Сангдилӣ

49

Далели Сангдилӣ чист? 5 роҳкори Қуръонӣ барои дармони сангдилӣ

Далели сангдилӣ

Далели қасовати қалб, маънои «қасовати қалб» ва роҳи дармони он чист? Оё беэҳсос ва беотифа будан нишонае аз қасовати қалб аст?

«Қасовати қалб», гоҳе дар робитаи байн инсон ва Худо мушоҳида мешавад, ки дар ин сурат, инсоне, ки мутакаббир аст, қалбаш монанди санг шуда ва қалби «инсони сангдил» бо ёди Худо нарм ва ором намешавад, ва гоҳе ин қасоват дар равобити иҷтимоии миёни инсонҳо ба вуҷуд меояд, ки онҳо нисбат ба гирифториҳое, ки барои дигарон пеш меояд, эҳсоси ҳамдардӣ намекунанд ва шояд ба навъе сифати бераҳмӣ ва дарандахуӣ дар онҳо ба вуҷуд омадааст.

Баъзе аз муҳиммтарин сабабҳои ба вуҷуд оварандаи сангдилӣ иборатанд аз: Дӯрӣ аз ёди Худо, гуноҳ, орзӯҳои дароз, сарватандӯзӣ, зинат додани аъмол ба василаи шайтон, ва пургӯӣ.

Баъзе аз роҳкорҳои мубориза бо ин сифати бад, ба ёди Худо будан, пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ, ятим навозӣ, тиловати Қуръон, талаби ёрӣ аз Худованд мебошад, ки бо лутфу раҳмати Худо умедворем, ки қалби инсонҳо нарм ва пок шавад.

Авомили ба вуҷуд оваранда ва далели қасовати қалб

Бар асоси оёту ривоёт, авомили мухталифе дар сангдилии инсонҳо нақш доранд. Дар ин мақола ба чанд маврид ишора мешавад:

1) Гуноҳ: «Чашмҳо хушк намешванд, магар дар асари сангдилӣ, ва дилҳо ҳам сахт намешаванд, магар дар асари гуноҳони зиёд».

2) Орзуҳои дароз: Эй Мӯсо орзуҳоятро дар дунё дароз макун, ки қалбат сахт мешавад, ва сангдилон аз ман дӯранд.

3) Зебо нишон додан гуноҳон: «Чаро ҳангоме, ки кайфари мо ба онҳо наздик шуд, нола ва зорӣ накарданд?! балки онҳо сангдил шуда ва шайтон, ҳар кори зиштеро, ки онҳо мекрданд, дар назарашон хуб ҷилва дод».

Бар асоси ин ояти Қуръон, қасовати қалб, бар асари рафторҳои зиште ба вуҷуд меояд, ки шайтон онро ороста ва зебо ҷилва додааст.

Аз инру аст, ки вақте ҳатто бало ва мусибат бар сари ин афрод фуруд меояд, ба ҷои онки аз Худованд ёрӣ ҷуянд ва ба даргоҳаш тазарруъ кунанд то он гирифторӣ ва мушкил бардошта шавад, натанҳо ин корро намекунанд, балки ба ҳамон корҳои зишти худ идома медиҳанд ва ингуна аст, ки ба сабаби қасовати қалб гирифтори хашми илоҳӣ мешаванд.

4) Дӯрӣ аз ёди Худо: Худованд ба Мӯсо (ъ) фармуд: эй Мӯсо, …дар ҳар вазъияте, ки ҳастӣ аз ёди ман ғофил машав …, ки ғофил шудан аз ёди ман, инсонҳоро сангдил мекунад.

5) Ҷамоварии моли зиёд: Дар васияти ҳазрати Алӣ(а) ба фарзандаш имом Ҳасан(а) омадааст: Ва бидонед, ки сарвати зиёд метавонад дини инсонро нобуд карда ва инсонҳоро сангдил кунад.

Зиёдаравӣ дар ҷамъ кардани пулу мол аз онҷо сабаби қасовати қалб мешавад, ки инсонро ба исроф ва фахрфурушӣ кашонда ва заминасози бисёре аз гуноҳон мешавад.

6) Имом Содиқ(а) аз ҳазрати Исои Масеҳ(а) нақл мекунад, ки фармудааст: Ғайр аз зикри Худо, зиёда сухан магӯед; Зеро ононе, ки дар ғайри зикри Худо, зиёд сухан мегӯяанд, бе онки бидонанд дучори сангдилӣ шудаанд.

Далели қасовати қалб ва роҳкорҳои дармони он

Бояд гуфт, ки ба даст овардани руҳия ва рафтори меҳрубонона ва раҳмдилӣ, барои ононе, ки сангдилӣ дар вуҷудашон ҷой кардааст, бисёр душвор аст, аммо дар айни ҳол маҳол набуда ва набояд аз раҳмату лутфи илоҳӣ ноумед шуд. Бинобарин дар қадами аввал, пешгирӣ аз сангдилӣ осонтар аз дармони он аст, аммо дар марҳалаи баъд роҳкорҳое барои дармони ин бемории рӯҳӣ равонӣ, дар оёту ривояёт омадааст, ки ба баъзе аз онҳо ишора мешавад:

1) Ёди Худо: Аввалин ва муҳимтарин роҳи раҳоӣ аз сангдилӣ ба ёди Худо будан аст. Қуръони Карим дар ин замина мефрмояд: Худованд беҳтарин суханро нозил карда …, ки аз шунидани оёташ ларза бар андоми касоне меафтад, ки аз парвардигорашон дар ҳаросанд, сипас зоҳир ва ботинашон ба самти зикру ёди Худо нарм ва латиф мешавад.

Имом Боқир(а) ба яке аз ёронаш тавсия мекунад: Аз бисёр ёд кардани Худо дар хилватҳо кумак гирифта ва дилатро нарм кун.

2) Пайравӣ аз паёмбарони илоҳӣ: … Исо фарзанди Марямро фиристода ва ба ӯ Инҷил ҳадия карда ва дар дили пайравонаш, дилсузӣ ва раҳмат қарор додем.

3) Ятимнавозӣ: Имом Боқир(а) аз Паёмбари Худо(с) нақл мекунад: Ҳар кас нигарони сангдилии хеш аст, назди ятиме рафта ва ба ӯ меҳрубонӣ кунад ва дасти навозиш бар сараш бикашад то дилаш ба изни Худо нарм шавад.

4) Тиловати Қуръон: Дар ривоят омадааст: Қуръонро зебо тиловат кунед, ки судмандтарин достонҳо дар он аст ва бо Қуръон шифо гиред, ки шифои дилҳо дар ӯ аст.

5) Кумак аз лутфу раҳмати Худо: Ба (баракат)-и раҳмати илоҳӣ, дар баробари мардум, нарм (ва меҳрубон) шудӣ!

6) Тазаррӯъ ба даргоҳи илоҳӣ: Чунончи дар банди севвуми авомили қасовати қалб баён шуд, ояти 43-и сураи Анъом нола ва зорӣ накарданро нишоне аз сангдилӣ медонад; Аз инру дар тарафи муқобил метавон гуфт, ки тазаррӯъ дар баробари Худо дилҳоро нарм мекунад.

Далели қасовати қалб дар суханони имомон

Дар поён, таваҷҷуҳи шуморо ба тавсияе аз паёмбари Ислом(с) хитоб ба Имом Алӣ(а) ҷалб мекунем:

«یا علیُّ، خَمْسَهٌ تَجلُو القَلْبَ و تَذْهبُ بالقَساوَهِ: مجالَسَهُ العالِمِ، و مَسحُ رَأسِ الیتیم، و کَثرهُ الاستِغْفارِ بالأسحارِ، و ترکُ السَمَر باللَّیلِ، و الصَّومُ بِالنهارِ»

Панҷ чиз қалбро сайқал дода ва сангдилиро аз байн мебарад: Ҳамнишинӣ бо донишмандон, даст кашидан бар сари ятим, бисёр талаби омурзиш кардан дар саҳаргоҳон, шабзиндадорӣ, ва рӯза гирифтан.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.