Ташкили оила 3

65

326439_533

3/1. Ҳамсар додани фарзандон

  1. 18. Паёмбари Худо (с): Аз ҳуқуқи фарзанд бар падараш ин се чиз аст: номи некў бар ў биниҳад, ба ў савод биёмўзад ва ҳангоме ки ба балоғат расад, ўро ҳамсар бидиҳад.

19.Паёмбари Худо (с): Ҳаққи фарзанд бар падараш ин аст, ки… агар духтар бошад, модари ўро гиромӣ бидорад… ва ҳарчӣ зудтар ўро ба хонаи шавҳараш бифиристад.

  1. 20. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас фарзандаш ба синни издивоҷ бирасаду тавони издивоҷ додани ўро дошта бошад, вале ин корро накунад ва аз фарзандаш лағзише сар занад, гуноҳаш бар гардани ўст.
  2. 21. Паёмбари Худо (с): Дар Таврот навишта шудааст: «Ҳар кас духтараш ба дувоздаҳсолагӣ бирасаду ба шавҳар надиҳад ва ў гуноҳе муртакиб шавад, гуноҳаш бар гардани ўст».
  3. 22. Паёмбари Худо (с): Ҳар кас духтареро ҳамсар диҳад, дар рўзи қиёмат, Худованд тоҷи шоҳӣ бар сари ў мениҳад.

23.Наср-ур-дур: Аз Паёмбари Худо (с) ривоят шудааст, ки фармуд: Писарону духтаронатонро ҳамсар диҳед.

Гуфтанд: Эй Паёмбари Худо! Писаронамонро ҳамсар медиҳем, аммо духтаронамонро чӣ гуна?!

Фармуд: Ононро бо тиллою нуқра биороед, ҷомаи некў бар тани онҳо бипўшонед ва ҷаҳизияи хуб ба онҳо бидиҳед, то хостгор пайдо кунанд.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.