Анфол ва чистии он

78
  • Заминҳое, ки бидуни ҷанг ба дасти муслимин расидааст, чӣ соҳибони онҳо аз он заминҳо бираванд ва ё нараванд.
  • Заминҳои мурда, чӣ дар заминҳое аз навъи боло бошанд ва ё заминҳое, ки бо ҷанг ба дасти муслимин расида бошад. Дар бораи заминҳое, ки бо ҷанг ба даст ояд гуфта шуд, ки Анфол нест, балки ғанимат ва байни ҳозирон тақсим мегардад, аммо агар ин навъ заминҳо мавот (мурда шуда) бошанд ҳукмашон чист? Оё ба Анфол мулҳақ мегарданд ва ё ҳамчунон дар милкият ва ихтиёри мусалмонон хоҳад буд?.
  • Заминҳое, ки канори Баҳр, Дарё, балки ҳар замине, ки соҳиби маълум ва мушаххас надорад (мисли кӯҳистон, дарё, ва бешазорҳо).
  • Кӯҳистон ва он чӣ дар онҳо рӯида аст, аз дарахту гӯлу гиёҳ, то сангӯ хок ва оби он ва он чӣ дар дили кӯҳ ва маодин аст.
  • Он чӣ аз шикасти подҳошон ва ҳокимон ба дасти муслимин ворид мегардад[1].
  • Он чӣ дар ҷангҳо ба дасти муслимин мерасад ва баҳои зиёд ва чузъи сарватҳо шуморида мешаванд. Ин гуна ғаниматҳо агар ба як нафар дода шаванд дигаронро норозӣ мекунад, ба ин ва дигар сабабҳо ғаниматҳои қиматбаҳо ҷузъи Анфол ва дар ихтиёри Имом ва ҳокими Ислом қарор мегиранд.
  • Ирс ва моли касе, ки аз дунё рафтааст ва ворис ва соҳибе надорад. Ин гуна амвол, чӣ кам бошанд ва чӣ зиёд, дар ихтиёри ҳокими Ислом хоҳад буд.
  • Маодин ва конҳое, ки дар кӯҳ ва зери заминҳо вуҷуд дорад.

Бо равшан шудани матолиби боло, маълум мегардад, ки масъалаи ҳукумат ва вилоят наметавонад дар як замони хос рӯи ин мавридҳо ҷорӣ ва дар замони дигар ҷорӣ нагардад, балки дар тамоми замонҳо ин масъала бояд таваҷҷӯҳ ва ҷорӣ бошад.

Оё аз хабаре, ки мегӯяд; ҳар кас заминеро эҳё кард, пас соҳибаш мешавад[2]  метавон фахмид, ки Анфол (заминҳое, ки ба сабабҳое, ки гуфта шуда буд, дар ихтиёри ҳокими Ислом ҳастанд)– ҳам метавонанд ба шахсе, ки онҳоро эҳё кунад тааллуқ гирад?

Ба назари мо саҳеҳ нест. Чун аввалан мумкин аст, ин навъ ахбор (ҳадиси гуфта шуда) аз Расули Аъзам(с) ба замони ғайбати маъсум назар дошта бошад. Дуюман калимаи *пас он аз ӯ аст (فهیه له) фақат ихтисос ва авлавиятро мефаҳмонад, ки дар баъзе аз ҳадисҳо хароҷ (ҳаққи ҳукумат) ҳам барои он таъйин гаштааст, дар ҳоле, ки хароҷ дар моликияти шахсӣ саҳеҳ нест[3]. Сеюман мумкин аст, ин иҷоза ба суфориш ва изни Паёбари Аъзам(салому дурӯди Худо бар Ӯ бод) анҷом шуда ва ҳеҷ гуна моликияте ҷорӣ нашудааст, балки иҷозаи тасаррӯф дода шудааст.

Дар китоби Ислом ва Моликият файъро ҷудои аз Анфол зикр мекунад[4]. Ин тақсим саҳеҳ нест, балки Файъ ҷузъе аз Анфол аст. Дар Қуръони Карим дар бораи Файъ мегӯяд: он чиро Худои мутаол аз аҳли ин ободиҳо ба расулаш баргардонад, аз Худо ва Расул ва хешовандони Ӯ ва ятимону мустамандон ва дар роҳ мондагон хоҳанд буд, то сармоядорон онро байни худ нагардонанд (бо ҷамъ шудани сарват дар як макон, мумкин аст гуруҳе аз он истифодат шахсӣ намоянд)! Он чӣ Расули Худо барои шумо овардааст қабул кунед ва аз он чӣ манъ мекунад дурӣ намоед. Аз мухолифат бо Худо парҳез кунед, ки азобаш сахт аст[5].

[1] Албатта агар маълум шавад, он ҳокими кофир, он молҳоро аз дигарон ғасб ва бо зур гирифтааст, бояд ба соҳибонашон дода шаванд.

[2] من أحیا أرضاً مواتاً فَهیَ لَهُ

[3] Хароҷ ба пуле гуфта мешавад, ки инсон бояд дар баробари истифода аз он, ба ҳукумат саҳме аз суд бидиҳад ва ин дар замин ва чизҳое, ки шахсӣ аст ҷорӣ намегардад. Пас агар он хароҷ дорад, маълум мегардад шахсӣ нашудааст.

[4] Ислом ва моликият с.158-160

[5] مَّا أَفَاء اللَّهُ عَلَى رَسُولِهِ مِنْ أَهْلِ الْقُرَى فَلِلَّهِ وَلِلرَّسُولِ وَلِذِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينِ وَابْنِ السَّبِيلِ كَيْ لَا يَكُونَ دُولَةً بَيْنَ الْأَغْنِيَاء مِنكُمْ وَمَا آتَاكُمُ الرَّسُولُ فَخُذُوهُ وَمَا نَهَاكُمْ عَنْهُ فَانتَهُوا وَاتَّقُوا اللَّهَ إِنَّ اللَّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.