Майдони пурсиш додан ба ҷавонон

100

images (3)

Барои ин ки ҷавонон бо масоили мухталифи динӣ дар заминаҳои эътиқодӣ, ахлоқӣ ва амалӣ ҳар чӣ бештар ошно шаванд, илова бар тарғиби ҷавонон ба пурсиш, бояд ба онон озодии баҳс дод ва ба ин тартиб эътимоди ононро ҷалб кард, то аз гуфтани он чӣ дар дил доранд, бим надошта бошанд. Сираи пешвоёни Ислом дар ин бора бисёр омўзанда аст. Онон зимни ташвиқ кардани мардум ба савол,[1] дар посух ба пурсишҳои онон ба гунае бархўрд мекарданд, ки мардум пурсишҳои гуногуни эътиқодӣ, сиёсӣ ва ахлоқии худро ба осонӣ матраҳ мекарданд ва посух мешуниданд. Ростӣ дар асри мо кадом ҷавон ҷуръат мекунад, ки мушкилоти ҷинсии худро бо як раҳбари мазҳабӣ матраҳ кунад ва аз ў раҳнамуд бигирад?!

Аммо дар сираи Паёмбари Худо (с) бо шигифтӣ мехонем, ки ҷавоне хидмати эшон мерасад ва дар ҳузури дигарон аз ў иҷозат мехоҳад, то зино кунад! Нуктаи ҷолиби таваҷҷўҳ ин ки вақте мардум ўро ба хотири ин пурсиши ҷоҳилона накўҳиш мекунанд, Паёмбари Худо (с) монеъ мешавад ва шахсан бо меҳрубонӣ аз ҷавон мехоҳад, ки наздики ў биёяд.

Вақте ҷавон канори Паёмбар (с) меояд, эшон бо чеҳраи кушод ба ў мегўяд: «Оё дўст дорӣ касе бо модарат чунин кореро анҷом диҳад?!».

Он ҷавон мегўяд: На валлоҳ! Худо маро фидои ту кунад!

Паёмбар (с) мегўяд: «Оё дўст дорӣ касе бо духтари худат чунин кунад?!».

Ҷавон мегўяд: На валлоҳ, ҳеҷ кас чунин амалеро барои духтараш намеписандад, фидоят шавам!

Паёмбар (с) мепурсад: «Дўст дорӣ касе бо хохари ту зино кунад?!».

Ҷавон мегўяд: На валлоҳ, ҳеҷ кас моил нест, фидоят шавам!

Паёмбар (с) мегўяд: «Дўст дорӣ касе бо аммаат зино кунад?!».

Ҷавон мегўяд: На валлоҳ, ҳеҷ кас дўст надорад, фидоят шавам!

Паёмбар (с) мегўяд: «Дўст дорӣ касе бо холаат зино кунад?!».

Ҷавон мегўяд: На валлоҳ, ҳеҷ кас моил нест, фидоят шавам!

Дар ин ҷо буд, ки Паёмбари Худо (с) дасти мубораки худро бар сари он ҷавон ниҳод ва аз Худованди Мутаол барои ў омурзиш хост ва покдомании ўро аз Худо масъалат намуд. Бо ин бархўрди отифӣ ва омўзандаи Паёмбари Худо (с) ҷавон ислоҳ шуд ва он васваса аз дилу зеҳни ў пок шуд.[2]

[1] Ниг: Ҳадиси 78.

[2] Ниг: Ҳадиси 82.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.