Амон аз баъзе розгӯи‎ҳо

172

Барои масъалае пурра бо ҳам баҳсу ҷадаламон шуд … суханаш мантиқӣ набуд ва намехост ҳарфи ҳақро қабул кунад. Ба ман гуфт дигар исми маро наёр ва ӯ ҳам назди ман беқадр шуд… Баъд аз муддате дар ҷамъи дӯстони муштараке, ки доштем ҳозир шудам, ӯ наомада буд. Асли достон ва ҷое, ки ман хеле хеле нороҳат шудам ин ҷо аст, ки баъзе аз ҳарфҳое, ки ба унвони як роз гуфта будамро аз даҳони дӯстон мешунидам. Баъдҳо фаҳмидам, ки ба хотири нороҳатӣ, ки байни мо пеш омада ҳамаи розҳои манро ба дигарон гуфта буд.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъ бад нест дар бораи роздорӣ аз нигоҳи оёт ва ривоёт бо ҳам гузаре дошта бошем.

Роз ба маънои сирр, ончи бояд дар дил нуҳуфта бошад ва чизе, ки бояд пинҳон бимонад ё ба ашхоси махсусе гуфта шавад, аст. Ҳифзи асрорро бояд аз Худо омӯхт. Худованд бештар ва пештар аз ҳар кас, аз аъмол, ҳолот, рафтор, айбҳо ва гуноҳони бандагонаш бохабар аст, аммо ҳилм, бурдборӣ, пардапушӣ ва роздории ӯ бештар аз ҳама аст.

Худованди мутаол дар ояти 26-и сураи Ҷин дар робита бо роздорӣ фармудааст: «Донои ниҳон аст ва касеро бар ғайби худ огоҳ наме‏кунад» Худованди мутаол, аз ҳамаи асрор бохабар аст ва аз тамоми иттифоқот, огоҳ; Аммо бо ин вуҷуд, ҳеҷкас аз асрори ғайби ӯ огоҳ нест. Худованди мутаол худ, розҳои бандагонашро мепушоанад ва ба ҳамин далел бар роздорӣ таъкид дорад.

Дар ояти 74-и сураи Тавба дар ин робита омадааст: «Ба Худо савганд ме‏хуранд, ки [сухани нораво] нагуфта‏анд дар ҳоле ки қатъан сухани куфр гуфта ва пас аз Ислом оварданашон куфр варзидҳаанд ва бар ончи муваффақ ба анҷоми он нашудаанд ҳиммат гумоштаанд ва ба айбҷӯӣ барнахостанд магар [баъд аз] онки Худо ва паёмбараш аз фазли худ ононро бениёз гардониданд пас агар тавба кунанд барои онон беҳтар аст ва агар рӯй бартобанд Худо ононро дар дунё ва охират азоби дарднок мекунад ва дар рӯйи замин ёр ва ёваре нахоҳанд дошт». Дар ояти 5-и сураи Юсуф низ дар робита бо роздорӣ омадааст: «[Яъқуб] гуфт эй писараки ман хобатро барои бародаронат‏ ҳикоят макун, ки барои ту найранге меандешанд зеро шайтон барои одамӣ душмани ошкор аст».

Авомили ифшои роз

Бархе авомил, ки ба ифшои розҳо меонҷоманд, иборатанд аз пурҳарфӣ, уқдаи ҳақорат, дӯстӣ ва рафоқат, эҳсосотӣ шудан ва асабоният ҳастанд, инсоҳои пурҳарф, барои баровардани майли сухангӯӣ, аз ҳар даре сухан ба миён меоваранд ва ёфтаҳои хешро ба дигарон интиқол медиҳанд. Чунин коре сабаби пардабардоштан аз асрори одамӣ мешавад.

Шахси донои асрор бояд таваҷҷуҳ дошта бошад, ки марзи дӯстӣ ва рафоқатро аз ҳарими асрори пинҳони хеш ҷудо кунад ва натанҳо асрори худ, балки асрори шахсии дигаронро низ дар ихтиёри дӯстонаш қарор надиҳад чунонки имом Содиқ(а) дар ин робита ме‎фармоянд: «Дӯстатро бар он миқдор аз асрорат огоҳ соз, ки агар душманат ҳам онро бидонад, ба ту зиёна нарасоанад. Шояд дӯст низ рӯзе душмани ту шавад».

Яке дигар аз авомили ифшои асрор, сабр накардан бар бадиҳост. Бисёр иттифоқ меафтад, ки фард ё афроде бар асари нороҳатӣ аз шахсе ва сипас эҳсосотӣ шудан, асрореро фош месозанд, вале пас аз он, дучори пушаймонӣ мешаванд. Бар ин асос, онҳо, ки бозичаи эҳсосот намешванд ва бар хашми хеш мусаллат ҳастанд, бар ҳифзи асрори худ ва дигарон тавонотаранд.

Сухане бо падарону модарон

То метавонем роздор бошем, роздори ҳарфи фарзандони худ бошем. Бо рафторамон иҷоза диҳем, ки фарзандони мо асрор ва розҳояшонро бо мо дар миён бигузоранд. Бо навъи рафторамон тавре набошем, ки корҳои ғалат ва аъмоли шайтоние, ки ғарибагон ба фарзандони мо мегӯянд ва мехоҳанд, ки онҳо роздори ин амалкарди шайтонӣ бошанд …

Агар ин қазияи шайтонӣ сиреро бихоҳад роздорӣ кунад ва бо каси мӯътамид (боваринок) мисли падар ва модар рафиқ набошад, ки бихоҳад бигӯяд он вақт аст, ки бояд гуфт вой бар ин роздориҳо ва розгӯиҳо …

Манобеъ:

Роздорӣ аз нигоҳи Қуръон, заъфи нафс; омиле дар ифшои розҳо.

Баёноти устоди тафсир, устод Абулфазли Баҳромпур

You might also like

Leave A Reply

Your email address will not be published.