Беҳтарин роҳҳои тақвияти системаи эминии бадан

96

cabcebd2afad97755db0fa47d1e484c0_L

Яке аз беҳтарин  роҳҳои тақвияти системаи эминӣ доштани як режими ғизоии солим аст. Ба унвони мисол хурокиҳое монанди тухми мурғ, соя, хушкмева, мева ва кабудӣ, ғизоҳои баҳрӣ, исфиноҷ, қаламфури сурх ва чандтои дигар метавонад системи эминиро тақвият кунад.

Ба гузориши Фарҳангниюсс доктор Алиакбари Рамазонӣ-мутахассиси соҳаи хурокворӣ дар ин бора мегуяд:Маҳсулоти ширӣ яке аз беҳтарин гузинаҳо барои тақвияти системаи эминӣ ба ҳисоб меояд; ба вижа навъҳои гуногуни пробиотик, ки масрафи рӯзонаи онҳо эҳтимоли бурузи бемориҳои руда ва дастгоҳи ҳозимаро коҳиш медиҳад. Истеъмоли маводи дорои фибр(нахи биологӣ)  ҳам системаи эминиро тақвият мекунад ва меваҳо ва сабзиҳо дорои нахи биологӣ  ҳастанд.

Ҷави ду сар ҳам дорои нахи биологӣ  ба номи бетоклокон аст, ки ин навъ фибр метавонад бо пешгирӣ аз ибтило ба бемориҳои микробӣ боиси тақвияти системаи дифоии бадан шавад. Бинобар ин тавсия мешавад рӯзе ду навбат мева ва кабудӣ бихуред ва камаш ҳафтае ду то се маротиба нони дорои ҷаве ду сар дар барномаи ғизоиятон қарор диҳед.

Ҷодуи сирро дасти кам нагиред

Буйи сир(чиснок) ва пиёз барои бештари одамҳо ғайри қобили тоқату таҳаммул аст, аммо ба гуфтаи доктор Рамазонӣ ин хурокиҳо, ки бо хурданашон ҳамаро фирорӣ медиҳед, бо авомили уфунӣ ва бактерияӣ дар бадан мубориза мекунанд ва дар ниҳоят ба афзоиши қудрати системаи дифоии бадан мунҷар мешаванд. Ҳатто бар асоси натиҷаҳои таҳқиқоти пажуҳишгарони англисӣ афроде, ки беш аз шаш дона сири хом дар тули ҳафта масраф мекунанд  30 дарсад камтар ба саратони колоректалӣ ( саратоне, ки рудаи бузург ё ректомро дучор мекунад) ва 50 дарсад ҳам камтар ба саратони меъда мубтало мешаванд. Ба ҳамин далел тавсия мешавад рӯзе як адад сири хом бихуред то системаи эминии баданатон тақвият шавад.

Аз ғизоҳои баҳрӣ ғофил нашавед

Бидонед селен ва кислотаҳои равғани Омега3, ки ба фаровонӣ дар моҳӣ ва ба таври куллӣ дар ғизоҳои баҳрӣ вуҷуд доранд аз муҳимтарин таркибҳои муфид ва муассир барои афзоиши қудрати системаи эминии бадан ба ҳисоб меояд. Пас ҳафтае се маротиба моҳӣ масраф кунед.

Дунболи антиоксидантҳо бошед

 Эҳтимолан медонед, ки антиаксидонҳо бо радикалҳои озод муқобила мекунанд ва бо тақвияти системи эминии бадан монеъ аз тахриби ҳуҷайраҳо ва коҳиши эҳтимоли ибтило ба анвоъи бемориҳо ба вижа саратон мешаванд. Ба гуфтаи доктор Рамазонӣ бо масрафи хурокиҳои дорои антиаксидон метавонем системи эминии баданро тақвият кунем.

Меваҳо ва кабудиҳои зард, норинҷӣ ва сурхранг ва маводи ғазоии дорои витаминҳои С,Е шомили меваҳои суптропикӣ, қаламфури булғорӣ, меваҳо ва кабудиҳои рангии хом, помидор, лаблабу, клубник, киви, нахуд, сабзӣ, офтобпараст, себ, бодимҷон, пиёз ва… ҳамагӣ дорои антиаксидон ҳастанд. Ҳамчунин манбаъҳои ғизоие, ки селен доранд монанди ғизоҳои баҳрӣ ва ҷигар ва манбаъҳои руҳ шомили гушти ҳайвонот, мурғ ва моҳӣ, мағзҳо, донагиҳо, ғаллоти сабусдор ҳам антиаксидон доранд ва бо масрафи онҳо дар бораномаиғизоии рӯзона системи эминии бадан тақвият мешавад.

Об ва чойи сабз ва тақвияти эминӣ

Нушидани моеъот яке аз роҳҳои тақвияти системаи эминии бадан аст, зеро метавонад маводи заҳрдорро аз бадан дафъ ва хориҷ кунад. Пас аз ҳадди ақал рӯзе ҳафт то ҳашт ливон об бинушед. Ҳамчунин масрафи рӯзона ду то си финҷон чойи сабзро дар авлавиятҳои барномаи ғизоии рӯзонаатон қарор диҳед чун ҳам моеъҳои мавриди ниёзи баданатонро таъмин мекунад ва ҳам ба лиҳози доштани таркиботи антиаксидонӣ боиси тақвияти системи эмании бадан мешавад ва ин яъне як тир ва ду  нишон!

Ба гуфтаи доктор Рамазонӣ варзиш ҳам дуруст мисли як режими ғизоии солим метавонад руйи системаи эминӣ муъассир бошад ва боиси тақвияти он шавад. Аз тарафе доштани таҳаррук ва фаолияти бадании муназзами рӯзона бо пешгирӣ аз бурузи изофавазн ва фарбеҳӣ, эҳтимоли бемориҳои дил, диабет ва ғайраро низ поин меоварад.

Шикасти ғули стресс

Бидуни шубҳа стресс яке аз омилҳои таҳдидкунандаи саломат аст ва бар асоси бисёре аз баррасиҳо стресси куҳна ба озодии гормонҳои стресс дар бадан мунҷар мешавад ва системаи эминии баданро таҳти таъсир қарор медиҳад. Бинобарин то ҳадди имкон аз стрессҳои рӯзмарра бипарҳезед ва бо тамринҳои зеҳнӣ ва варзишҳое чун ёга хашму асабониятҳои бемавридатонро контрол кунед.

Ҳамеша ёдатон бошад иттифоқ меафтад ва стресси шумо на фақат боиси беҳбуди вазъият намешавад, балки энержиҳои мусбати атрофатонро ҳам беасар мекунад ва ин яъне дур шудан аз ҳадафҳои аз пеш таъиншуда.

Тибби суннатӣ чи мегуяд?

Ба гуфтаи мутахассисони тибби суннатӣ барои тақвияти системаи эминии бадан бояд қабл аз соъати 10-и шаб бихобед ва қабл аз тулуъи офтоб аз хоб бедор шавед, зеро дар ин ҳолат ҳуҷайраҳои эминӣ ба балантарин дараҷаи омодабош мерасанд.  Аз тарафе олудагии ҳаво, ки аз муҳимтарин омилҳои коҳиши системаи эминии бадан аст ва аз дидгоҳи тибби суннатӣ ҳар чи бадани фард солимтар бошад камтар дар маърази олудагиҳои ҳаво қарор мегирад.

Бинобарин поксозии бадан зери назари як мутахассиси тибби суннатӣ дар ҳавои олуда ба ҳамаи афрод тавсия мешавад.

Албатта роҳкорҳои хонагии зиёде ҳам барои пойсозии бадан вуҷуд дорад. Ба унвони мисол метавонед се рӯзи пайдарпай аз режими поксозӣ истифода кунед яъне ба унвони субҳона, чошт, шом ва хуроки навбати фақат атолаи гашниз бихуред. Пухтани ин атола бисёр ҳам сода аст ва бо гашниз, шанбалила, тара, ҷаъфарӣ, барги лаблабу ё барги исфиноҷ, каме биринҷ ва албатта бидуни гушт ва мурғ таҳия мешавад. Дар айни ҳол масрафи дамнуши бодиранҷбуя ҳам таъсири басазое дар тақвияти системаи эминии бадан дорад.

Манбаъ: Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.