Доруи тазминие, ки мурданро зебо мекунад(2)

93

Инфоқ ва садақа додан замон дорад

Баъзе доруҳо мисли воксан барои пешгирӣ аст. Садақа дафъи бало мекунад, вале бояд масрафаш ба вақт бошад; Баъзе доруҳоро бояд ношто (бо шиками холи) хӯрд. Баъзе доруҳоро бояд баъд аз ғизо хӯрд. Баъзе доруҳоро бояд ҳар чаҳор соат якбор хӯрд. Барои садақа ҳам суфориш шуда, ки шаби ҷумъа бидиҳед. Дар рӯзи ҷумъа, дар рӯзи чаҳоршанбе, ҳангоми сафар, садақа соати хоссе дорад. Ҳар доруе асар надорад. Гоҳе дору мехӯрӣ ва фоида надорад.

Аз моли ҳалолҳо инфоқ кунем

Ҳадис дорем агар мол ҳалол набошад садақа бидиҳӣ, асар надорад. Баъзеҳо садақа медиҳанд ва кумак ба фуқаро мекунанд аммо асли даромадашон фиребу дуздӣ аст; Аз ғизои ҳалол бояд садақа дода шавад. Гоҳе дида мешавад фарде камфурӯшӣ мекунад ва баъд ҳам садақа медиҳад; « Эй мӯъминон! Аз қисматҳои покизаи он чӣ ба даст овардаед ва аз он чӣ аз замин бароятон баровардаем, инфоқ кунед‏»(Бақара, ояти.267) Қуръон мегӯяд: Моли ҳалол бидиҳед. «Худо фақат аз парҳезгорон мепазирад.‏» (Моида,27)

Авлавиятҳоро дар назар бигирем

Агар шумо ба бегона садақа бидиҳӣ, ҳол онки дар хешутабори худат мӯҳтоҷ ҳаст, садақаи шумо арзише надорад; Алӣ (алайҳиссалом) ба нақл аз Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) ‏фармуд: «Шурӯъ кун аз касе, ки махориҷи эшонро таъмин мекунӣ; Модарат, падарат, хоҳарат, бародарат. Сипас ҳар, ки наздиктар аст ва садақа пазируфта нест дар ҳоле, ки яке аз бастагон, фақир ва мӯҳтоҷ бошад.» (Алихтисос, с 219)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.