Инсон бо чанд тор мӯй ба ҷаҳаннам намеравад!

65

Инки вазъияти ҳиҷоб дар ҷомеа ба ин сурат даромадааст ва рӯз ба рӯз бадтар мешавад, ба ин далел аст, ки масъалаи ҳиҷоб ба дурустӣ аз ҳамон аввал ба фарзандон таълим дода нашудааст ва ба онҳо гуфта нашудааст, ки агар ҳиҷобро ҳифз кунӣ, ҳиҷоб туро ҳифз мекунад.

Имрӯзҳо афроде ҳастанд, ки барои бадҳиҷобии худ далелҳо ва баҳонаҳое меоваранд то мухолифони худро дар ин бора қаноатманд кунанд.

 Ҷаҳаннам бо як тор мӯй шурӯъ мешавад

Чаро бояд духтаре бигӯяд, инсон, ки бо чанд тор мӯй ба ҷаҳаннам намеравад!, дуруст аст шояд инсон бо чанд тор ба ҷаҳаннам наравад вале ҷаҳаннам бо як тори мӯй шурӯъ мешавад. Як чӯб гугирд як ҷанглро ба оташ намекашад вале ба оташ кашида шудани як ҷангл бо як чӯб гугирд шурӯъ мешавад.

Аз ин азизон бояд пурсид пас мушкили шумо чанд тори мӯ аст? Мисли инки бигӯем чароғи сурхро гузаштан мамнуъ аст, баъд касе бигӯяд фақат чархам гузашт. Оё ин пазируфтааст? Ин ҳарфи авомона аст чун вақте барои чизе ҳадде қарор медиҳанд, бештар аз он эрод дорад. Шак нест, ки вақте гуноҳони ҷинсӣ дар иҷтимоъ зиёд шавад, оила, ки аз муҳимтарин пояҳои ҷомеа аст, мутазалзил мешавад. Вақте Худованди ҳаким ҳукмеро қарор медиҳад ҳатман ҳакимона аст ва барои маслиҳате онро қарор додааст.

Дилат пок бошад, кофӣ аст!

Чаро духтаре мегӯяд инсон бояд дилаш пок бошад?! Магар мешавад дили инсон пок бошад вале аъмолаш пок набошад; Ёдамон бошад он касе, ки ту ва манро халқ кардааст, агар фақат дили пок кофӣ буд, фақат мегуфт: «Имон биёред» инки канори «имон» гуфтааст: «Амали солеҳ анҷом диҳед» яъне ҳам дилат пок бошад, ҳам кору амалат.

Ман покам, мардон худашонро ҳифз кунанд!

Духтаре мегӯяд, ман, ки покам дигарон худашонро ҳифз кунанд! бояд ба ӯ гуфт, дуруст аст, ки ту поки вале дигарон бо рафтори ту нопок мешаванд ва меганданд ва гандидани онҳо домани туро ҳам мегирад.

Бале дуруст аст, ки мардон бояд бо тамоми тавони худ нигоҳи худро ҳифз кунанд ҳамонтавр, ки дар Қуръон (сураи Нур оёти 30 ва 31) ибтидо фармон ғази басар (пушондани чашм)-ро ба мардон медиҳад аммо баъд аз он аз фарз будани ҳиҷоб барои бонувон сухан мегуяд ва ин нишондиҳандаи он аст, ки ҳатто агар занон ба вазифаи худ яъне ҳиҷоб амал накарданд вазифаи кантроли нигоҳ аз мардон соқит намешавад аммо набояд фаромӯш кард, ки ин (кантроли нигоҳ тавассути мардон) лозим аст аммо кофӣ нест балки ҳиҷоби бонувон низ ниёз аст то ҳам мард ва ҳам ҷомеаро аз хатароти эҳтимолии оянда наҷот диҳад ба илова мардон дар ин сурат қодир ба кантроли нигоҳ нахоҳанд буд шумо метавонед имтиҳон кунед чанд рӯзро ба таври имтиҳонӣ дар ҷомеа ҳузур пайдо кунед ва саъй кунед дар айни анҷоми тамом корҳои худ нигоҳатон ба ҳеҷ хонуме наафтад!

Пӯшиш як масъалаи шахсӣ аст!!

Мумкин аст баъзе бигӯянд, ки пӯшиши ҳар нафар як масъалаи шахсӣ аст ва касе наметавонад касеро дар ин замина маҳдуд кунад.

Бояд гуфт, ки пӯшиш натанҳо ба худи фард, ки ба тамоми ҷомеа марбут мешавад, дуруст монанди ин аст, ки шахсе дар киштӣ машғули сӯрох кардани киштӣ шавад ба баҳонаи ин, ки ҷойи худи ӯст! дар ҳоле, ки ин тамоми киштӣ аст, ки ғарқ мешавад (ин мисоле аст, ки Паёмбари гиромии Ислом барои тавзеҳи нақши ҳар фард дар ҷомеа аз ан истифода кардааст) Дар мавриди беҳиҷобӣ ҳам шахсе, ки пушиши бад дорад ба афроди дигар зарар мерасонад ва покдомнии онҳоро ба хатар меандозад ё ҳадди ақал сабаби эҷоди фишорҳои рӯҳӣ ва озори мардон мешавад ва ё мисли касе аст, ки гази заҳролуд пахш мекунад ва аз мардум мехоҳад, ки агар аз ин мавзӯъ нороҳатанд нафас накашанд!

Аз назари ақлӣ ва ҳуқуқи башарӣ ҳам, ки бинигарем фаҳмида мешавад, ки беҳиҷобӣ дар воқеъ таҷовуз ба ҳуқуқи дигарон аст дигаре, ки – ҳатто ҷудои аз масоили мазҳабӣ ва пок будан – мехоҳанд бо оромиш зиндагӣ кунанд ва намехоҳанд мудом дар ҳоли саркӯби ғаризаи худ бошанд.

Ин гуна пӯшиш, махсуси ҷоҳилият аст!

Дар шаъни нузули ояи 31 сураи Нур дар ривояти ҳазрати имом Боқир (алайҳиссалом) омадааст: Яке аз ҷавонони Мадина бо яке аз занони Мадина рӯ ба рӯ шуд. Дар он замон занон румоли худро ба пушти гардан меандохтанд. Вақте, ки он зан аз канори ин ҷавон гузашт, ба он зан хира шуд ва аз пушти сар ба ӯ нигоҳ мекард. Ин ҷавон дар пайи ӯ роҳ афтод ва дохили кӯчае шуд ва дар ҳоли роҳ рафтан, устухон ё чизе, ки аз девор баромада буд, ба ӯ исобат кард ва захми шуд. Ў пеши худ гуфт: бояд хидмати Паёмбари Ислом (с) бирасам ва достонро барои ӯ бигӯям. Он ҷавон назди Паёмбар(с) омад ва Паёмбар фармуд: Чӣ шудааст?! дар ин ҳол ҷабраил нозил шуд ва ин оятро барои Паёмбар овард. (Тафсири Намуна, ҷ 14, саҳ. 435)

Аз ин оят ва ҳадис, вазуи пӯшиши занони араби ҷоҳилӣ ба даст меояд. Занони ҷоҳилӣ, пироҳане мепӯшиданд, ки пешаш боз мемонд, румоли онҳо танҳо сарро мепӯшонид ва идомаи румол аз пушти гӯшҳо ба пушти гардан андохта мешуд ва дар натиҷа гоҳе баъзе зинатҳои онҳо дида мешуд. Ояти нозил шуд ва дастур дод, ки румоли худро тавре бипушанд, ки гӯш, гардан, сина ва зинатҳои онҳо дида нашаванд. Мусулмонон пас аз нузули оят, ба он амал карданд. (Масъалаи ҳиҷоб, чопи 52, 1379, саҳ. 139, тафсири Намуна, ҷ 14, саҳ 440)

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.