавонад нақши калиди ва асосиро ифо кунад. Замоне ки модаршавҳарат аз ту интиқод мекунад ё ба шумо тавҳин мекунад, ҳамсарат бояд аз шумо дифоъ кунад. Ва замоне ки танҳо ҳастанд ӯро бифаҳмонед, ки модараш ӯро дуст дорад бояд ба интихоби ҳамсари вай низ эҳтиром бигузорад. Агар таниш камтар шуд, тайи ҷаласоте бо модаршавҳари худ суҳбат кунед. Бо як руҳони ё мушовираи хонавода машварат кунед. Бо ин вуҷуд, агар бо талошҳои зиёди шумо, модаршавҳарат шуморо напазируфт, бахотири духтаратон аз ҷангу ҷадал парҳез кунед. Бояд қабул кунед, ки шояд натавонед назари ӯро дар бораи худ тағйир диҳед, аммо кудаки шумо бояд бо вай дар иртибот бошад. Албатта нишон додани алоқаи худ нисбат ба касе, ки ӯро дуст намедоред барои кудаки шумо гиҷкунанда аст.

дар аваз, ба ӯ бигуед, ки шумо ва модаршавҳаратон каме мушкил доред, аммо модарбузургаш ӯро хеле дуст дорад. Ва хушҳол ҳастед, ки вай бо модарбузурги худ робитаи самими дорад. Саволҳои ӯро ба роҳати ҷавоб диҳед, аммо аз гуфтани ҷузъиёти беҳуда ба ӯ худдори кунед. Ва аз пурсишҳои ӯ  ба унвони василае барои тахлияи хашми худ истифода накунед. Ниёз ба гуфтан нест, мувозиб бошед, ки аз духтари худ ба унвони як ҳарба дар даъвоҳо кумак нагиред. Аз кудаки худ нахоҳед, ки паёмҳои шуморо ба момаи худ бирасонад ё дар бозгашт аз хонаи вай, хабарҳое дар мавриди ончи роҷеъ ба шумо гуфтааст, аз ӯ напурсед. Аз тарафи дигар, агар кудаки шумо чизҳое аз момааш мешунавад, ки сабаби ранҷиши хотири ӯ мешавад, шумо ва ҳамсаратон бояд қадам бардоред ва ба момаи ӯ бифаҳмонед, ки дар сурати идомаёфтани ин мавзӯъ, дигар наметавонад бо набераи худ дар иртибот бошад.
4-ҳамсарам ба ман бееътино шуда аст?
Савол: 5 сол аст, ки аз издивоҷи мо мегузарад ва ба тозаги соҳиби фарзанд шудаам. Ман талош мекунам фикри бад накунам, аммо фикр мекунам ӯ дигар ба ман алоқа надорад ва пои касе дармиён аст, ӯ дертар аз қабл ба хона меояд, ва вақти дер кардан аслан ба ман телефон намекунад, ва вақте ҳам ки дар хона аст, ба назар парешон мерасад. Оё ман бехуд нигарон мешавам? Чикор бояд анҷом бидиҳам.?
Бани Икрувил ба ин сурат ҷавоб медиҳад:
Ҷавоб: мумкин аст шумо бехуд нигарон мешавед, сипас ба далели ин ки шумо ингуна нигарон мерасед, маълум мешавад, ки мушкилоте вуҷуд дорад. Хеле аз мардум, замоне ки ба гушашон мерасад, ки робитаи номашруъ ҳатто бо доштани зиндагии хуб ва соҳиби фарзанд будан, маъмул аст, ҳайратзада мешаванд. Мутаассифона хиёнат ба ҳамсар дар баъзе аз хонаводаҳо вуҷуд дорад. Албатта бояд дар ҷустуҷӯи иллат ва сабаби аслии инкор буд.
Дар мавриди ҳамсари шумо шояд ин масоил далел бар вуҷуди шахси севвум набошад вале агар аз ин масъала мутмаинед инро бидонед, ки ин рузҳо ҳамсари шумо каме танҳо шудааст, замоне мебинад ки шумо ҳамаи ҳавоси худро ба кудак сохтаед ва ба ӯ аҳмияте намедиҳед ва бидуни ҳеҷ ишқе ба бистари хоб меравед. Аз тарафи дигар, шояд ӯ бо баъзе аз тағйирот дар зиндаги аз пой дарояд, ва нигарони дахлу харҷи худ бошад, аммо тамоми талош ва қуввати худро барои мувафақ шудан ба кор мегирад. Аввалин иқдоми шумо, суҳбат кардан бо вай мебошад, ҳарчи зудтар беҳтар.
агар ҳеҷ нагуед, ҳамсари шумо наметавонад қабул кунад, ки чи иштибоҳе сурат гирифта ва мавзуъ чи мебошад. Илова бар ин, бо ҳарф назадан бад гумонии худро зиёдтар мекунед ва хашм ва асабонияти шумо чанд баробар мешавад. Ва агар вай бо касе робита дорад, сукути шумо муҳри таъйид бар аъмоли ӯ мезанад.
Равише ки шумо барои муқобила дар назар мегиред, авоқиби онро таҳти таъсир қарор медиҳад. Барои ин ки муассир бошед, ҳаргиз ба сурати интиқодӣ амал накунед. Бояд рурост бошед, аммо мавқеиятро ба гунае тағйир диҳед, ки ҳамсаратон бо шумо содиқ бошад. Ва низ масъулияти баъзе аз мушкилоти охирро бар уҳда бигиред. Бо ӯ ҳамдарди кунед ва ба ӯ бифаҳмонед, ки қасд доред, тамоми ин мушкилотро аз байн бибаред. Баъд аз ҳамаи ин ҳарфҳо, бояд бидонед, ки қасд доред, тамоми ин мушкилотро аз байн бибаред. Баъд аз ҳамаи ин ҳарфҳо, бояд бидонед, ки ин замони сахт барои ӯ низ мебошад. Бидуни куллибофи кардан ва таланбор кардани шикоёти худ, ба ӯ бигуед, ки рафтори охири ӯ чиқадар руи шумо асар гузоштааст. Шояд бигуед: “ман медонам ки ту танҳо будаи ва ман тамоми вақтамро ба кудакамон ихтисос додаам. Ва медонам ки ҷои холии маро каси дигаре пур карда аст.” (ҳаргиз аз ӯ напурсед ки оё робитаи номашруъ бо касе дорӣ?) сипас, ба ҳарфҳои ӯ гуш кун ва худро барои шунидани баъзе ҳарфҳо омода кун.
Агар ҳамсаратон таваҷҷӯҳи шуморо аз сари худ берун кунад, авзоъ каме захим баназар мерасад. Дар ин сурат ба шумо тавсия мекунам, ки бо як мутахассис дар ин замина машварат кунед. Шумо мушкиле доред, ки бояд ҳарчи зудтар ҳал шавад. Ва агар ҳамсаратон иқдоме намекунад, худи шумо бояд ба танҳои иқдом намоед. Агар ҳамсаратон бипазирад, ки бевафои кардааст, шояд як буҳрон бошад.
Аммо як буҳрони дигар ин аст, ки шумо нахоҳед ба зиндагии худ идома бидиҳед. Балки бояд ҳардуи шумо ба по хезед ва иштибоҳоти худро ҷуброн намоед ва ҳар иқдоме ки барои беҳтар шудани авзоъ анҷом диҳед, ба фоидаи ҳардуи шумо тамом мешавад. Бояд хашми худро холи созед. Ғуссаҳои худро аз байн бибаред ва зиндагии заношӯии худро беҳбуд бибахшед.
5- фареб додан ба ӯ бигуям ё на?
Савол: ба тозаги фаҳмидам ки ҳамсари яке аз дустони наздикам бо шахси дигар робита дорад. Оё бояд мавзуъро ба ӯ бигуям ё на? Агар мавқиият баръакс буд ман аз дустам таваққуъ доштам ба ман бигуяд ё на?
Ҷавоб: ин як мавриди сахте мебошад. Ва хелеҳо намедонанд, чигуна мавқеиятро кантрол кунанд. Агар шумо ҳеҷ ҳарфе назанед, эҳсоси гуноҳ мекунед, ки мавзуеро аз дӯсти наздики худ пинҳон доштаед ва худро шарики ҷурм мепиндоред. Аз тарафи дигар, агар дӯсти шумо то ҳоло ба ҳамсари худ роҷеъ ба робитаи номашруъ шак накарда бошад, гуфтани шумо сабаби вайроншудани хонавода мешавад. Шумо худро бо ҳамсари ӯ рударру созед ва рафоқати худро аз байн набаред. Сипас, шояд дӯсти шумо, то ҳоло аз мавзуъ хабар дошта ва ба шумо чизе нагуфтааст. Шояд ин робитаи кутоҳ аз ҳамсари вай як иштибоҳ буда ки сурат гирифтааст, ки дар ин сурат ҳарф задани шумо мунҷар ба талоқи дутараф мешавад.
Ман ҳамеша бар ин бовар ҳастам ки бояд ончиро медонем ба дӯсти худ бигуем. Ва равише, ки шумо иттилоотро мерасонед фарқ мекунад.
Аввалан: ангезаи худро бо диққат барраси кунед. Оё воқиан мехоҳед дард ва ранҷи дусти худро аз байн бибаред.
Дуввуман: вақте ҷавоби саволи худро пайдо кардед ва ангезаи худро фаҳмидед, ба дӯсти худ бигуед, чи қадар роҷеъ ба ӯ нигарон ҳастед. Ва агар зиндагии заношӯии ӯ дар хатар аст, шумо метавонед ба ӯ кумак кунед. Метавонед бигуед: “медони ман чиқадар муроқиби ту ва хушҳол будани ту ҳастам”. Ман мавзуеро фаҳмидам, ки хеле маро нороҳат сохтааст. Мавзуе ки агар мавқеият баръакс буд, ҳатто дӯст доштам аз он мутталиъ бишавам. Аз ӯ бихоҳед ки оё ба шумо иҷоза медиҳад мавзӯъро бо ӯ дармиён бигузоред, ба вай бифаҳмонед, ки ҳаргиз масъаларо ба ҳеҷкаси дигаре нахоҳед гуфт. Ҳатман ба ӯ кумак кунед.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.