Кашфи протеини танзимкунандаи тапиши дил

66

2001a7ba5f4fb4e1afe417ee1b19ddaf_L

Муҳаққиқони донишгоҳи Мриланд муваффақ ба кашфи протеине шудаанд, ки масъули тапиши дил аст.

Ба гузориши ИРНА ба нақл аз Сайнес миқдори миёнаи тапишҳои дили инсон дар сол ҳудуди 35 миллион бор аст ва кучактарин тағйире дар ритми қалб боиси марги ногаҳонӣ мешавад. Солҳо ин савол зеҳни муҳақиқонро машғул карда буд, ки ритми тапиши қалб бо вуҷуд ин ҳамаи бахши мутаҳаррик чигуна то ин андоза муназзам аст.

Таҳқиқот нишон медиҳад, ки протеине ба номи миюзон-протеини С омили таппиши муназзами қалб аст ва сабаб мешавад, ки риштаҳои рагии қалб ба сурати ҳамоҳанг фаолият кунанд. Ин протеин дар тамоми рагҳои қалб вуҷуд дорад.

Протеини С нақши муъассире дар бисёре аз намудҳои бемориҳои қалбӣ бозӣ мекунад. Камбуди ин протеин яке аз муҳимтарин далелҳои ҷиддӣ ва марги ногаҳонӣ аст. Ба гузориши анҷумани қалби Амрико солона ҳудуди 300 ҳазор нафар дар Амрико бар асари ин мушкил ҷони худро аз даст медиҳанд.

Бемориҳои қалбӣ муҳимтарин омили маргу мир дар саросарии ҷаҳон ба ҳисоб меояд.

Кашфи ин протеин дар дармони бемориҳои қалбӣ бисёр муъассир аст. Натиҷаҳои ин таҳқиқот дар нашрияи  Science Advances               мунташир шудааст.

Манбаъ: Сомонаи Хуросон

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.