“Муъҷиза”-и помидор

69

1

Помидор(гуҷаи фарангӣ)  саршор аз витаминҳои  А, В1, В2, С ва маводи маъданӣ(менералӣ)  аз ҷумла  калсий, фосфор, натрий, калий, магний, оҳан, мис, цинк, мышьяк  ва кобалт аст.
100–грамм  помидор  дорои   20-калория  энергия,як грамм  сафеда(протеин), 11- миллиграмм калсий, 6-милли‌грамм оҳан, 1100 воҳиди байналмиллалии  витамини А, 3,0 грамм равған,  0,06 – миллиграмм витамини  В1, 0,04 миллиграмм витамини  В2 ва 23- миллиграмм    витамини  С аст.
Дар помидори  расида(пухта)  тақрибан тамоми аминокислотаҳои аслӣ  ба истиснои триптофан вуҷуд дорад. Қанди мавҷуд дар помидори расида  глюкоза, фруктоза ва сахароза аст, ки албатта мизони он андак аст. Рангдонаи аслии  помидор  ликопин буда, ки сабаби ранги сурхи он ме‌шавад.
Пусти  помидор дорои   миқдори  фаровоне аз каротиноидҳо буда, ки ба василаи  бофтҳои   рудаи  инсон ҷазб мешавад. Банобар ин ағлаб  тавсиа ме‌‌шавад, ки ин сабзии  хушк‌таъмро  ҳамроҳ бо пуст истеъмол  кунанд. Помидор ба иллати доро будани  маводи   ғизоии  зиёд ва калорияи   кам яке аз пояҳои  аслии  режими  ғизоӣ аст.

10 нукта  дар бораи помидор
1-Меваи норасидаи  помидор заҳрнок  аст ва бояд аз хурдани он парҳез кард. Дар помидори сабз ва норас моддаи  заҳрноке  ба номи соланин вуҷуд дорад, ки хурдани он муҷиби  заҳролудшавӣ  гардида  ва дарди  шикам, исҳол(дарунравӣ) ва боз шудани мардумаки чашм ме‌шавад.
2- Дар Чин аз ҷушондаи реша, шоха ва баргҳои калони помидор барои рафъи  дандон‌дард  истифода мешавад ва худи гиёҳ низ хосияти  ҳашароткушӣ  дорад.
3- Ликопини  мавҷуд дар помидор навъи  антиоксидантӣ  аст,ки монеъи эҷоди холестерини  бади хун ме‌‌шавад ва ба ҳамин далел аз бурузи ҳамлаҳо  ва бемории  дил пешгирӣ  мекунад. Таваҷҷуҳ дошта бошед хурдани  помидори  пухта  муҷиби ҷазби ликопини бештаре дар бадан ме‌шавад.
4- Помидор дорои   навъҳои гуногуни  витаминҳои  гуруҳи  В аст ва ба ҳамин далел доруи  муносибе барои рафъи асабонияти инсон  аст.Истеъмоли   доимии помидор ҳамроҳ бо ғизо ва ба сурати  салат(хуриш) системаи  асабии  баданро тақвият  карда , ‌оромиш ба ҳамроҳ хоҳад овард.
5- Помидор яке аз муҳим‌тарин манбаъҳои витамини А аст. Ба ҳамин далел дар тақвияти биноӣ, тақвият ва саломатии  пуст ва мухот‌‌ҳо ва рушди устухонҳо муфид аст.
6- Помидор ба далели доштани витаминҳои  С ва А -и фаровон дастгоҳи эминии баданро тақвият карда , баданро дар баробари   бемори‌ҳои  гуногуни уфунӣ(инфексионӣ) муқовим месозад.
7- Агар пусти шумо доғ  дорад  ҳар рӯз онро бо оби помидор  тоза кунед  кам – кам доғҳоро аз байн ‌‌мебарад.
8- Помидор варами  буғумҳоро бартараф мекунад ва барои гирифторон ба бемориҳои ниқрис(подагра) ва   ревматизм  муфид аст.
9- Помидор ба далел надоштани натрий ва қанд,  ғизои  муносибе барои ашхоси  гирифтор  ба бемории қанд ва фишори  хун аст.
10- Таваҷҷуҳ дошта бошед хурдани памидор , барои баъзе бемороне ки дучори ҳассосият ё аллергия  (хориши бадан, сурх шудани  пуст, асма  ва ба инҳо монанд ) ҳастанд  зарар дорад.

         Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.