Дар муқобили афроде, ки ғайбат мекунанд, чи кунем?

51

Ҳаргоҳ касе дар набуди дигаре сухане нисбат ба ӯ бигӯяд, ки урфан ва дар назди мардум нақсу айб ба ҳисоб меояд ва қасди вай аз ин кор сарзаниши ва ё ошкор кардани нақси ӯ бошад, дучори амали ғайбат шудааст.

Ба ҳамин хотир ҳатто матолибе, ки саҳеҳ ҳастанд низ набояд гуфта шавад. (агар матолибе, ки гуфта мешаванд, ғайри воқеӣ бошад, тӯҳмат номида мешавад (бинобарин ғайбат нисбат ба муъминон, ки бародари динии мо ба ҳисоб меоянд, мамнуъ буда ва гуноҳи кабира шумурда мешавад. Ва танҳо дар ҷойҳое, ғайбат ҷоиз аст, ки шахси ғайбатшаванда ошкоро гуноҳ кунад ва мардум аз гуноҳи ӯ огоҳ шуда ва бо ин кор ҳурмати худро аз байн бурда бошад.

Ҳамеша ин нуктаро ба хотир дошт, ки ғайбат, ба монанди даридани гӯшти бародари мурдаи хеш аст:

“Ҳеҷ як аз шумо дигареро ғайбат накунад, оё касе аз шумо дӯст дорад, ки гӯшти бародари мурдаи худро бихӯрад?! (ба яқин) ҳамаи шумо аз ин амр кароҳат доред.”[1]

Бо таваҷҷуҳ ба матолибе, ки баён шуд, равшан мешавад, ки ғайбат барои ҳифзи ҳурмат ва обрӯи ашхос, ҳаром шудааст. Ва аз ҳамин рӯ, мо бояд нисбат ба суханоне, ки дигарон мегуянд ва ғайбат ба ҳисоб меоянд низ ҳассос бошем. Мо набояд иҷоза диҳемӯ, ки касе бо ғайбат кардан дар назди мо обруи бародари муъмини моро бибарад ва мо хомуш бимонем. Зеро бо шунидани ғайбати дигарон ва хомуш мондан, низ мо аз ғайбатчиён ба ҳисоб меоем.

Дар робита бо ин гуна афрод агар шароити амри ба маъруф ва наҳи аз мункар фароҳам бошад, дар ин сурат бояд онҳоро амри ба маъруф ва наҳи аз мункар кард.

Яъне дар оғоз бояд бо сухани шоиста ва дилсӯзона ва нарм онҳоро иршоду раҳнамоӣ намояд ва дар сурате, ки таъсир надошт робитаашро бо онҳо кам кунад ва ба онҳо камтаваҷҷуҳӣ намояд шояд ин гуна рафтори сард онҳоро аз кори бадашон огоҳ созад ва даст аз корҳои зишти худ бардоранд. Дар сурате, ки ин корҳо муфид ва таъсир надошт робитаи худро бо онҳо қатъ кунед ва ё ба ҳадди ақал бирасонед ба тавре, ки иртиботи расмӣ ва пайгир бо онҳо надошта бошед ва хеле кам бо онҳо рубарӯ шавед. Дар ривоятҳои зиёд, муъминонро аз рафтуомад бо ин афрод бисёр манъ мекунанд, зеро рафтуомад бо ингуна инсонҳо сабаб мешавад ки сифатҳои бади онҳо дар инсон таъсир бигузорад.

Албатта ин қатъи робита, хешу табору наздикони инсонро дарбар намегирад чун қатъи робита бо хешутабор ҳаром аст ва дар чунин шароит танҳо бояд робитаро кам кард ва маҷлиси нишасту бархост бо онҳоро ба камтарин замон расонид ва саъй кард дар ин маҷолис хилофе аз онҳо сар назанад ва ба миқдоре, ки силаи раҳм (иртибот бо хешу табор) анҷом гирад баргузор шавад ва агар хилофе дар ин маҷолис сар зад ва инсон тавоноии тағйири шароит ва вазъиятро надошт, маҷлисро бояд тарк кард ва қатъ робита шомили касоне, ки гоҳ-гоҳ дучори дурӯғгӯӣ ва ғайбат мешаванд намешавад чун ин гуна хилофҳо гоҳе аз ҳама сар мезанад ва агар қарор бар қатъи робита дар ин маворид бошад ҳеҷ робитае байни дӯстону хешон ва аҳли иҷтимоъ боқӣ намемонад ва иҷтимоъ дучори парокандагӣ ва ихтилол мегардад ва бадбинӣ ва бадгумони дар ҷомеа зиёд мешавад. Ҳамчунин бояд таваҷҷуҳ кард, ки ёдоварӣ ва насиҳати пай дар пай боиси лаҷоҷат ва сарсахтии фард мегардад ва вазъ аз аввал низ бадтар мегардад ва ин боиси дӯрӣ аз ҳадаф ва мақсад мешавад.

[1] . Сураи Ҳуҷурот, ояти.12

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.