Тарбияти динии фарзандон 3

79

 1ش Қисмати севвум

Омӯзиши дин ва аҳком

Огоҳиҳои дуруст ва муносиб бо ниёзҳои кӯдак ва навҷавон, нақши муҳимме дар сарнавишти ояндаи онон ифо мекунад, зеро асоси инсонро фикр ва фарҳанги ӯ месозад ва агар ин фикр ва фарҳанг мубтанӣ бар огоҳиҳои мустанад ва мустадали динӣ бошад зиндагӣ ҷиҳати динӣ ва илоҳӣ пайдо мекунад. Аз ин рӯ таълими масоили динӣ ва аҳкоми мазҳабӣ ба кӯдакон, дар равшангарии зеҳни онон ва эҷоди алоқа ба умури динӣ ва устуворӣ дар диндорӣ бисёр бо аҳаммият аст.

Рӯзе Паёмбари Акрам(с) бо дидани баъзе аз кӯдакон фармуд:

 وَيْلٌ لِأَطْفَالِ آخِرِ الزَّمَانِ مِنْ آبَائِهِمْ فَقِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ مِنْ آبَائِهِمُ الْمُشْرِكِينَ؟ فَقَالَ: لَا مِنْ آبَائِهِمُ الْمُؤْمِنِينَ لَا يُعَلِّمُونَهُمْ شَيْئاً مِنَ الْفَرَائِضِ وَ إِذَا تَعَلَّمُوا أَوْلَادُهُمْ مَنَعُوهُمْ وَ رَضُوا عَنْهُمْ بِعَرَضٍ يَسِيرٍ مِنَ الدُّنْيَا فَأَنَا مِنْهُمْ بَرِي‏ءٌ وَ هُمْ مِنِّي بِرَاءٌ

“Вой ба ҳоли кӯдакони охируззамон аз дасти падаронашон! Арз шуд: Ё Расулаллоҳ! Аз падарони мушрики онҳо? Фармуд: На аз падарони мусулмонашон, ки чизе аз фароизи мазҳабиро ба онон намеомӯзанд ва агар фарзандон бихоҳанд худ дар садади омӯзиши масоили динӣ бошанд, ононро аз ин амр боз медоранд ва танҳо ба ин дил хушанд, ки фарзандонашон баҳраи ночизе аз дунё ба даст оваранд. Ман аз ин қабил падарон безорам ва онон низ аз ман безоранд”.[1]

Ба ҳар ҳол омӯзиши динро дастикам нагирем ва кам аҳаммият надонем. Мабодо фарзандонамонро, ки барои биҳишт офаридашудаанд, бо саҳлангорӣ дар омӯзиши масоили динӣ, бо дасти худамон аз масири биҳишт дур ва туъмаи ҷаҳаннам созем.

Биёед каме ҳиммат кунем ва бар асоси дастуроте, ки аз Паёмбари Акрам(с) ва Аҳли байт(а) расида, фарзандони дилбандамонро бо масоили динӣ ошно кунем, ки ҳам худсохта шаванд ва ҳам дар оянда улгӯи хубе барои дигарон шаванд.

Аз вақте ки кӯдак забон ба такаллум боз мекунад, давраи омӯзиши ӯ шурӯъ мешавад ва то сининӣ рушд мароҳилеро тай мекунанд ва сайри омӯзиши кӯдак дар ривоёти Аҳлиу байт(а) марҳалабандӣ шудааст.

 Калимаи “Ло илоҳа иллаллоҳ”

Ибни Аббос аз Паёмбар(с) чунин ривоят мекунад:

[صِبْيانِكُمْ اَوَّلَ كَلِمَۀٍ لا اِلهَ اِلاَّ اللّه… اِفْتَحُوا عَلىَ] “Аввалин калимае, ки бар забони фарзандон мегузоред «لا اِله الّا اللّه» бошад”.[2]

Ҳамчунин ибни Умар аз Паёмбар(с) ривоят карда, ки фармуд:

[اِذَا اَفْصَحُوا اَوْلادُكُمْ فَعَلَّمُوْهُمْ لا اِلهَ اِلاَّ اللّه…] “Вақте фарзандонатон забон ба сухан гушуданд, ба онҳо «لا اِله الّا اللّه»-ро ёд даҳед”.[3]

Оиша(рз) аз Паёмбари Бузургвори Ислом(с) нақл мекунад, ки фармуд:

[اِلاَّ اللّه لَمْ يُحاسِبْهُ اللّه مَنْ رَبَّى صَغِيرًا حَتّى يَقُولَ: لا اِلهَ] “Ҳар кас кӯдакеро тарбият кунад, то ин ки «لا اِله الّا اللّه» бигӯяд, Худованд рӯзи қиёмат ӯро муҳосиба нахоҳад кард.[4]

Ташвиқи фарзандон ба ибодат ва корҳои нек

Аз дигар вазоифи як падару модари мусулмон, ташвиқ ва тарғиби фарзандони худ ба ибодат ва корҳои нек аст. Ташвиқ ва тарғиб, ду шева дорад: Нахустин шева он аст, ки волидайн бо кирдор ва амали худ мушаввиқи фарзандонашон ба ибодот бошанд. Ба ин маъно, ки қалби азизони худро нисбат ба ҳолоти маънавӣ ва ибодӣ омода ва алоқаманд намоянд ва рағбат ва алоқаи волидайн ба умури мазҳабӣ ва аъмоли ибодии худ, беҳтарин мушаввиқи амали фарзандон ба ин фаолиятҳост.

Вақте кӯдакон ва навҷавонон мушоҳида мекунанд, ки падару модарашон ба умури мазҳабӣ ҳасосият ва диққати назар доранд ва ба ибодат аҳаммияти фаровон нишон медиҳанд ва дар авқоти намоз, бо иштиёқ ба сӯи ибодат мешитобанд ва дар муносибатҳои мазҳабӣ ва маросимҳои ибодӣ ширкати фаол доранд, худ ба худ ба ин қабил умур эҳсоси алоқа ва нишот мекунанд ва маҷзуби ҳолоти малакутии дуо ва муноҷот мешаванд.

Дуввумин шева, ташвиқ бо забон аст. Нақши гуфтор дар канори нақши амал муассир ва муҳим аст. Гуфтор худ ҷузъе аз амал аст ва ҷиҳоди лисонӣ ҳам, дар ҷои худ ҳоизи аҳамият аст ва ҳам таъсири тарбияти суханони дилгарм кунанда ва пурҷозиба ва тавсияҳои хирадмандонаи волидайн ба кӯдакон дар таҳрик ва ташвиқи онон ба аъмоли ибоди бар касе пӯшида нест.

Намунаҳое аз ташвиқҳои бузургон ва маъсумон ба фарзандонашон

Тӯшаи роҳ

Луқмони Ҳаким ба фарзандаш мегӯяд:

]يَا بُنَيَّ إِيَّاكَ أَنْ تَخْرُجَ مِنَ الدُّنْيَا فَقِيراً وَ تَدَعَ أَمْرَكَ وَ أَمْوَالَكَ عِنْدَ غَيْرِكَ قَيِّماً فَتُصَيِّرَهُ أَمِيراً[

“Фарзандам! Мабодо аз ин дунё дасти холӣ ва бе чиз берун равӣ, дар ҳоле ки кори худ ва сарпарастии амволатро ба шахси дигаре вогузорӣ ва ӯро ҳокими умури худ созӣ”.[5]

Луқмони Ҳаким дар ҷои дигар ба фарзанди худ мегӯяд:

]يَا بُنَيَّ بَادِرْ بِعَمَلِكَ قَبْلَ أَنْ يَحْضُرَ أَجَلُكَ وَ قَبْلَ أَنْ تَسِيرَ الْجِبَالُ سَيْراً وَ تُجْمَعَ الشَّمْسُ وَ الْقَمَرُ[

“Фарзандам! Ба сӯи амал бишитоб, пеш аз он ки маргат фаро расад ва қабл аз он ки кӯҳҳо ба ҳаракат дароянд ва хуршеду моҳ ҷамъ гардад”.[6]

Парҳез аз танбалӣ

Имом Содиқ(а) ба баъзе аз фарзандони худ чунин мефармуд:

[وَ إِيَّاكَ وَ الضَّجَرَ وَ الْكَسَلَ فَإِنَّهُمَا يَمْنَعَانِ حَظَّكَ مِنَ الدُّنْيَا وَ الْآخِرَةِ] “Аз тангдилӣ ва танбалӣ бипарҳез, ки ин ду баҳраи туро аз дунё ва охират маҳрум созад”.[7]

Фақри маънавӣ

Ҷобир ибни Абдуллоҳ аз Паёмбари Бузургвори Ислом(с) чунин ривоят кардааст:

قَالَتْ أُمُّ سُلَيْمَانَ بْنِ دَاوُدَ لِسُلَيْمَانَD: يَا بُنَيَّ إِيَّاكَ وَ كَثْرَةَ النَّوْمِ بِاللَّيْلِ فَإِنَّ كَثْرَةَ النَّوْمِ بِاللَّيْلِ تَدَعُ الرَّجُلَ فَقِيراً يَوْمَ الْقِيَامَةِ

“Модари ҳазрати Сулаймон(а) ба ӯ гуфт: Фарзандам! Шабҳо аз хоби зиёд парҳез кун, зеро пурхобии шабона, инсонро дар рӯзи қиёмат фақир ва ниёзманд хоҳад кард”.[8]

Исрор бар гуноҳ

Ҳазрати Алӣ(к) ба фарзанди худ Ҳусайн(а) чунин мефармояд:

[أَيْ بُنَيَّ الْعَجَبُ مِمَّنْ يَخَافُ الْعِقَابَ فَلَمْ يَكُفَّ وَ رَجَا الثَّوَابَ فَلَمْ يَتُبْ وَ يَعْمَل] “Фарзандам! Тааҷҷуб мекунам аз касе, ки аз кайфару азоб метарсад, аммо даст аз гуноҳ бар намедорад ва умеди савоб дорад, аммо тавба намекунад ва ба амали некӯ намепардозад”.[9]

Муроқибат аз фароиз

Имоми Содиқ(а) аз Луқмони Ҳаким нақл мекунад, ки ба фарзандаш гуфт:

] قَالَ لُقْمَانُ لِابْنِهِ: صُمْ صَوْماً يَقْطَعُ شَهْوَتَكَ وَ لَا تَصُمْ صِيَاماً يَمْنَعُكَ مِنَ الصَّلَاةِ فَإِنَّ الصَّلَاةَ أَحَبُّ إِلَى اللَّهِ مِنَ الصِّيَام[

“Ба гунае рӯза бигир, ки шаҳвататро решакан созад, на он чунон ки туро аз хондани намоз боз дорад, зеро намоз назди Худо маҳбубтар аз рӯза мебошад”.[10]

 Ҳалимҷон Саид

[1]. Мустадрак, ҷ.15, саҳ. 164.

[2]. Ҷомеулаҳодис, ҷ.2, саҳ. 24.

[3]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 593.

[4]. Канзулуммол, ҷ.16, саҳ. 456.

[5]. Алихтисос, саҳ. 336.

[6]. Алихтисос, саҳ. 340.

[7]. Биҳоруланвор, ҷ.75, саҳ. 320.

[8]. Шайх Садуқ, Манлояҳзуруҳулфақеҳ, ҷ.3, саҳ. 556.

[9]. Туҳафулуқул, саҳ. 88.

[10]. Мустадрак, ҷ.7, саҳ. 546.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.