Таваккул

75

Ҳаргоҳ тасмим гирифтӣ, бар Худованд таваккул намо.[1]

Паёмбар (с): Ҳар ки бар Худо таваккул кунад, Худо ҳазинаашро бар ўҳда мегирад ва аз ҷое, ки гумон намебарад, ўро рўзӣ медиҳад.

Имом Алӣ (а): Ўст зоте, ки… ҳар ки бар ў таваккул кунад, барояш кофӣ аст ва ҳар ки аз ў дархост кунад, ба вай мебахшад.

Имом Ҷавод (а): Эътимод ба Худованд, баҳои ҳар гаронқиматӣ ва нардбони баландмартабагӣ аст.

Канз-ул-фавоид-аз ҷумла пандҳои Луқмон ба фарзандаш-: Фарзандам! Ба Худои азза ва ҷалла эътимод кун. Онгоҳ аз мардум бипурс. Оё касе ба Худо эътимод кардааст, ки Худо ўро наҷот надода бошад? Фарзандам! Бар Худо таваккул кун. Онгоҳ аз мардум бипурс. Кист, ки бар Худо таваккул карда бошад ва Худо барояш кофӣ набудааст?

[1] Сураи Оли Имрон, ояти 159.

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.