Рамзи тадовуми ҷавонии ҷон (қисмати аввал)

109

14ce61a4-e384-4d98-9004-aace1ad0e951

Яке аз барҷастатарин осори ҷавонӣ шодобӣ ва нишот аст. Аз назари Ислом боварҳои саҳеҳ ва кирдорҳои нек рамзи тадовуми нишот ва шодобии ҷавонӣ аст. Аз ин ру Имом Алӣ (а) дар табйини авсофи шахси боимон мефармояд:

Ў (мўъмин)-ро чунон мебинӣ, ки танбалӣ аз вай дур аст ва нишоти ў ҳамешагӣ аст.[1]

Рўзе Имом Содиқ (а) аз шахсе ба номи Сулаймон ибни Ҷаъфар пурсид, ки «фато» назди шумо кист?».

Гуфт: Мо ба ҷавон «фато» мегўем.

Имом (а) фармуд:

Магар намедонӣ, ки Асҳоби Каҳф ҳамагӣ миёнсол буданд, аммо Худованд ба сабаби имонашон ононро «фитя (ҷавонон)» номид? Эй Сулаймон! Ҳар ки ба Худо имон овараду тақво пеша кунад, ҷавон (-и воқеӣ) аст.[2]

Инсонҳои шоиста дар даврони пирӣ ба рағми нотавонии қувои ҷисмонӣ, ба қуввати андеша ва шодобии ҷони онҳо афзуда мешавад ва ҳамон гуна ки дар каломи Алӣ (а) омадааст:

Хирадманд вақте пир шавад, ақлаш ҷавон мегардад.[3]

Намунаи равшани ин гуна солхўрдагон дар асри ҳозир, Имом Хумайнӣ (қуддиса сирруҳ) аст, ки бо андешаи ҷавон ва ҷони нерўманду шодоби худ, на танҳо ҷавонони Эрон, балки ҷавонони мусулмонро дар сатҳи ҷаҳон ба худ ҷазб кард.

Раҳнамудҳои Ислом дар бораи ҷавонон

Ҳикматномаи ҷавон, раҳнамудҳои ҳакимонаи Қуръон ва аҳодиси исломӣ дар бораи ҷавононро дар панҷ бахш тақдим мекунад:

Идома дорад

[1] Ниг: Ҳадиси 462.

[2] Ниг: Ҳадиси 538.

[3] Ғурар-ул-ҳикам, ҳ 4169.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.