Нармафзоре барои боҳуш кардани кудакон

69

f8c20d4e09527fcafb3937ce71bcd9e7_XL

Бар асоси мутолиъаи нави донишмандон дар Амрико истифода аз барномаҳои нармафзории телефони ҳамроҳ дар синфҳои то мактабӣ метавонад ба афзоиши маҳоратҳои саводомӯзӣ ва тақвияти омодагии кудакон барои мактаб кумак кунад.

Ба гузориши пойгоҳи иттилорасонии шабакаи Хабари Садо ва Симои Эрон, муҳаққиқони донишгоҳи Нию-Йорк дарёфтаанд истифодаи дуруст аз як нармафзори таҳсилӣ метавонад манбаъи ангеза ва таъаҳуди кудакон дар солҳои ибтидоии умрашон бошад.

Сюзан Навимон-нависандаи ин таҳқиқ гуфт: Ҳадафи таҳқиқоти мо озмудани ин мавзуъ буд, ки оё як барномаи нармафзории ангезабахш метавонад ёдгирии кудаконро суръат бахшад ё хайр?

Муҳаққиқон короии як барномаи нармафзории таҳсилӣ ба номи Lear- with Homer-ро руйи маҳоратҳои омодагии мактабии кудакони хурдсол озмуданд.

Ин барномаи нармафзории Айпед Аппел кудаконро дар барномаи низомманд ворид мекунад ва садои вожагонро бо хондани китоби бадеӣ таркиб мекунад.

Ин пажуҳиш дар 10 синфи  дорои 148 нафар кудаки синни то мактабӣ анҷом шуд. Муҳаққиқон бо истифода аз чандин озмоиши саводомузии аввалия тағйирот дар огоҳии савтшиносӣ бар асари  истифода аз   Lear- with Homer-ро дар муқоиса бо гуруҳи контрол мушоҳида карданд, ки  нармафзори наве истифода мекард.

Огоҳии савтшиносӣ тавоноии шиносоии садоҳое аст, ки вожагонро месозанд ва шохиси муҳимме барои тавоноии хондан дар давраҳои  баъдӣ аст.

Муҳақиқон дарёфтанд рушди қобили андозагирӣ дар огоҳии савтшиносӣ ва дарки иртибот байни сухан ва ҳуруфи чопшуда барои гуруҳе, ки аз нармафзори   Lear- with Homer                 истифода мекард дар муқоиса бо гуруҳи контрол мушоҳида мешавад.

Ҷузъиёти ин ёфтаҳо дар нишасти солонаи иттиҳодияи таҳқиқоти таҳсилии Амрико дар Чикаго ироа шуда аст.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.